Рӯнамоии китобномаи тарҷумаиҳолии «Карим Абдулов» дар Китобхонаи миллӣ

Карим АбдуловШуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ ба ифтихори 85-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои ба номи академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Алоуддин Баҳоваддинов, ҷоизаи адабии ба номи Хоҷа Камол ва ҷоизаи Иттифоқи рўзноманигорон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд», номзади илмҳои иқтисодӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, ҷомеашинос, сиёсатмадор, адиби маъруф Карим Абдулов рӯнамоии китобномаи шарҳиҳолии ў “Карим Абдулов”-ро баргузор кард.

Рўнамоиро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол ҳусни оғоз бахшида, аз фаъолият ва вазифаҳои шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхона ва толори академикҳо ва докторони илм чанд сухан гуфт. Тавре сарвари Китобхонаи миллӣ дар суханрониаш зикр намуд, вазифаи асосии  толори академикҳо ва докторони илм ҷамъоварию гурўҳбандӣ ва омўзишу тарғиб қарор додани захираи китобхонаҳои шахсии академикҳо ва докторони илм мебошад. Боиси зикр аст, ки дар радифи 35 китобхонаҳои шахсии донишмандони тоҷик дар Толори академикҳо ва докторони илм китобхонаи шахсии устод Карим Абдулов бо захираи беш аз 1000 нусха китоб низ амал мекунад, ки ҳамарўза аз ин махзани китобхона хонандагони бешумор истифода мекунанд. Дар ин фонд тамоми осори устод, аз ҷумла силсилакитобҳои ў “Дар ин дунё” иборат аз 16 ҷилд барои истифодаи умум пешниҳод шудаанд, иброз намуд профессор Файзализода.

Директори Китобхонаи миллӣ дар маҳфили рўнамоии китобномаи шарҳиҳолии “Карим Абдулов” иттило дод, ки имрўз таваллуди устоди гиромиқадр Карим Абдулов аст ва ба ин муносибат мутахассисони китобхона як армуғони идона – китобномаи шарҳиҳолии устод Карим Абдуловро таҳияву интишор намудаанд, ки осори чопию электронӣ ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти илмию эҷодии ўро дар бар мегирад.

Китобнома аз пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм, 10 боб ва 14 зербоб иборат аст.

Дар мақолаи муқаддимавӣ оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, адабӣ ва омўзгориву роҳбарии устод Карим Абдулов аз ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам маълумоти мушаххас дода шудааст.

Дар қисми якуми китобнома номгўи осори илмӣ, илмӣ-оммавӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ ва публитсистикии олим аввал дар шакли нашри алоҳида дар китобу маҷмуаҳо бо тартиби замони нашр паси ҳам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ўзбекӣ ва сипас бо риояи ин усул дар нашрҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор муаррифӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми китобнома дар заминаи маводи интишорёфтаи чопӣ ва электронӣ номгўи осори марбут ба зиндагинома, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва публитсистикии Карим Абдулов шомил шудаанд.

Дар қисми сеюми китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд, ки ҳадафи онҳо кўмак расонидан дар раванди пажӯҳиш ва дарёфти осори зарурӣ мебошад.

Китобнома дар асоси захираи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашрҳои библиографии Хонаи китоби Тоҷикистон, манобеи электронии сомонаҳои интернетӣ тартиб дода шуда, 569 маводи чопию электронии солҳои 1968-2023 нашршударо фаро гирифтааст, ки аз ин ҳисоб 420 номгўи онҳо ба қалами устод Карим Абдулов тааллуқ доранд, афзуд дар хотима директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода.

Дар рўнамоии китобномаи шарҳиҳолии “Карим Абдулов” як зумра адибон, ҳунрамандон, наздикону дўстон ва аҳли зиёи кишвар ширкату сухнронӣ намуда, хотираҳояшонро доир ба ин шахсияти маъруф нақл намуданд.

Карим АбдуловҶўрабек Муродов, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ аз меҳнатдўсту фарзанддўст будани Карим Абдулов ёдовар шуда, афзуд, ки “он кас  дўстонро эҳтиёт мекарданд, янгаро бисёр дўст медоштанд.

Бо Карим Адбулович аз солҳои 1963 бародар ҳастем. Замони истиқлол низ ҳамроҳ бисёр кор кардем. Падарашон бо падарам шинос шуданд. Ба кор омадем, он вақтҳо ба олимпиада омадем, ҳоло «Бўстон». Бародарон ба Донишгоҳи миллӣ аз Самарқанд, Мастчоҳ, Ғарм, Хатлон, Бадахшон омада буданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маош намедоданд, аммо он кас ҳар рўз ба театр ба кор мерафтанд, ҳайрон мешудам. Маош 1 сум буд, ҳамонро ҳам намегирифтанд. Мерафтанд, ки ба писарашон кўмак кунанд. Ҳар ҳафта як рўз, ду рўз ҳамаи шоирону нависандагон, олимону ҳунармандонро ҷамъ карда, суҳбат карда зиёфат медоданд. Он замонҳо ин кор осон набуд, ҳоло шояд хандаовар бошад. Одамон ба як бурда нон зор буданд, барои нон навбатпойӣ буд.

Яке аз идеологҳои барҷаста буданд. Дар вақти Карим Абдулович дар вилояти он вақт Ленинобод дар майдонҳои варзишӣ барномаҳои консертӣ, шабҳои эҷодӣ бо ҳузури ҳунармандон ва шоирон Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Бозор Собир…  ташкил мекарданд, дар донишгоҳҳо низ вохўриҳо барпо мекарданд.

Карим АбдуловАбдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон Карим Абдуловро ҳаводори адабиёт ва ҳунар гуфт. Ў ҳамчуни илова намуд, ки фаъолияти Карим Абдулов густурда буд. Лекин дар баробари ҳамаи ин дил доштанд, ҷавонмардӣ доштанд, баъзе фазилатҳое доштанд, ки дигаронро ба худашон ҷалб карда метавонистанд ва  дигарон низ он касро пазируфта метавонистанд.

Албатта он тавре, ки тасаввур мекунем, зиндагии ҳамвор надоштанд, талхӣ ҳам диданду душворӣ ҳам. Ба ҳамаи мо мисли бародар буданд.

Зиндагӣ як қоидаи нонавишта дорад, ки инсонҳо то ҳастанд, ба кораш ҳар гуна баҳо медиҳем, вақте аз сар мераванд, мебинем ки ҷояшон холист. Карим Абдулович бисёр дидадаро ва дўстдоштанӣ буданд, гуфт дар охир адиби маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Абдулҳамид Самад.

Муҳаммад Эгамзод, сардори шуъбаи кишварҳои Осиёи Ҷануби-Шарқӣ ва Уқёнуси Оромии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чунни иброз дошт:

Дар ин маҳфили пероста, ки сипаҳсолорони сухан, аҳли илму адаб ва санъати тоҷик нишастаанд, сухан гуфтан осон нест. Аммо бо вуҷуди ин мехоҳам аз паҳнои хотираҳоям чанд лаҳзаро ёдовар шавам.

Карим АбдуловАввал ин ки ман бо хонаводаи устод Карим Абдулов иртиботи ниҳоят назик дорам. Ҳанўз ибтидои солҳои 1990 бо писари шодравон устод Олимҷон, ки дар телевизион бо ҳам кор мекардем, дўсти наздик будем. Вақте ў дар лаб табассум ҷаҳонро ба таври фоҷиавӣ тарк гуфт, соле пас китоби ман бо номи «Бозгашти субҳи дирўз» дар Москва чоп шуд.

Шинохти ман аз устод Карим Адбдулов торафт таҳкиму тавсеа ёфт. Устодро як шахсияти барҷаста, ходими давлативу ҷамъиятӣ, инсони нек шинохтаву эътироф кадам. Устод тараннумгари меҳри Ватан ва муҳаббати миллат, таҳкими давлату давлатдорӣ, сулҳу оштии милӣ мебошанд, ки дар асару мақолаҳои худ аз талошу заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд гуфтанд.

Ибтидои солҳои 2000-ум устод ба Маскав омаданд. Он замон ман дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳти сарварии устоди гиромӣ, Шодравон Сафар Сафаров фаъолияти корӣ доштам.

Карим АбдуловичКарим Абдулович бо як ҷиддият ба худ хос гуфтанд ки роҳбарии Кумитаи иҷроияи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар дўш гирифтаанд ва бо баъзе дастурҳо ба Россия омадаанд. Пеш аз ҳама, бо дастури Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бояд қабри устод Лоҳутиро дар дар қабристони Новодевиче пойтахт обод кунем. Ин кори хайрро устод ба сифати баланд ба иҷро расонданд ва дар он ҷо маҳфили пардабардорӣ аз муҷассамаи устод Лоҳутиро бо иштироки нависандагони рус ва диаспораи миллии тоҷикон баргузор намуданд.

Дар ҳамоиш чеҳраҳои дигари илму ҳунари тоҷик ширкат ва суханронӣ карданд.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.