Риёзидони камназир. 85 сол пеш дар ин рӯз профессор Темур Собиров ба дунё омада буд
Дар бораи шахсияти нотакрор, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Темур Собиров имрӯзиён, вазеҳтараш насли ҷавон ками дар кам маълумот доранд. Мавсуфро аслан дар доираи донандагони фанҳои дақиқ хуб мешиносанду халос чун фаъолияти меҳнатии донишманд, аз соли 1964 то 1977 дар шаҳри Воронеж сипарӣ шудааст. Тӯли сенздаҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ соҳиби дараҷаи баланди илмӣ ва эҳтироми баланд гаштааст.
Чун ба зодрӯзи Темур Собиров дар моҳи апрели соли равон 85 сол пур мешавад, қарор додем то аз фарзанди барӯманди тоҷик ёд кунем. Дар аксари донишномаҳое, ки хондем аз як саҳифа беш маълумот ба назар нарасид. Ҳар он чизе, ки дарёфт шуд, нигоштем.
Темур Собиров (Собиров Темур Сафарович) 3-юми апрели соли 1940, деҳаи Сӯфиён, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон – 23- юми июни соли 1977, Воронеж – риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1975), профессор (1976).
Номбурда соли 1961 факултаи физика ва математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм карда, дар шуъбаи физика ва математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) ҳамчун ходими хурди илмӣ ба фаъолият мепардозад.
Солҳои 1964-1967 аспиранти Университети давлатии Воронеж, 1968-1975 муаллими калон, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи Институти давлатии педагогии Воронеж, 1975-1977 мудири ҳамин кафедра буд.
Ба қавли қомуснигорон Темур Собиров дар самти назарияи бифуркатсияи ҳолҳои даврӣ ва қариб даврии муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ корҳои шоён ба сомон расонда, барои ҳолати мураккаби таназзули дараҷаи баланди як қатор синфҳои муодилаҳои номрафта натиҷаи ниҳоӣ ба даст овард. Масъалаи давомнокии ҳалли қариб даврӣ (дар ҳоле, ки муодилаи мувофиқи хаттӣ дорои оператори регулярист) ба талоши ҳамаҷониба тасдиқ гардид…
Темур Собиров зиёда аз 60 мақолаи илмӣ чоп намудааст. Дар тарбияи олимони ҷавони Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст. Самтҳои илмии муайянкардаашро пайравону шогирдони ин олими фавқулода боистеъдоди тоҷик давом доданд.
Аз нигоштаҳо дар бораи профессор Темур Собиров, аз ҳама беҳинаш ин кори донишманди боҳавсала, фарди дарёдил Бекназар Имомназаров аст, ки бо номи “Ёдкарди Темур Собиров” (Душанбе, “Маориф”, 1990) ба нашр расидааст.
Дар рисолаи мазкур аз хусуси олиме сухан меравад, ки дар умри кӯтоҳ, вале бобаракаташ неруяшро баҳри инкишофи илми риёзӣ бедареғ масраф доштааст, омадааст дар шиносоии маҷмуа, ки ҳақ ба рост мебошад.
Ин маҷмуа аз ёдкарди бародари маъруфи донишманд, Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир, пайвандон, устодону ҳамсафон шогирдони донишманд гирдоварӣ шудааст, ки корест бас савобу саривақтӣ.
Маводи мухтасари хешро бо ин шеъри бародари олими тавоно, Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир ба поён мебарем:
Ба хотираи профессор Темур Собиров
То маро роҳи хаёлаш бибарад аз паси ӯ,
Дина шаб сӯи ба сӯ аз пайи ёдаш будам.
Чашм пуробу ҷу оташзада аз пушти сароб,
Ҳама шаб кӯи ба кӯ аз пайи ёдаш будам.
То расад бӯи вай аз бод, гирифтам раҳи бод,
Бод бе бӯи вай омад ба ман аз Файзобод.
Гуфтам эй бод, чӣ медонӣ ту аз додари ман,
Хок зад бар сари ман боду гузашт аз сари ман.
Боғ рафтам, ки ман ӯро зи дарахтон пурсам,
Пеши ҳар буттаву барге кунам аз ӯ зора.
Боғ нашнида маро барги хазон афшонид,
Кард пероҳани зардӯзии худ садпора.
Нигарон сӯи ҳаво аз қафаси маҷнунбед,
Ҳайф хӯрдам, ки ғами хеш нахурдам барвақт.
Нигарон сӯи ҳаво аз қафаси маҷнунбед,
Ҳайф хӯрдам, ки барои чӣ намурдам барвақт.
То ки дар ёди бародар нашавам обу адо,
То намонад дилам аз зиндагиву аз дунё.
То набинам ба ҷаҳон доғи бародарро ҳеҷ,
То маро доғи бародар накушад бо тадриҷ…
Нигарон сӯи ҳаво бин, ки чи манзар дидам,
Абру аз абри гузар тӯдаи дафтар дидам.
Абру аз абри гузар болишу бистар дидам,
Маҳи бишкастае дар бистари додар дидам.
Менамуд боз яке манзараи даргузаре,
Ки манаш дидаму хоҳам, ки набинад дигаре.
Ашки ман ҳар қадар аз чашм ниҳонаш мекард,
Осмон пеши назар боз аёнаш мекард.
Тӯдаи абри равон буду дар он тӯдаи абр,
Товасангони сафеду сияҳи гӯристон.
Тӯдаи абри равон буду дар он тӯдаи абр,
Тали пурхору хаси деҳкадаи Сӯфиён.
Гуфтам эй абр, аз он олами абрӣ чӣ хабар,
Ҷигарам сӯхт, маро гум шуда фарзанди падар.
Ӯ ки дар рӯи замин нест, магар онҷо нест,
Паси талҳои булӯрии ҳаво ҷойи кист.
Нашунидам, ки чӣ гуфту чӣ нагуфт абри равон,
Лек хуноба чакид аз даҳани новардон.
Ҷӯй лабрез шуд аз хуни сафеди борон,
Рафт дар коми замин хуни раги ҷӯйборон…
Нигарон сӯи ҳаво будаму хобам бурдааст,
Шудам аз чак-чаки борони дарахтон бедор.
Нигарам, кӯҳ паси сар задааст аз рӯяш
Шаби гирёни ғамомии маро чодарвор.
Дили ман обу вале аз шафақи алвонӣ,
Ҳамчу табхола лаби гарми уфуқ гул баста.
Задам оҳе, ки шафақ нест, замин мебандад,
Саҳар аз доғи дили гумшудаҳо гулдаста.
ДАР БОРАИ ТЕМУР СОБИРОВ ИН МТОЛИБ ҲАМ ҚОБИЛИ МУТОЛИА АСТ:
ҲАР КАСЕРО БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД…
Манижа Шерхонова,
сардори шуъбаи
рисолаҳои илмӣ.
Теги: рисолаҳои илмӣ