Рӯ ба илм. Абиогенез

Абиогенез назарияи ба вуҷуд омадани мавҷудоти зинда аз моддаҳои табиаташон ғайриорганикӣ. То миёнаҳои асри XIX гумон мерафт, ки мавҷудоти зинда худ аз худ аз маводи ғайриорганикӣ тавлид меёбанд, масалан, гӯё мушу калламушҳо аз партоб, қурбоққаҳо аз лойқаю обсабзҳо, кирм аз гушти пӯсида пайдо мешаванд. Вале олими италиявӣ Ф. Реди соли 1668 исбот намуд, ки кирминаҳои пашша дар гӯшти пӯсида фақат дар натиҷаи ба гӯшт тухм гузоштани худи пашшаҳо ба вуҷуд меоянд.

Дар асри XVIII олими италиявӣ Л. Спаллансани муқаррар кард ки  дар пиёбаи ҷӯшонида, микроарганизмҳо инкишоф намеёбанд. Таҷрибаҳои олими франсавӣ Л. Пастер низ беасосии ақидаҳои болоро собит намуданд.

Соли 1871 олими немис Р. Вирхов дар асоси таълимот оид ба назарияи ҳуҷайра қайд кард, ки ҳуҷайраҳои зинда аз ҳуҷайраҳои зиндаи пешина пайдо мешаванд. Феълан дар рӯи Замин пайдоиши ҳаёт аз маводи ғайриорганикӣ ба мушоҳида нарасад ҳам, аз эҳтимол дур нест, ки миллиардҳо сол қабл аз ин пайдо шуда бошад.

Маъмултарин назарияи Абиогенезро олими шӯравӣ А. И. Опарин пешниҳод намудааст. Ӯ соли 1924  бо номи ”Пайдоиши ҳаёт” мақолае ба табъ расонда, тасаввуротеро ба миён овард, ки дар маҳлулҳои пайвастаҳои калонмоллекула метавонанд худ аз худ қитъаҳои консентратсияи зиёд ҳосил шаванд. Онҳо аз муҳлати берунӣ нисбатан дур ҷойгир буда, метавонанд бо он тамос дошта бошанд. Опарин онҳоро қатраҳои коасерватӣ ё коасерватҳо номидааст.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи милии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 62.
Таҳияи Манижа Раҷабова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ