Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Охираш)
55
Қаср аз «қўра» чандон дур набуд. Ҳафтоду нўҳ марди хашмгину пуркин ба он ҳамла бурда, дарбонҳоро кушта ба қаср зада даромаданд. Дар айвону даҳлезҳои он ҳар, кӣ пеш омад кушта шуд.
– Ба занон даст накобед, мо бо занон намеҷангем!- фарёд мезад Виркан.
Саидро дар хонаи хобаш ёфтанд. Вай ки одатан баъди намози бомдод аз масҷид баргашта дар хонаи хоса боз соате ба руқўъ менишасту шояд аз Худовандаш бахшоиши гуноҳони беҳисоби худро металабид, он пагоҳ низ Қуръон ба даст дар ҳоли рукўъ нишаста буд, айнан дар ҳолате буд, ки падараш Усмонхалифа бист сол пеш дар он ҳолат кушта шуд. Чун Виркан бо як гурўҳи исёнгарон ба хонаи хосаи ў ворид шуданд, Саид ҳангаш канд, раъша бар андомаш афтода бо забони гирифта мепурсид: «Ч-чӣ гап, ҳа? Шумо а-а-аз ман чӣ мехоҳед? М-м маро куштан мехоҳед?»
Шоҳзода Вағдварз пеш баромада сўи ҳамроҳонаш гуфт:
– Ин одам кишвари моро тороҷ кард, мардумони моро кушт, моро ба ғуломӣ овард. Чӣ ситамҳое, ки вай ба мо накард, чӣ хорӣ ва забуние, ки мо аз дасти вай накашидем! Сазои ў чист?
– Куштан!- бо як овоз ҷавоб доданд исёнгарон. Он гоҳ Виркан бо як зарби шмашере, ки дар «қўра» аз дасти посбони мақтул рабуда буд, сари Саидро аз танаш ҷудо кард.
56
Сипас исёнгарон анбори озуқаро кушода, аз вай якчанд халта орд, биринҷ, хурмо, ҷуворимаккаро бардоштанд. Дар саисхона бисту як сар аспи саворӣ ёфтанд, саисҳо гурехта нопадид гашта буданд. Исёнгарон зуд аспҳоро бароварда зин заданд.
Аз қаср занонро бароварда, ба вай алов сар доданд. Баъд озуқаро ба аспҳо бор карда, бо шамшеру ханҷарҳои дар занзании «қўра» ва дар қаср ба даст афтода мусаллаҳ шуда, иддае савора, дигарон пиёда, ба «қўра» баргаштанд, аз он ҷо рафиқи беморашонро дар канҷиғаи асп гирифта, рў ба тарафи кўҳсоре, ки аз Мадина якчанд фарсах ба ҷониби шарқӣ воқеъ аст, раҳсипор гардиданд.
Дар ақибашон аз дур сутуни ғафси дуд дида мешуд, ки сар ба осмон мекашид,- вай аз сўхтори бўстонсарои Саид бинни Усмон мебаромад.
Кўҳсор аз кўҳталҳои баланду паст ба ҳам омада аст. Гурезаҳо ба вай дар гашти рўз расиданд. Аз селроҳае убур карда ба дараи дарозе баромаданд. Дар мобайни дара чашмае ёфтанд, ки андаке об аз он ҷорӣ буд. Басо кўфтаю гурусна буданд, дар сари чашма барои дамгирӣ ва тановул қарор гирифтанд. Дар боли кўҳтал ва даҳани селроҳа дидбонҳо гузоштанд. Аз эҳтиёт алов дарнагирониданд, то ки дуд ҷои исти онҳоро ошкор насозад. Ба сарфи хурмо ва андак ноне, ки доштанд, қаноат карданд.
57
Ғуломон худро озод карда буданд, аммо ин озодӣ ба онҳо чӣ хоҳад овард? Инро онҳо медонистанд. Медонистанд ва ба он тайёр буданд. Дар биёбони нопайдоканор дур гурехта наметавонанд. Ба зудӣ сарбозони ҳокими Мадина ба таъқиби онҳо мебароянд. Агар мўъҷизае рў надиҳад, ҳалок муқаррар аст. Лекин асирон дар озодӣ бо ҳисси инсонияти худ мурданро аз зиндагии дар ғуломӣ авло медонанд. То ҷон дар рамақ доранд, муқобилият хоҳанд кард. Агар мурдан ногувор аст, ҷангида мурдан беҳ.
Посбоне, ки аз «қўра» гурехта ҷон ба саломат бурда буд, шитобон сўи Мадина асп ронда, воқеаро ба ҳоким хабар дод. Ҳоким ҳамон соат дастаи ҷазо равона кард.
Дидбонони гурезаҳо роҳи омадаашон – тарафи ғарбиро дид мекарданд, лекин сарбозон аз ҷониби шимолӣ омаданд. Онҳо ногаҳон аз хамгашти саргаҳи дара пайдо гардиданд. Масофа аз он ҷо то қароргоҳи гурезаҳо чоряк фарсанг ҳам намеомад. Исёнгарон саросема бар фарози кўҳтали тарафи шарқӣ хазиданд, ба умеде, ки дар баландиҳо ононро таъқиб кардани саворон душвор хоҳад буд.
Сарбозон асп тозонда ба зудӣ расиданд. Онҳо тақрибан сад нафар буданд, як қисмашон аз дунболи пиёдаҳои кўҳталбаро афтиданд, дигарҳошон ба гурезаҳои савор ҳамла бурданд. Бисту як нафар гурезаи саворро ночор дохили ҳарбу зарб шудан лозим омад. Панҷ- шаш нафар сарбозро аз зин ғалтонданд, куштанд, лекин дар якчанд дақиқа ҳамаашон, ғайр аз Виркан ва Ромтиш, кушта шуданд.
Сипас Ромтиш ҳам ба паҳлўяш зарбаи сахти шамшер хўрда аз зин парид.
Виркани саропо хуншор ҳанўз савор буд ва меҷангид. Ў боз ду сарбозро сарнагун кард. Ниҳоят худаш ҳам ғалтид. Дар хок паҳлунокӣ дароз кашида ва қабзаи шамшер ҳанўз дар кафаш буд. Саворон ба сараш гирд омада нигоҳ мекарданд. Дар он дам дар нигоҳи онон адоват, душманӣ набуд, балки ҳайрат ва таваҷҷўҳ буд. Онҳо ҷанговарон буданд ва ба ҷанговари шуҷоъ тан надода наметавонистанд.
Виркан ҳанўз нафас мекашид, вале ҷон меканд. Баногоҳ вай ҷунбид, чашм кушод, ба дастҳояш такя карда бо душворӣ ба по бархост, аз зери мўи дарҳампечидаи хоку хунолудааш ба пешонӣ, чашм ва рўяш хун мешорид. Хир- хиркунон калимае чанд аз даҳон баровард:
– Гургон!.. Ман.. интиқом… интиқоми Самарқанд…Наниманча…Вай ҷумларо тамом накард, зеро яке аз саворон ба гарданаш шамшер зада вайро аз по афтонд.
Виркан як-ду тапиду ҷон дод.
Шамшер ҳанўз дар кафаш буд, савор фуромада онро гирифтанӣ шуд, лекин ба осонӣ гирифта натавонист, – панҷаи Виркан ба қабзаи шамшер маҳкам фишурда шуда, гўё ки часпида монда буд, мисли он буд, ки паҳлавон дар дами ҷонканӣ ҳам шамшер аз даст додан ва таслим шудан намехоҳад. Арабро лозим омад, ки шамшерро сахт кашида аз кафи беҷони ў рабояд.
58
Дар ин миён гурезаҳои пиёда ба қуллаи кўҳтал баромада буданд. Аз панҷоҳу ҳашт нафар чилу шаш нафар баромаданд, дувоздаҳ нафарашон то баромадан аз дами теғу зарби тозиёнаи сарбозон ба ҳалокат расида буданд. Он тарафи кўҳтал ҷарии рост ва баланде буд. Сарбозон онҳоро аз поён ва аз чапу рост печонда пеш меомаданд. Фоҷиаи хунин лаҳза ба лаҳза ба хотимаи худ наздик мешуд.
Шоҳзода Вағдварз ба лаби ҷаррӣ истод.
– Зинда таслим намешавем!- хитоб кард ў.- Падруд, бародарон! Аввал ман! – инро гуфта, вай худро ба ҷаррӣ ҳаво дод.
Аз паси вай дигарон ҳам ба рафиқони бадбахташон падруд гўён худҳошонро ба ҷаррӣ партофтан гирифтанд.
Саворон истода, аз мардонагии ғуломони дирўза ғарқи ҳайрат ва моту мабҳут шуда, он манзараи даҳшатангезро назора мекарданд.
Офтоб ду қади найза ба ғуруб наздик шуда буд, вай аз байни ғубори биёбони бекарона ҳамчун лаълии калони оташин метофт, ба вай рост нигоҳ кардан мумкин буд, шўълааш чашмро намегирифт. Осмон ба ранги ҳарири обгуне буд, ки ба рўяш гарди нафисе нишаста бошад. Дар фазои он калхотҳо, лошахўрҳо давр мезаданд.
Охирин ҷавони суғдӣ бо мушт ҳар ду даст ба тарафи сарбозон яке ниҳеб карду ба ҷаррӣ парид…
Душанбе, 1975
(Поёни китоб)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.