Робитаҳои адабии тоҷику ўзбек дар давраи истқлол

Оид ба равобит ва ҳамбастагии адабиёти тоҷику ўзбек асосан аз асри XV – замони зиндагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ то солҳои  80 – уми асри  XX  низ рисолаҳои зиёде навишта шуда, китобу мақолаҳо интишор  гардидаанд. Дар ин бобат донишмандони таъриху адабиёт аз Самарқанду  Хуҷанд  Воҳид Абдулло,  Зариф Раҷабов,   Ботурхон  Валихоҷаев , Абдуманнон  Насриддинов, Раҳим Муқимов, Атахон Сайфуллоев,  Юсуфҷон Салимов, Эргашалӣ Шодиев, Раҳим Тошматов, Муҳаммад Бақоев, Матлуба Хоҷаева, Абдусалом Самадов ва муаллифи ин сатрҳо низ хидмати арзанда доранд.

Маълум аст, ки дар шароити мустабиди охири садаи  XIX дар Бухорои шариф  Аҳмад Маҳдуми Дониш ҳамчун ситораи тобоне дар шаби зулмот чароғи маърифатро машъалафрўзӣ карда, нури онро адибони маърифатпарварони Самарқанд ҳамчун Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Хоҷӣ Шукрулоҳзода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулқодир Шакурӣ ва даҳҳо  дигарон  партавафшонӣ намуданд. Сонитар устод  Садриддин Айнӣ, ки дар мактаби илму адаби Бухоро ба камол расида, бо тақозои тақдир ба Самарқанд омада буд, дар ин ҷо ба адабиёти навини тоҷик поя ва ба маҳфили хосаи адабии Самарқанди асри  XX асос гузошт, ки дар он даҳҳо адибони тоҷику ўзбек тарбият ёфта, ба камол расиданд.  Дар ҳамин ҷо беҳтарин анъанаҳои дузабонагии  дар  муҳити адабии Ҳироти асри XV аз ҷониби ду симои бузурги  назм – Нуриддин  Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ бунёд гузошта аз нав эҳё гардид. Нашри нахустин рўзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои тоҷикӣ дар Самарқанд ба сомон расонида шуд, ки дар сари ҳамаи ин кор  Садриддин Айнӣ  ва  бисёр ҳамфикру шогирдони мактаби адабии Самарқанд меистоданд.

Ҳамин анъана то ибтидои солҳои  30 – то таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Душанбе кўчидани пойтахти он ва аз Самарқанд ва ба он ҷо кўчонида шудани Нашриёти давлатии Тоҷикистон  идома  дошт.

Дар солҳои 60 – уми  садаи  XX  бо саъю эҳтимоми адабиётшиноси маъруф, академики  Академияи  фанҳои Ўзбекистон  алома Воҳид Абдуллои Самарқандӣ, ки ҳамон солҳо вазифаи ректори Донишгоҳи   давлатии Самарқандро ба ўҳда  дошт, дар ин ҷо ҳимояи  рисолаҳои  номзадӣ  аз забон ва адабиёти тоҷик низ ба роҳ монда шуд. Дар муддати 7-8 сол дар ин ҷо аз масканҳои гуногуни илмӣ ва Донишгоҳхои Тоҷикистон  беш аз 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд, ки байни онҳо аз Хуҷанд Атахон Сайфуллоев, Аҳмадҷон Усмонов, Мавҷуда  Саидова  ва чанди дигар низ буданд. Робитаҳои мо бо донишмандони Хуҷанд Юсуфҷон Салимов, Эргашалӣ Шодиев, Раҳим Тошматов ва дигарон низ муттасил давом дошт. Камина  соли 1969 дар анҷумани  «Солонаи Айнӣ», ки дар Хуҷанд шуда буд, ҳамчун олими ҷавон бо маърўза иштирок карда будам. Бо камоли мамнуният ёдовар шудан лозимаст,ки дар вусъати робитаҳои фарҳангию адабӣ ва илмии Тоҷикистону Ўзбекистон хидмати адибон ва олимони Хуҷанд   Тошхоҷа Асирӣ, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукўҳӣ, Муҳиддин Аминзода,  Аскар Ҳаким, Фарзона, Аҳмадҷон Раҳматзода, Муҳиддин Хоҷаев, Нурмуҳаммад  Ниёзӣ, олимон  Зариф Раҷабов,  Атахон Сайфуллоев,  Юсуфҷон Салимов,  Раҳим  Тошматов,  Эргашалӣ  Шодиев ва дигарон ниҳоят калон аст.  Хидмати ҷамоаи  сернуфузи  имрўзаи Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд барои  пос доштани дўстиву рафоқат байни Самарқанду Хуҷанд  бо  сарварии ректори  донишгоҳ  олими шинохта ва ташкилотчии моҳир, профессор Ҷамшед  Ҷўразода низ хеле бузург аст.

Баҳори соли 2018 гурӯҳе  аз  аҳли  илму  фарҳанг  ва  намояндагони  ҷамоатчигии  вилояти  Суғд, ки  байни  онҳо  ректори Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд  Ҷамшед  Ҷўразода,  Раиси  шўъбаи  вилояти  Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон  Раҳматзода, ректори Дошишкадаи омўзгории Панҷакент  Муаззамхон  Ансорӣ  низ  буданд, ба  маросими кушоиши  пайкараи  Абдурраҳмони  Ҷомӣ  ва  Алишер  Навоӣ, ки  ҳамчун  рамзи  дўстии  абадиву  азалии  халқҳои  ўзбеку  тоҷик  дар  боғи  маданият  ва  истироҳати  ба  номи  Алишер  Навоӣ дар Самарқанди  бостонӣ  гузошта  шудааст,  иштирок  доштанд…

Идомаи ин мақоларо хонандагони азиз метавонан,д аз китоби Аслиддин Қамарзода ва Умеда Қамарова “Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…”, Тошкент, соли 2024 мутолиа кунанд.

Ин китоб дар  Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси  Маркази
 «Забони  тоҷикӣ ва  омўзиши
забонҳои  хориҷӣ».