Рӯнамоии дастури библиографии “Аламхон Кӯчарзода. Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”- дар Китобхонаи миллӣ

Аламхон-Кӯчарзода11-уми январи соли равон бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии   Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон  рӯнамоии  китобномаи адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода доир гардид. Дар ин ҳамоиш олимону шоирон, намояндагони ВАО ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии  Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз гардид. Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, китобҳои шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруф ва машҳури ҷомеаи кишвар аз зумраи вазифаҳои Китобхонаи миллӣ дониста шуда, рушди он пайваста аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад. Зарфи ин чанд соли охир як силсила дастурҳои библиографии шахсиятҳои шинохтаву донишмандони маъруф, шоирону нависандагон омода ва чоп шуд ва кулли онҳо ҳамин гуна дар ҳузури устодони каломи бадеъ ва олимони нуктасанҷ рӯнамоӣ шуд.

Директори-Китобхонаи-миллӣДиректори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ дар бораи хидматҳои шоёни донишманди маъруф ҳарф зад ва фармуд: “Устод Аламхон Кӯчарзода аз зумраи донишмандоне мебошанд, ки тӯли даҳсолаҳо бо шогирдӣ дар мактабҳои инсонсози пажӯҳишгарони арҷманд батадриҷ роҳу равиши хосаи худро дар илм пайдо карданд ва то ба зинаи як олими соҳибмактаб расиданд. Гувоҳи ин даҳҳо шогирдони донишманди ишонанд, ки соҳиби унвону ҷоизаҳои илмӣ шудаву дар майдони илм бо таҳқиқоту пажӯҳишҳои муҳим гомҳои мустаҳкам мебардоранд. Зумрае аз шогирдони устод дар ин ҷамъ ҳузур доранд ва умедворам аз ин боб ҳикоят хоҳанд кард”.

Абулҳай-МаҳмадаминовДар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абулҳай Маҳмадаминов суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Аламхон Кӯчарзода на танҳо адабиётшинос  балки суханвари варзида ва шоири  муваффақ низ мебошад. Профессор Маҳмадаминов аз замони аввалин шиносоии худ бо Аламхон Кӯчарзода ба ёд оварда, иброз дошт, ки аз замоне ки ӯро мешиносам, пайваста дар ҷустуҷу аст, ҳамеша мутолиа мекунад ва аз ҳамон замонҳо яъне зиёда аз 50 сол боз бо матбуот ҳамкорӣ дорад. Мақолаҳои аввалинашро ҳанӯз замони донишҷӯӣ навиштааст.

Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои шарқ” Рустам Ваҳҳобзода низ дар робита ба осори профессор Кӯчарзода изҳори назар намуда, гуфт, ки дар матншиносӣ ва назарияи адабиёт касе чун Аламхон Кӯчарзода заҳмати беминнат накашидааст. Маҷмуаи шеърҳо низ дорад, ки мо борҳо онҳоро дар маҷаллаи “Садои шарқ” истифода намудаем. Якчанд мақолаҳои хуби таҳлилии ӯ низ дар маҷаллаи мо рӯи чоп омадаанд. Ва бешак ба нашр расидани китобномаи шарҳиҳолии профессор Кӯчарзода барои тамоми устодон ва донишҷуёни риштаҳои филологӣ хеле баманфиат ва зарурӣ мебошад.

Шамсиддин-СолеҳовДоктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов аз чопи чунин китобнома изҳори хушнудӣ намуда, ин падидаро барои тамоми устодон ва онҳое, ки ба адабиёт таваҷҷуҳи махсус доранд табрик намуд. Профессор Солеҳов ҳамчунин гуфт, ки тамоми осор ва навиштаҳо дар бораи Аламхон Кӯчарзода муҳим ва барои насли ҷавон зарурӣ мебошанд. Китобхонаи миллӣ ин иқдоми худро идома дода барои дигар олимону нависандагони мо чунин дастурҳоро таҳияи  намояд, мо ҳамеша омодаем дар дастрасии маводҳои зарурӣ бо онҳо ҳамкорӣ кунем.

Дар тақвияти ин суханҳо доктори илмҳои филологӣ, профессор Шоҳзамон Раҳмонов гуфт, ки навиштаҳои Аламхон Кӯчарзода ҳамагӣ барои адабиёти мо садсолаҳо хидмат мекунанд. Матншиносӣ ва маҳорати хуби шеърдонии устод Кӯчарзода дар адабиёти назариявии мо бисёр муҳим ва зарурист, ки дар матн вақте як ҳарф барғалат истифода гардад, кулли маъно дигар гашта, барои хонанда низ нофаҳмо мегардад. Дар ин радиф хидмати профессор Кӯчарзода шоистаи таҳсин  ва дастгирист.

Ҳафиз-РаҳмонДонишманди маъруф, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон ба чоп расидани дастури библиографии “Аламхон Кӯчарзода. Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”-ро  иқдоми хуби Китобхонаи миллӣ арзёбӣ намуд ва зимнан иброз дошт,  якчанд мақолаву навиштаҳои худи ӯ дар бораи профессор Кӯчарзода дар китоб ҷой дода нашудаанд.  Номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода, ки аз ҷумлаи мураттибони ин китобнома мебошад, шарҳ дод, ки чаро баъзе мақолаву навиштаҳои устодону шогирдон аз назар дур мондааст.

Дар поёни нишаст профессор Аламхон Кӯчарзода бо изҳори ташаккур аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои таҳия ва чопи ин китобнома иброз дошт, ки ҷойи хушист, ки ин муассисаи маъруф ба нашри чунин дастурҳои библиографӣ машғул аст. Мо аз аввал барои таҳияи ин китоб бо шуъбаи библиографияи миллӣ ҳамкорӣ доштем ва чанд рӯз шахсан китобро аз назар гузаронидаам. Аммо маълум, ки мо  ҳоло ҳам бештар бояд ҳамкорӣ кунем. Умедворем, ки дастури мазкур барои муҳаққиқон, донишмандони соҳаи адабиёт, матншиносӣ, донишҷӯён, унвонҷӯён ва доираи васеи истифодабарандагон ҳамчун сарчашмаи муътамади маълумотӣ хидмат хоҳад кард.

Аламхон КӯчарзодаАламхон Кӯчарзода аз зумраи маъруфтарин донишмандони кишвар аст, ки дар тағибу ташвиқ, пажӯҳишҳои пурарзиш дар соҳаи адабиёт, забон, матншиносӣ дар рушди илм саҳми шоиста дорад. Ӯ Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ордени “Дӯстии халқҳо” сазовор шудааст. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз соли 2017) мебошанд.

Наргис НАЗАРЗОДА