Рӯнамоии китобномаи шарҳиҳолии Ато Мирхоҷа дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯнамоии Китобномаи шарҳиҳолии шоир, нависанда, журналист, тарҷумони маъруф, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш олимону шоирон, намояндагони ВАО ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Ин нишаст бо сухани ифтитоҳии директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз гардид. Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт, ки таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, китобҳои шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруф ва машҳури ҷомеаи кишвар аз зумраи вазифаҳои Китобхонаи миллӣ дониста шуда, рушди он пайваста аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад. Зарфи ин чанд соли охир як силсила дастурҳои библиографии шахсиятҳои шинохтаву донишмандони маъруф, шоирону нависандагон омода ва чоп шуд ва кулли онҳо ҳамин гуна дар ҳузури устодони каломи бадеъ ва олимони нуктасанҷ рӯнамоӣ шуд.
Сарвари Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ дар бораи Ато Мирхоҷа ҳарф зад ва гуфт, ки шоири маъруф ҷумлаи адибонест, ки шояд ин ҷо ниёз ба шиносоӣ надошта бошад, чун ҳозирин муҳтарам аз удабо ва чеҳраҳои саршиноси кишваранд, ки Ато Мирхоҷаро хеле аз наздик мешиносанд. Аввалин шеърҳои Ато Мирхоҷа 33 сол пеш, соли 1991 бо дастгирии шоири маъруф Камол Насрулло дар маҷмуаи дастҷамъии “Боли парвоз” бо номи “Тасмаи мардон” чоп шудааст. Аммо Ато Мирхоҷа аввалин шеърҳояшонро хеле пештар, замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард, навиштаву зери назар ва тавсияҳои Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар матбуот чоп кардааст.
Нахустин маҷмуаи мустақили ашъори адиби шинохта соли 2003 бо номи “Ишқ ва ашк” рӯи чоп омада, баъдан ду китоби дигари ишон бо номҳои “Шакарганҷ” (2006), “Нафаси дувум” (2013) ба дасти хонанда расидааст.
“Чуноне мебинем, Ато Мирхоҷа дар фосилаи начандон дури замонӣ, бо вуҷуди он ки масъулиятҳои муҳими кориву вазифавӣ доштанд, муовини аввали сардабири “Ҷумҳурият”, сармуҳаррири нашрияи “Нақлиёт” ва ғайра буданд ва имрӯз масъулияти дигари баланд дар Иттифоқи нависандагони кишвар доранд, тавонистанд китоби ашъорашонро чоп ва аз худ чун як шоири ояндадор дарак диҳад”, -гуфт профессор Ҷумахон Файзализода.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод аз фаъолияти шоирию нависандагии Ато Мирхоҷа сухан кард ва ба он баҳои баланд дод Ӯ таъкид кард, ки “Саройи санг” яке аз беҳтарин романҳои замони нав аст, ки дар адабиёт таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд овард ва ин паҳлуи фаъолияти шоирро ҳамчун муаррихи замон равшан мекунад. Истеъдоди драмманависии Ато Мирхоҷаро бешак бояд эътироф кард, чун ҳамтояшонро адабиёти замони нав хеле кам дидааст, – гуфт ӯ.
Рустам Ваҳҳобзода – Шоири халқии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи шоир ва нависандаи маъруф Ато Мирхоҷа дар маҷалла ёдовар шуда, гуфт, ки воҷеан “Садои шарқ” барои таҳрик додани Ато Мирхоҷа дар рӯ овардан ба наср хеле саҳм дорад, чун мо солҳои зиёд фаъолият кардем ва инчунин романи машҳури ӯ “Саройи санг” қисм – қисм дар маҷаллаи мо чоп шудааст. Чун воқеан арзиши маънавии асар хеле болост.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш Азизи Азиз, нависандаи бачаҳо зимни суханронии худ гуфт, ки барои кӯдакон навиштан маҳорати хеле зиёд талаб мекунад ва шоири бачагона будан хеле лаззатбахш аст. Вай аз саҳми Ато Мирхоҷа дар рушди адабиёти бачагона ҳарф зад ва иброз дошт, ки чанд офаридаи адиб дар ин мавзуъ бидуни шак дар қатори асарҳои мондагор хоҳанд буд.
Азизи Азиз таҳияи чунин дастурҳоро амри саривақтӣ дониста, пешниҳод намуд, ки минъбаъд метавонанд, дар охир якчанд саҳифаро холӣ монанд, чун китоби наве чоп шавад, хонанда онҷо илова мекунад, ва дар нашрҳои баъди китоб мукаммалтар мегардад.
Наҷмиддин Шоҳинбод, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бораи фаъолияти рӯзномагории Ато Мирхоҷа ҳарф зад ва ӯро яке аз адибжурналистони ангуштшумори муваффақи давр номид. Ато Мирхоҷа муаррихи Кӯистони Бадахшон, аз камтарин журналистоне аст, ки рӯрост ҳарф мезанад ва арзанда аст, ки қалами ӯ ва эҷодаш қадр карда шавад.
Дар қисмати дигари ҳамоиш Раънои Мубориз, Салими Зарафшонфар, Сироҷиддин Эмомалӣ ва дигарон назару андешаҳои худро дар иртибот ба дастури библиографии мазкур баён намуда, иброз доштанд, ки бидуни шак маҷмуа ба донишҷӯёну омӯзгорон, дӯстдорони каломи бадеъ, адабиётшиносону муҳаққиқон ва доираи васеъи хонандагон ҷиҳати пажӯҳиш ва омӯзиши осори Ато Мирхоҷа кӯмак мерасонад.
Дар фарҷом Ато Мирхоҷа ба ҳамаи касоне, ки дар таҳияи ин китобнома саҳм гирифтанд, изҳори сипос кард ва гуфт, ки дар воқеъ барои рӯи кор омадани ин гуна дастурҳо вақти зиёд ва таҳқиқи пайваста лозим меояд, вале бовар дорем барои муҳаққиқони ҷавон бисёр маводи хуб мешавад. Ӯ инчунин якчанд нусха романи “Саройи санг”-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуда, таъкид кард, ки минбаъд ҳамкориҳои мо бо ин макони илму адаб идома хоҳад ёфт.