Рӯ ба илм. Адреналин чист?

АдреналинАдреналин – (аз лот. AdrenaIis – гурдагӣ), гормони ғадуди болои гурда. Барои ҳайвонот ва одам аҳамияти калон дорад. Массаи мол 183; моддаи кристаллии сафед; аз ҷиҳати оптикӣ фаъол аст. Дар оби гарм, кислота ва ишқорҳо ҳал мешавад.

Моддаи ноустувор буда, ба ҳосилаҳои гуногун табдил мебад. Адреналин аввалин гормонест, ки дар ҳолати кристаллӣ ҷудо ва синтез карда шудааст. Аз аминокислотаҳо – фенилаланин ва тиразин дар ғурӯшаҳои хромаффинии ғадуди болои гурда ҳосил мешавад.

Адреналин ба хун дохил шуда, талаботи узву бофтаҳоро ба оксиген афзун мегардонад; барои фаъол сохтани гликоген, ки таҷзияи он боиси дар хун баланд шудани қанд мегардад, ширкат меварзад; мубодилаи сафеда, карбогидрат, чарб ва моддаҳои дигарро беҳтар менамояд; рагҳои хунро танг карда, фишори шараёнро баланд мебардорад; кори дилро метезонад; ҳаракати меъдаю рӯдаҳоро беҳтар месозад.

Таъсири адреналин кӯтоҳмуддат аст, зеро зуд (асосан дар ҷигар) оксид мешавад. Берун аз организм низ оксид шуданаш мумкин аст. Ҳангоми баъзе бемориҳои узвҳои дарун, силсилаи асаб, ғадудҳои усораи дохилӣ ва ғайра.

Миқдори адреналин дар организм тағйир ёфта, раванди бемориро душвор менамояд. Бо мақсади табобат адреналинро аз ғудуди болои гурдаи ҳайвонот мегиранд ё бо роҳи синтез ба даст меоранд.

Маҳлули намаки хлориди адреналин ҳангоми паст шудани фишор, бемории зиқи нафас, бемориҳои аллергӣ, ҳамчунин дар вақти беҳиссозии ҷузъӣ ва ҷарроҳӣ (барои қатъи хунравӣ) ба зери пӯст фиристода мешавад. Адреналинро дар мавриди бемории гипертония, атеросклероз, иллати дил ва ғайра истифода бурдан мумкин нест.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 1.
Муаллиф: М. Самиев.

Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.