Ҷ. Серсвадзе: Шарқшиносони  Гурҷистон дар бораи  Рӯдакӣ

Шарқшиносони  ГурҷистонЭҷодиёти асосгузори адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кайҳо аз доираи адабиёти миллӣ берун баромада, дар хазинаи маданияти ҷахонӣ мавқеи муносиб ишғол кардааст. Рӯдакӣ номи худро абадӣ  гардонид. Агар ба таърихи  адабиёти  чаҳонии асри X дурусттар назар андозед, боварии комил ҳосил кардан мумкин аст, ки Рӯдакӣ барин шоири лирик хеле кам буд. Услуби  ба худ хос, назми чун чашмаи кӯҳӣ мусаффо, қофияҳои суфта ва образҳои лирикӣ, гӯё худ аз худ мегӯянд, ки офарандаи онҳо омӯзгори дақиқи ҳаёт ва шоири нуқтасанҷ буд.

Кишвари маданияти қадим ватани Руставели дӯстдори назмӣ баландарвози Рӯдакӣ гардидааст. Мутаасифона, солномаҳои  қадимии адабиёти гурҷӣ оид ба Рӯдакӣ чизе нагуфтаанд, дар вазъияте ки номи Фирдавсӣ, Гургонӣ, Низомӣ барин саромадони сухан аз асри XII вирди забони гурҷиён буданд ва назмашон тарҷума мешуданд. Халқи  гурҷӣ  бо лирикаи  Рӯдакӣ асосан аз асри XX, яъне баъди Инқилоби Октябр шиносоӣ пайдо кард.

Мунаққидон ва адабиётшиносони гурҷӣ  низ  ба адабиёти устод шавқу ҳавас пайдо карданд ва натиҷаи ҳамин омӯзиш буд, ки ба муносибати 1100- солагии рӯзи таваллуди устод  як маҷмӯаи мақолаҳо ба забони гурҷӣ аз чоп баромад.

Қимати маҷмӯаи мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки вай аввалин кори илмии махсус ба забони гурҷӣ буда, дар он масъалаҳои баҳсталаби ҳаёту фаъолияти  Рӯдакӣ  мавриди  мубоҳиса қарор гирифтааст.

Пеш аз он ки  мақолаҳоро таҳлил намоем, бояд як нуқсони умумии маҷмӯаро (бидуни мақолаҳои В.Питуридзе  ва Л Тушишвили) нишон дод. Чунон ки маълум аст, тағйир додан ва таҳрири номҳои шахсӣ дар рисолаҳои  илмӣ  доимо иштибоҳ ҳисоб мешавад. Пӯшида нест, ки тран-слитератсияи  истилоҳоти Шарқ ба дараҷаи бояду шояд ба як шакл дароварда нашудааст. Аз ин ҷост, ки мо ба ҷои Ҳанзалаи Бодғизӣ, Аббоси Марвазӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродии Бухороӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва қабили инҳо Ҳанзалаи Бодғиселӣ, Аббоси Марвозелӣ, Шаҳиди Балхелӣ, Муради Бухарелӣ, Низомии Арӯзии Самарқанделӣ гӯем ва нависем. Гуфтан лозим аст, ки суффикси гурҷии “ел” ба суффиксҳои русии “ский” ва тоҷикӣ “ӣ” (Руставелӣ, Ширазский, Шерозӣ) мувофиқ аст. Дар шарқшиносии қадими рус чунин қоида қабул шуда буд, ки суффиксҳои  нисбии тоҷику форс дар забони русӣ ба воситаи суффикси “cкий” ифода шавад (чунон-чи, дар Каримский: Шерозӣ – Ширазский). Чунин қоидаро дар ҳамон давр, ки ҳанӯз ки хонандаи рус бо Шарқ ва адабиёти он шиносоии комил надошт, дуруст  ҳисобидан мумкин буд. Аммо шарқшиносони советӣ кайҳо аз ин принсип даст кашидаанд ва кӯшиш доранд , ки исмҳои хосро дар шакли аслиаш диҳанд.

Мақолаи якӯми маҷмӯа, ки “Замони Рӯдакӣ” унвон гирифтааст, ба қалами яке аз куҳансолтарин шарқшиносони Гурҷистон датсент В. Путуридзе мутаалиқ  аст. В. Путуридзе  ҳаёти  сиёсӣ, иқтисодӣ ва  маданию адабии давлати Сомониёнро хеле мухтасар баён кардааст.

Қобили қайд ва таваҷҷӯҳ дар ин мақола он аст, ки санаи инқирози сулолаи  Сомониён равшантар шарҳ дода шудааст. Чунон ки маълум аст, инқирози сулолаи  Сомониёнро  соли  999  мешумурдаанд, зеро дар ин сол пойтахти сулолаи Сомониён – Бухоро аз тарафи туркҳо забт шуда буд. Аз  рӯи  ақидаи В. Путуридзе  санаи  инқироз ва аз байн рафтани давлати Сомониён ба соли 1005  мувофиқ  меояд, чунки “баъди соли 999 Абуиброҳим Исмоил бинни Нӯҳи Сомонӣ (Иброҳими Мунтасир), чанд гоҳ ба Қарахониён муқобилат  нишон дод ва ғалабаҳо ба даст овард. Дар охир, бо сабаби хоинии сипаҳсолорон мағлуб  гардид ва соли 1005 кушта шуд. Ин солро санаи мағлубияти сулолаи Сомониён  ҳисобидан  ба ҳақиқат  наздик мебуд ( саҳ 13).

Дар мақола ҷараёни инкишофи маданият ва илму адабиёт хуб баён шудааст. Чунон  ки ишорат меравад, “Муваффақияти  бузурги халқи тоҷик дар соҳаи кори маданӣ – шаклгирӣ ва ба забони давлатию адабӣ табдил ёфтани забони халқии дарӣ мебошад”. (саҳ.190).

Дар маҷмӯа мақолаи прафессор Д. КобидзеҲаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ” ҷои намоёнро ишғол менамояд. Мақола хеле муфассал ва пухта аст. Муаллиф ба ҳалли як қатор масъалаҳои баҳсталаби  тарҷумаи ҳол ва эҷодиёти Рӯдакӣ кӯшидааст. Ӯ адабиёти фаровони  илмиро  истифода бурдааст, ки ба хонанда  барои  равшантар тасаввур кардани симои шоир ёрӣ мерасонад.

Д. Кобидзе дар оғози мақола доир ба ном ва тахаллуси шоир фикр меронад. Вай бо Саид Нафисӣ баҳс мекунад. Саид Нафисӣ нисбат ба тадқиқоти  шарқшиносони  хориҷӣ  бо назари шубҳа нигоҳ мекунад. “Мувофиқи ақидаи ӯ (С. Нафисӣ – Ҷ.С.) олимони  аврупоӣ, америкоӣ, рус ва дигарон, ки  адабиёти форсро меомӯзанд, бузургии назмӣ форсро фаҳмида  наметавонанд нозукбаёниҳои  забони форсиро намефаҳманд, дар вазни шеър иштибоҳ мекунанд. Пас инҳо чӣ тавр дар бораи услуб, жанр ва шакли адабиёти ин ё он  давраи форсӣ  фикр баён мекунанд? Аз ҳамин сабаб,- мегӯяд Нафисӣ,- тасаввуроти онҳо дар бораи шоирони Эрон ва ашъори онҳо беҳуда ва хомфикрист” (саҳ. 28).

Д. Кобидзе ақидаи Саид Нафисиро маҳкум карда, чунин менависад: “Шубҳае нест, ки мусташриқони рус ва аврупоӣ дар кори ба чоп тайёр намудани матнҳои форсӣ ва тадқиқотӣ як қатор масъалаҳои адабиёти форс  роли калон бозиданд.

Қайд накардан мумкин нест, Саид Нафисӣ дар шарҳи худ афкори кайҳо аз тарафи В. Бартолд ва Қ. Чайкин гуфташударо оид ба қасидаҳои ба Аббоси Марвазӣ ва Асадӣ нисбат додашуда такрор мекунад. Фарқ дар он аст, ки ӯ номи ин олимонро қайд намекунад”(саҳ.65).

Баъд аз ин Д. Кобидзе муваффақияти олимони тоҷикро дар омӯзиш  ва    тадқиқоти  эҷодиёти  Рӯдакӣ  хеле  мухтасар  қайд мекунад. Дар бораи номи Рӯдакӣ, ки дар сарчашмаҳои гуногуни адабӣ ба таври гуногун баён шудааст, боз ба Саид Нафисӣ муроҷиат мекунад. Саид Нафисӣ дар бораи номи Рӯдакӣ ба ахбори Муҳаммад Авфӣ такя менамояд. Мувофиқи гуфти муаллиф, қатъи назар аз натиҷаҳои тадқиқоти С. Айнӣ ва корҳои минбаъдаи олимони тоҷик “ҳоло номи шоир ба таври катъӣ таъин нашудааст”.

Д. Кобидзе шеърҳои Рӯдакиро омӯхта, он ақидаро дастгирӣ  менамояд, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод набуд. Дар ин ҷо мунаққид зиндагии  пуршукӯҳи Рӯдакиро дар дарбори  Насри II мисол оварда, кори сермаҳсули адабиашро низ қайд менамояд.

Д. Кобидзе  шӯҳрати Рӯдакиро дар байни ҳамзамононаш ва шоирону  аҳли адаби минбаъда нишон дода, менависад, ки “Рӯдакӣ шори  хуштабъ ва қадршиноси назм буд. Рӯдакӣ ҳатто рақибони хешро ситоиш мекард ва дӯст медошт. Ӯ ба вафоти шоирон Муродии  Бухороӣ ва Шаҳиди Балхӣ ашки талх рехта, марсияҳои ҷонгудоз  гуфтааст” ( саҳ.36).

Дар мақола ба таҳлили мероси адабии Рӯдакӣ ҷои махсус дода шудааст. Муаллиф аз нашри Саид Нафисӣ  порчаҳо меорад ва ба онҳо баҳои баланд  медиҳад. Д. Кобидзе  тасҳеҳоти  матни Саид Нафисиро тарафдорӣ менамояд. Дар рафти таҳлили  ашъори  Рӯдакӣ  мунаққид ба ақидае, ки гӯё  Рӯдакӣ  Маҷ ном ровӣ дошта бошад, зид мебарояд, зеро Рӯдакӣ чун ҳофиз ва мутриби  хушовоз  муҳтоҷи  ровӣ  набуд…

Ин мақола дар шумораи 1-уми “Садои Шарқ”, соли 1964 чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост, таҳлили фаъолияти Рӯдакипажӯҳони Гурҷистон дар он солҳост. Аз мақола дида мешавад, ки олимони Гурҷистон аз хеле солҳо ба назми оламгири форсу тоҷик таваҷҷуҳ доштанд ва донишмондонашон на танҳо ин осорро тарҷума ва нашр мекарданд, балки дар бораи адибони мо китобҳову мақолаҳо менавиштанд.

Мақола тӯлонист ва хоҳишмандон онро метавонанд дар толори хониши матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Омина Шарипова,
мутахасиси пешбари
шуъбаи матбуоти даврӣ.