Рози “Шоҳнома”. Рустами достон-сипари Эрон
Дар ин дунёи пурошўб, ки фарҳангҳои ақвоми бузургманиш тавассути васоили техникӣ, иттилоотиву намоишӣ ва ҳилаҳои тоза ба тозаи худ фарҳангҳои дигар қавмҳоро фўру мебаранд, мардуми форсизабон, ба шумули тоҷикон, эрониён, афғонистониён имконияти вижа доранд, ки бо роҳи аждаҳои ҷаҳонхори ҷаҳонишавии моддигароӣ садди устувор бигзоранд. Ин имконияти вижа «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ аст, ки ҳазор сол пеш забону фарҳанги моро наҷот дода буд ва ҳоло низ аз тариқи ин китоби муқаддас метавон паёмали талхи ҳалокати фарҳангиву нажодиро пешгирӣ кард.
Аммо, мутаассифона, бегонагон ба дасти худи мо он қадар «Шоҳнома»-ро аз мо дур бурданд, ки тоҷики эронӣ, афғонистонӣ, тоҷикистониву варорўдӣ ин дастурномаи миллии худро наметавонад ва, гузашта аз ин, намехоҳад дар ҷараёни муҳлики набарди тамаддунҳо ба масобаи раҳнамои муқаддаси хеш бипазирад, ҳамон тавре, ки шахси аз фалсафа ва дигар донишҳои ирфонӣ бархўрдорнабуда наметавонад ба жарфнои ҳикмати «Қуръон» ворид гардад, як фард агар мутолиаи густурда дар таърих, забон ва адабу ирфони ҳарими Хуросони бузург надошта бошад, дунёи беканори «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро наметавонад дарк кунад.
Борҳо ёдоварӣ шудааст, ки донишпажўҳон ҳадафи асосии сароиши «Шоҳнома»-ро ҳар кадоме ба таври худ дарёфтаанд, аммо яқин аст, онҳое ба ҳақиқат наздиканд, ки ранҷи сивупанҷсолаи худованди Номаи Бостонро дар ҳушдор додани қавмаш ба хотири пешгирӣ аз паёмади талхи барбод рафтани аслу насаби ориёӣ дар садади ҳамлаҳои маргбори бодиягардони тозиву туркӣ дидаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар замони зиндагии Фирдавсии бузург бар асари забти аъроб, кишварҳои дар гузашта неруманде чун Миср, Сурия, Бизонс (Византия) забон, фарҳанг, таърих ва маниши миллии худро аз даст дода буданд ва беш аз сесад сол буд, фарҳанги бегона бо забони арабӣ бар сари мардуми эронитабор низ таҳмил шуда буд, вале ин мардум дини ислом пазируфта, намегузоштанд забони худ, асолати миллии худро ба фаромўшӣ дода, фарҳанги арабӣ ихтиёр кунанд. Маҳз ҳамин ҳадафи асосӣ буд, ки гўяндаи беҳамтои аслу насаби ориёӣ дар ҳар достоне, чи дар саҳнаҳои разми гурдони Эрон бо саҳронавардони Турон, чи дар лаҳзаҳои муқовимат бо тозиён ва чи ҳангоми васфи дифоъи марзҳои меҳан аз юриши румиён бо ифтихору сарбаландӣ аз фарру нажоду табори эронӣ ёдовар шуда, ба тамоми неру ва тавони худ аз муқаддасоти миллӣ ҳимоят мекунад. (Дар ин гуфтор ҳар гоҳ мо аз Эрон ёдовар мешавем, мехоҳем аз ҳолати ҷуғрофиёии Эрони таърихӣ-Эрони Фирдавсӣ сухан бигўем, на Эрони имрўзин).
Ҳанўз ҳам бо муҷарради аз табори эронии хеш, аз решаҳои чандинҳазорсола ва муқовимати маргбори бобоён алайҳи ишғолгарон сухане ба миён ояд, на танҳо дар хориҷ, балки дар дохили кишварамон касоне пайдо хоҳанд шуд, ки ишора бар нажодпарастӣ, миллатгароӣ, ё исломгурезӣ ва ҳатто нозигароӣ (фашизм) зуза мекашанд. Ин ҷост, ки дар паёмҳои интернетии марбут ба бузургдошти фарҳанги ориёӣ, ҳамчунон бартараф кардани «ов», «ич»-и русӣ ва насаби миллии худ, гоҳе аз забони темурлангпарасте, гаҳ аз забони чингизхонпарасту Искандари Зулқарнайпараст ва ховаршиносони яҳудиву арабгароёни исломӣ азми ба худогоҳии миллӣ равонакардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таҳриф нажодпарастӣ бозгў кардаанд. Аммо корвони худшиносии тоҷикон, ки аз бартарихоҳии нажодӣ ҷудост, бояд ба роҳи худ равон бошад, то битавонад суннатҳои меҳанӣ ва қавмиву обоиву аҷдодии худро ба водии мурод расонад. Ва агар ин қавм аз гузаштаи пурифтихори худ, аз нажоду фарру сарбаландиҳои ниёконаш ба қадри кофӣ огоҳӣ надошта бошад, ба ҳар музахрафоте, ки ҳар сония тавассути моҳвора (антеннаҳои параболӣ), дискҳои арзонаки видеоии бешумор, ҳатто зерпироҳану (майка) сақичу ғайра талқин мешавад, бовар карда, як аблаҳи нохудогоҳ мегардад.
Дигар имрўз дар чашми наврасону навҷавонон “Одамтортанак» (Человек-паук), Чеки Чану, Брус Лии чиноӣ, Ван Даму Швартснеггер, Сталлонеи аврупоӣ ба ивази Рустаму Исфандиёру Баҳром ва дигар диловарони миллӣ бозтоб мешаванд. Гузашта аз ин, дар наворҳои диские, чун «Александр» ва «300 спартанӣ», таърихи миллии мо ҳақоратбор тавсиф шуда, эрониаслон барбарони баднафс номида шудаанд. Дар ин филмҳо симои румиҳо зебо, баландболо, додхоҳ, ҷавонмард, донишманду хирадгаро ва баръакс, эронинажодон золим, қотил, бефарҳанг, хиёнаткор, зиштрў бозтоб шудаанд. Равшан аст, ҳадаф аз ин гуфтор мулоҳизаҳоеро дар мавриди фарру нажод ва шукўҳу сарбаландии гузаштагонамон аз дили мунодии аслу насаби тоҷикон, Ҳаким Фирдавсӣ зарур донистаем.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Офаридгори сухан”, Душанбе, 2018.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи ОйҷонгулДавронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ