«Рози асбобҳои нафасӣ». Маҳфил аз силсисаи “Санъат ва ҳунар”

Имрӯз (5.08.2026) дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари “Китобхонаи миллӣ” маҳфили навбатии “Санъат ва ҳунар” таҳти унвони «Рози асбобҳои нафасӣ» баргузор гардид, ки ба тавсифаш сухан оҷиз аст.

Маҳфили мазкурро  меҳмонони санъаткор, номзади илми санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи Сурудхонии (халқӣ) Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонба номи Мирзо Турсунзода Муродҷон Эшонқулов, ходими калони илмии шуъбаи санъатшиносӣ, омӯзгори калони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Билолиддин Раҳимов, консертмейстри Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонба номи Мирзо Турсунзода Беҳрузҷон Расулов бо ҳузур ва ҳунарнамоии худ рангину гуворо намуданд. Дар маҳфил хонандагони фаъоли китобхона ва ҳайъати кормандон иштирок намуда, ғизои беандозаи маънавӣ гирифтанд.

Нахуст муовини директори китобхона Муҳаммадиқбол Атозода бо сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва аҳли маҳфилро шодбошӣ гуфта, аз меҳмонон хоҳиш намуд то оид ба асбобҳои нафасӣ ба аҳли нишаст иттилое пешкаш намоянд.

Муродҷон Эшонқулов  барои даъват арзи сипос намуда, дар бораи асбобҳои нафасӣ чанд маълумот пешниҳод кард. Ба гуфти ӯ най, сурнай, карнай, қушнай ва тутак асбобҳои нафасии миллӣ ва флейта, кларнет, саксофон, гобон, фагот, труба, тромбон, валторна ва туба асбобҳои нафасии классикӣ мебошанд. Ин асбобҳо махсусан карнай дар тӯю маъракаҳои мардуми мо фаровон истифода бурда мешавад. Ҳамчунин дар ҷараёни посух ба суолҳои иштирокдорон меҳмон оид ба навъҳои гуногуни най, таърихи пайдоиши мактаби найнавозӣ дар Тоҷикистон, чи гуна ворид шуданаш ба ҷодаи санъат, иҷро намудани васияти модарашро ба сифати як ҳунарманд басо ҷолибу ҷаззоб иброз намуд.

Дар ҳошияи сухани меҳмон Муҳаммадиқбол Атозода илова намуд, ки гӯё тибқи ривояте ҷон низ дар бадани инсон таҳти навозиши маҳз асбоби нафасӣ, яъне най сурат гирифта буд.

Дар давоми маҳфил аз ҷониби меҳмонон оҳангҳои марғубу шунидани пешкаши ҳаводорони фарҳанг гардид. Навозиши оҳангҳои “Месӯзад”, “Меҳри модар” ва “Гиря макун” аз ҷониби меҳмонон ба аҳли маҳфил таъби болида эҳдо намуд.

Фараҳбахштарин лаҳзаҳои маҳфил вақте буд, ки китобхони кӯчак Фарзиямоҳ Камолзода аз меҳмон навои рақсӣ дархост намуд ва рақси ҷаззоберо иҷро кард ва боз як хонандаи дигар Юсуф Шарафҷонзода довталаби ҷӯрнавозии асбобҳои мусиқӣ шуда, якҷо бо  Муродҷон Эшонқулов  як оҳанги гушнавозеро иҷро карданд.

Дар фарҷоми маҳфил меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Ва дар охирсухан Муҳаммадиқбол Атозода бамаврид қайд намуд, ки агар имрӯз мо дилеро ба даст оварда тавониста бошем, пас рисолати худро анҷом додаем.

Гуфтанист, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ва пешвози сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз силсилаи маҳфилҳои фарҳангиву адабиро пиёда кардааст, ки воқеан сутуданист.

Бошад, ки шумораи чунин маҳфилҳо бештар гардад ва аҳли ҷомеа аз онҳо ғизои маънавӣ гиранд.

Инобат БОБОЕВА,

мутахассиси бахши робита бо ҷомеа.