(Тоҷикӣ) Киром Абдулатифи Бухороӣ: Шоире, ки аз ишқ кам гуфту аз дарди халқ зиёд
Киром Абдулатифи Бухороӣ, шоири тоҷик. Киром дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, ба камол расид, аммо ба иллати беқадрию хориву зорӣ маҷбур тарки ватан кард. Дар овораги дарбадарӣ умр ба сар мебурд.
Пас аз саргардониҳо боз ба Бухоро баргашта, боқии умрашро дар кунҷи узлат гузаронд.
Киром шоири соҳибдевон будааст. Ҳоло 4 нусхаи девони ӯ пайдост, ки комилтарини он 100 ғазалро дар бар мегирад. Киром яке аз беҳтарин сухансароёни асри 17 ба шумор меравад. Дар ашъори ӯ муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии давр иньикос ёфтааст.
Ашьори ӯ аз ҷиҳати тасвири вазьи ноҳинҷори замон ва танқиди он бо эҷодиёти Сайидои Насафӣ ҳамҳоангӣ дорад. Киром ғамхору дилсӯзи халқи ҷафокаш буда, аз хусумату низои табақаи хукмрон, куштору хенрезиҳои подшоҳон, бешавқатии аҳли ҷоҳ ғусса хӯрдааст.
Киром дар ғазалиёташ ба мавзуи ишқу ошиқӣ камтар тавваҷуҳ карда, бештар масъалаҳои иҷтимоиро ба миён гузоштааст. Ӯ сабки қадима ва суннатии ғазалсароиро дар шакли ниҳоят сода давом дода, ба Соиб ва Ҳофиз пайравӣ кардааст. Ғазалиёти ӯ дар забон ва тарзи баён ба завқу салиқаи шеьршиносону шеьрдонон мувофиқ буд. Аз калимаву таьбирҳои омиёна истифода кадааст. Абёти зер аз ӯст:
Дӯстӣ кун худ, бо касе душман мабош,
Бо ҳарифони мулоим сахт чун оҳан мабош…
Корвони зиндагонӣ бар сари роҳи фаност.
Як замоне ғофил аз андешаи рафтан мабош.
Хор ба мижгони худ бояд гирифт аз пойи халқ.
Дар ҳавои олами таҷрид чун сӯзан мабош…
Ҳосилат чун сарв аз озодагӣ дасти тиҳист,
Дар гиреҳ аз фикри кишту донаи хирман мабош…
Хасмро аз дӯстӣ оҷиз тавон кардан, Киром,
Ҳар кӣ душман бо ту гардад, ту бо ӯ душман мабош.
Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2022. – Ҷ.10. – С. 146.
Таҳияи Олучамо Исмоилова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.