Руҷуъ ба таърих. Ислоҳоти Хусрави Анўшервон аз чӣ иборат буд?

АнушервонИслоҳоти Хусрави Анўшервон, тадбирҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсии Хусрави Анўшервон (ҳукмронӣ 531-579), ки барои таҷдиди низоми иҷтимоии ҷомеа, умури сипоҳ, пардохти молиёт ва устувор кардани мавқеи ҳукумати марказӣ анҷом дода шуданд.

Хусрави Анўшервон баъди саркўб кардани ҳаракати Маздак ба анҷоми ислоҳот даст зада, ҳуқуқу имтиёзҳои табақаҳои иҷтимоиро барқарор кард: молу милки мусодиракардаи маздакиён ба соҳибони аслияшон баргардонида шуд: ба занони рабудашудаи маздакиён ҳуқуқ дода шуд, ки дар сурати бешавҳар будан ё фавти шавҳар ихтиёран марди рабояндаи ҳамтабақаи  худро ба шавҳарӣ қабул ё рад кунанд; дар сурати барҳаёт будани шавҳари қонунии зан, завҷа  ба хонаи ў бармегашт ва марди рабоянда бояд ба миқдори маҳри шавҳари қонунии зан ба ў ҷубронпулӣ медод.

Ҳамчунин, шоҳ тамоми тифлони ятими хонаводаҳои аъёну ашрофро зери тарбияи худ гирифта, аз ҳисоби онҳо табақаи нави дарбориёнро тарбия мекард, ки онҳо мутеъ ва фидоии ў буданд. Барои барқарор кардани хоҷагии деҳот ба заминдорону амлокдорон чорвои корӣ ва маблағ дода шуд, ки онҳо иншооти обкашонӣ, истеҳкомӣ ва пулҳоро  таъмир кунанд.

Мувофиқи ислоҳоти иқтисодии Хусрави Анўшервон дар мамлакат ду навъи андоз ҷорӣ гардид: харог (хироҷ) ва газит (андози сарона). Ҷамъоварии молиёт дар кишвар вобаста ба масоҳати заминҳои кишт мешуд. Аз ҳар ҷариб замини ҷав ё  гандум солона 1 дирҳам, аз як ҷариб токзор 8 дирҳам, аз ҳар ҷариб юнучқа 7 дирҳам, аз як ҷариб шолӣ 5-6 дирҳам, аз чор дарахти хурмои порсӣ ё шаш нахли оромӣ ё шаш дарахти зайтун 1 дирҳам молиёт ситонида мешуд. Ҳамчунин, заминдорону боғдороне, ки аз офатҳои табиӣ ва ғайра хисорот медиданд, аз пардохти андоз озод мешуданд. Пардохти  газит барои шахсони аз бистсола то панҷоҳсола (ба истиснои ашроф, сарбозон, рўҳониён, дабирон, ходимони давлат) мувофиқи сарваташон муқарар  мешуд: барои мардуми тавонгар – 12 дирҳам, миёнҳол – 6-8дирҳам ва раиятӣ одӣ – 4 дирҳам.

Шоҳ баъди танзим намудани низоми пардохти молиёт дар соҳаи низоми ислоҳот ҷорӣ кард. Мувофиқи дастури ў ба ҷои сипоҳиёни пиёда, ки аскар мардуми деҳот буданд ва маҳорати хуби ҷангӣ надоштанд, аз ҳисоби асварон (савораҳо) ва мардуми бодиянишин (қавми бориз, чул, хазар ва ғайра) лашкари доимӣ ташкил шуд, ки онҳо аз ҳисоби давлат бо силоҳ таъмин мешуданд.

Мувофиқи ислоҳоти дигар, шоҳ мансаби эронсипаҳбудро барҳам дода, умури сипоҳро дар ихтиёри чор сипоҳбуди мустақил гузошт: сипаҳбуди шарқ ба лашкари Хуросон, Сакистон, Кирмон; сипаҳбуди ҷануб ба сипоҳиёни Порсу Хузистон; сипаҳбуди ғарб ба лашкарии Ироқ ва мулкҳои ҳамсарҳади Византия ва сипаҳбуди  шимол ба фавҷҳои Моду Озарбойҷон фармондорӣ мекарданд.

Византия, Ҳайтолиён ва Хоқонии турк дар марзҳои шимолу ҷануби давлати Сосониён диж ва деворҳои истеҳкомӣ (Дарбанд, Гургон) бунёд шуданд. Дар маҳалҳо таъмири дижҳо, коркарди замину ҷамъоварии молиёт ба уҳдаи деҳқонон вогузор шуд, ки онҳо баъдан ба табақаи махсуси ҷомеа табдил ёфтанд. Натиҷаҳои ислоҳот: коҳиш ёфтани нуфузи ашроф дар дарбор; ба ихтиёри шоҳ гузаштани умури сипоҳ; афзоиши нуфузи деҳқонон дар ҷомеа ва дарбор; беҳтар шудани қобилияти ҷангии сипоҳиёни сосонӣ ва ғолиб омадани онҳо дар набарди зидди Ҳайтолиён ва Византия.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 530.

Муаллиф: Т. Ғуломов.

Таҳияи: Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.