Рӯнамоии  китоби “Чеҳраи ҳунар” дар Китобхонаи миллӣ

Чеҳраи ҳунарШуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ  рўнамоии китоби «Чеҳраи ҳунар», ки  ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова бахшида шудааст,  баргузор  кард.

Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиш Ҳунармандони саршиноси кишвар, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шаҳринав, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чеҳраи ҳунарҶалолуддин Нурзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар оғози нишаст суханронӣ намуда, хозиринро ба маҳфили шеъру адабу ҳунар хуш омадед гуфт. Муовини директори Китобхонаи миллӣ зимни баромади худ қайд кард, ки театру синамо ва ҳунармандон ҳамеша дар маркази диққати давлату ҳукумат қарор дошта, ҳунари эшон қадр карда мешавад. Ӯ инчунин таъкид дошт, ки шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар Китобхонаи миллӣ фаъолияти густарда дошта, ҳамеша маҳфилу нишастҳо доир ба ҳаёту фаъолият ва рӯзгори ҳунармандон баргузор менамояд ва имрӯз муаррифии як чеҳраи шинохта,Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки ҳамагон дӯсташ медорем Майрам Турсунова маҳз  бо ташаббуси шуъбаи мазкур роҳандозӣ гардидааст.

Чеҳраи ҳунарДар тўли фаъолияти худ Майрам Турсунова дар зиёда аз 100 намоиш дар театр нақш бозидааст. Нақшҳои офаридаи ў хеле самимиву пуртаъсир баромада, сазовори таваҷчуҳи тамошобинон гардидааст. Аз ҷумла нақши Каҷакхон аз «Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ, Хайрихон аз «Ҷон модаракон»-и Абдулло Қаҳҳор, Парӣ аз «Гилеми кабуд»-и Тўрахон Аҳмадхонов, Маҳинбону аз «Ҷияни хира»-и Шодӣ Солеҳ ва ғайра.

Дар идома Ортиқ Қодир, Асалбек Назриев, Тағоймурод Розиқов, Муҳаммади Мирзоалӣ ва чанде аз ҳунармандони дигари театр, ки бо Майрам Турсунова солҳои тулонӣ якҷоя кор кардаанд, суханронӣ намуда, эшонро барои  таҳияи китоби “Чеҳраи ҳунар” муборак бод гуфтанд.

Қисмати фароғатии чорабиниро ҳунарнамоии ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шаҳринав ҳусну таровати  дигар бахшид.

Ҳамчунин ба хотири ҳаловати тамошобинон Майрам Турсунова ва дигар ҳунармандони театр порчаҳои намоишномаҳои гуногуни театриро иҷро намуданд.

Дар маҳфилДар маҳфил қайд гардид, ки маҷмуаи “Чеҳраи ҳунар” аз рӯзгор ва фаъолияти бонуи хушзавқ, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова, ки панҷоҳ соли умри худро дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сипарӣ намудааст, қисса мекунад.

Аз мутолиаи ин маҷмуа хонанда метавонад, ҳамзамон бо чеҳраҳои дигари шинохтаи театри тоҷик, ки қаҳрамони асосии навишта бо онҳо ҳамкорӣ намудааст,ошно  мегардад.

Чеҳраи ҳунарМутолиаи “Чеҳраи ҳунар” барои дӯстдорони театр ва онҳое, ки бо ҳунари актёрӣ шавқу завқ доранд, тавсия дода мешавад.

Мураттиби китоб Ҳотами Ҳомид, муҳаррир Шоди Раҷабзод, ороиш ва саҳифабандии Ҳаётулло Холов ва мусаҳҳеҳ Ҳ.Шаҳриёр мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд,  маҷмуаи мазкурро дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.