Рушд ва таҳаввули фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳалаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки давраи эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гардид. Дар ин раванд китоб ва китобхона ҳамчун муҳимтарин воситаи ҳифзи хотираи таърихӣ, густариши маърифат, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҷомеа ва тарбияи насли наврас ҷойгоҳи махсус пайдо намуд.

Дар ҷомеаи муосир китобхона на танҳо маҳалли нигоҳдории китоб, балки он ба муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта, барои қонеъ гардонидани талаботи маънавию иттилоотии шаҳрвандон хидмат мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» низ китобхонаро ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишӣ муайян намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ, моддӣ  ва технологӣ марҳилаҳои муҳимми рушдро тай намуд. Имрӯз китобхонаҳои кишвар дар баробари вазифаҳои анъанавии худ ба самти рақамикунонӣ, хизматрасонии электронии иттилоотӣ, ташкили захираҳои рақамӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба мутолиа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол дар соҳаи китобдорӣ ташаккули заминаи ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» 1 августи соли 2003 заминаи муҳимми ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро фароҳам овард. Қонун муносибатҳои вобаста ба ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии миллӣ ва ҷаҳониро танзим менамояд.

Қонун ҳуқуқи шаҳрвандонро ба хидматрасонии китобдорӣ муқаррар намуда, рушди шабакаи китобхонаҳои дастраси умум, оммавӣ, илмӣ ва махсусро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин масъалаҳои ташкили фонди китобхонаҳо, хидматрасонии иттилоотию библиографӣ, ҳифзи мероси хаттӣ ва фарҳангӣ ва таъминоти илмию методии соҳа дар он ҷойгоҳи муҳим доранд.

Такмили минбаъдаи қонунгузорӣ низ барои мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи замон мусоидат намуд, зеро ба Қонуни «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» дар солҳои минбаъда тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Ҳамзамон рушди соҳаи китобдорӣ дар доираи қонунгузории марбут ба фарҳанг, ҳуқуқи муаллиф ва ҳифзи мероси фарҳангӣ сурат гирифтааст. Ин заминаи ҳуқуқӣ имкон дод, ки китобхонаҳо ҳамчун қисми муҳими низоми фарҳангӣ ва иттилоотии кишвар фаъолият намоянд.

Дар даврони истиқлол барои рушди фаъолияти китобдорӣ як қатор барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2015», “Барномаҳои рушди Китобхонаи миллӣ, барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ” ва дигар барномаҳои соҳавӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии китобхонаҳо мусоидат намуданд.

Дар марҳалаи нав ба масъалаи рушди технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ, такмили фондҳо, рушди таҳқиқоти илмӣ ва методӣ, омода намудани мутахассисони соҳа  ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.

Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027” низ чунин самтҳоро, аз ҷумла такмили фондҳо, татбиқи менеҷмент ва маркетинги китобдорӣ, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, рушди таҳсилоти китобдорӣ ва таҳкими заминаи моддию техникиро дар бар мегирад.

Яке аз вазифаҳои асосии Китобхонаи миллӣ ҳифзи мероси хаттӣ мебошад. Тоҷикистон дорои таърихи бойи китобу китобдорӣ буда, дастхатҳо, осори нодири хаттӣ ва нашрияҳои қадима қисми муҳимми мероси фарҳангии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Дар даврони истиқлол ҳифз, ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва муаррифии ин мерос таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Қонунгузории кишвар фаъолияти китобхонаҳоро дар самти ҳифз ва истифодаи фондҳо ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба танзим медарорад.

Имрӯз дар фонди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2770 дастхати нодир ва 2697 китобҳои чопи сангӣ ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Рақамикунонии чунин мавод яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи дарозмуддати он мебошад. Илова бар ин, таҳияи феҳристҳои гуногун ва нашри маводи нодир барои таҳқиқоти илмӣ аҳамияти калон доранд.

Дар маҷмӯъ, даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии соҳа такмил ёфта, барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодаанд ва муассисаҳои бузурги китобдорӣ рушд карда, заминаи моддию техникии он  таҳким ёфт ва технологияҳои муосири иттилоотӣ тадриҷан ба фаъолияти китобхонаҳо ворид гардиданд.

Назар Баҳрулло, сардори шуъбаи дастхатҳои

Шарқ ва китобҳои нодир