Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: ҒАРАБ

Ғараб (Arundo donax), ғарав, савачўб, рустании бисёрсола; то 6 м қад мекашад. Пояаш рост (қутраш 1–3,5 см), баргаш нўгтез (дарозиаш 30-60 см, бараш 1-8 см). Хўшагулаш ҷорўбакшакл (дарозиаш 40-70 см, бараш 5,8 см). Моҳҳои июл – ноябр гул карда, тухм мебандад. Ғараб дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропики Амрико, ҷануби Осиёи Марказӣ, Осиёи Хурд, Қафқоз, Қрим, хамчунин дар Тоҷикистон дар ҷойҳои сернам, соҳили дарё, ҷўйбор, чашмаву кўҳҳои ноҳияҳои ҷанубӣ (дар баландии то 900 м аз с.б.) мерўяд.

Ғараби худрўй кам мондааст. Ҳамчун зироати хўроки чорво парвариш кардани ғараб муҳим аст. Дар мавсим ғарабро ду бор медараванд. Аз он силос ва орди алаф тайёр мекунанд. Дар таркиби ғараб 83% протиен 5,3% раван, 34,2% клетчатка, 46,7% моддаҳои қиёмии бенитроген, 5,5% моддаҳои минералӣ мавҷуд аст. Ғарабро бисёр вақт бо рустаниҳои шамолгардон якҷо мепарваранд. Табибони мардумии Озарбойҷон ва Туркманистон ҷўшобаи решаи ғарабро чун давои пешоброну арақовар тавсия медиҳанд.

Дар баъзе деҳоти кўҳистон бо ғараб боми иморатҳоро мепўшанд. Аз ғараб баъзе ҷузъи созҳои мусиқӣ, масс., кларнет, саксафон, волинка, гобой, инчунин наю сурнай сохта мешавад. Ғарабро чун сўзишвории биологӣ низ истифода бурдан мумкин аст.

Муаллиф: Низомов А.

Бозчоп аз  Энсиклопедияи
Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 50.