Рӯнамоии китоби «Си Ҷинпин дар бораи идоракунии давлатӣ»

Имрӯз – 05.08.2026 дар шаҳри Душанбе рӯнамоиии ҷилди панҷуми китоби Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин таҳти унвони «Си Ҷинпин Дар бораи идоракунии давлатӣ» баргузор гардид, ки дар кори он директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Лутфия Абдулхолиқзода иштирок намуд.
Дар рӯнамоии китоби мазкур олимону муҳаққиқони тоҷик, ходимони давлатию дипломатӣ ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни рӯнамоии китоб Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Го Чжитсзюн баромад намуда, муаррифии ин китобро, ки дар фазои дӯстию бародарии байни ду давлат баргузор мешавад, нишонаи ҳамкориҳои неки фарҳангии ду кишвар унвон кард.

Ҳамчунин, дар нишаст сиёсатмадорон, олимону муҳаққиқони риштаҳои дипломатӣ ва иқтисодшиносон суханронӣ карда, ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро намунаи волои ҳамгироӣ ва шарикии стратегӣ унвон намуданд.
Дар рӯнамоии китоб, маърӯзачиён доир ба усулҳо ва равиши идоракунии Си Ҷинпин дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, дастгирии лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз таваҷҷуҳи бевоситааш дар заминаҳои сармоягузорӣ дар самти роҳу нақлиёт ва кишоварзию саноат дар Тоҷикистон ёдовар шуда, дӯстию рафоқати роҳбарони ду давлатро василаи муҳим дар рушди муносибатҳои неки мардумони ду кишвар унвон карданд.

Дар фарҷоми рӯнамоии китоб сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Го Чжитсзюн китоби «Си Ҷинпин Дар бораи идоракунии давлатӣ»-ро ҳамчун рамзи эҳтиром ба директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Лутфия Абдулхолиқзода тақдим намуд.

Ҷилди панҷуми китоби «Си Ҷинпин Дар бораи идоракунии давлатӣ» дар ҷараёни коркарди китобдорӣ супорида шуда, рӯзҳои наздик ба истифодаи умум супорида мешавад. Ҳаводорони китоб метавонан онро аз Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолеа намоянд.
Самияпочо Мухторова,
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ