Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ дар семинари онлайнии Китобхонаи Новосибирск суханронӣ намуд

ОнлайнКитобхонаи вижаи вилоятии Новосибирски Федератсияи Русия барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф рӯзҳои 22-23-юми августи соли 2024  14-умин Мактаби байналмилалии хадамоти кӯмакии “Китобхонаи муосир дар фазои ҳамкориҳои байниидоравӣ”-ро доир кард.

Дар ин ҳамоиш, ки онлайн сурат гирифт, муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ширкат ва суханронӣ кардМавзуи суҳбати ӯ “Вижагиҳои хидматрасониҳои китобдорӣ барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ” буд.

Салима Раҷабзода Китобхонаи миллиро яке аз бузургтарин китобхонаҳо дар Осиёи Марказӣ номид, ки имрӯз барои рушду пешрафти маънавиву фарҳангӣ хидмат менамояд.

-Зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар фаъолияти китобхонаҳо дар иттилоотикунонӣ ва ҳамгироии қариб ҳамаи соҳаҳои ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омад,-гуфт муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ ва идома дод: Солҳои охир тамоми китобхонаҳои Тоҷикистон саъю талош доранд, ки ба талаботи муосир мутобиқ шаванд ва захираҳои худро дар асоси технологияҳои нави иттилоотӣ  ба роҳ монанд.

Дар идома Салима Раҷабзода доир ба Китобхонаи миллӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки ин китобхона барои нигоҳдории 10 миллион китоб ва дигар навъҳои манбаҳои муосири иттилоотӣ сохта шудааст. Дар баробари китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар маводи чопӣ, дастнависҳо аз асрҳои пешин низ маҳфузанд, фондҳои нашрҳои электронии осори бастакорону мусиқишиносони тоҷик ва фонди ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, ки мероси ғании мусиқии халқиро инъикос мекунанд, низ гирдоварӣ ва нигаҳдорӣ мешаванд. Мо саъй дорем, ки китобхонаи худро тадриҷан ба як маркази илмӣ табдил диҳем, ки дар оянда барои худшиносиву маърифатомӯзии наслҳо хидмат кунад. Салима Раҷабзода ҳамчунин иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ танҳо ҷойи китобхониву донишандӯзӣ нест, балки як марказест, ки дар он ҳар гуна маҳфилҳои адабиву ҳамоишҳои илмӣ доир мешаванд. Даҳҳо номгӯй китобҳо аз осори таърихии ниёгон ва китобномаҳои шарҳиҳолии адибону олимон таҳия, чоп ва рӯнамоӣ шудаанд.

Дар ин семинари онлайнӣ муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода доир ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ маълумот дод. Аз ҷумла ӯ таъкид намуд, ки ин шуъба яке аз сохторҳои муҳими Китобхонаи миллист, ки соли 2012 таъсис ёфта, дар он 8 нафар фаъолият мекунанд. Махзани умумии шуъба 7438 китобро ташкил медиҳад, ки  аз онҳо 5476 адад ба забони тоҷикӣ ва 1255 адад ба забони русист.

707 китоб ба хати брайлӣ мавриди истифодаи хонандагони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ қарор дорад ва шумори хонандагони он  ба 1000 нафар мерасад. Инчунин толори хониш ва 6 компютер бо барномаи Ҷовс, ки барои нобиноён аст, мавҷуд аст.

Шуъба дорои китобҳои савтӣ ҳам мебошад, ки аз он нобиноён фаровон истифода мекунанд.

Барои хонандагони шуъба чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар Рӯзи маъюбони Тоҷикистон (8 июл), Рӯзи байналмилалии “Асои сафед” (Рӯзи нобиноён), Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон (3 декабр) маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ бо ширкати удабо ва ҳунармандони шинохта гузаронида мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар баробари чунин барномаҳои олӣ чорабиниҳои маҳфилӣ, аз қабили «Хандарез» ва «Ганчи сухан» низ баргузор мешаванд. Бо дархости хонандагон ба ин маҳофил олимону нависандагон, санъаткорон, ҳаҷвнигорон ва дигар шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ мунтазам даъват мешаванд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа