Рушди иттилоот дар давраи Истиқлол

Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи   ҷаҳонӣ ин шинос намудани насли наврас бо дастовардҳои навтарини илм, технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар ин замина омода сохтани мутахассисони баландпоя мебошад.  

             Эмомалӣ Раҳмон        

Инқилоби илмию техникӣ, ки дар аввали асри гузашта ба вуҷуд омада буд, ба куллӣ раванд ва сохтори истеҳсолот, мавқеи инсон дар он ва тарзи ҳаётгузарониро дигаргун карда, боиси баландбардории мавқеи иттилоот дар тамоми ҷанбаҳои ҷомеа гардид.

Возеҳ аст, ки технологияҳои муосири иттилоотию комуникатсионӣ барои инсон имкониятҳои нави воридшавӣ ба донишҳои иттилоотиро фароҳам меоварад. Аз ин лиҳоз, зарурате ба миён меояд, ки бояд инсон барои зистан дар шароити нави муҳити автоматикунонидашудаи  иттилоот омода бошад ва бар замми он аз самаранок истифода бурдани технологияҳои муосир ва тарзҳои ҳифз аз таъсири манфии онҳо бархурдор бошад.

Лекин гуфтан бамаврид аст, ки технологияҳои муосир худ аз худ сар назадаанд ва барои ташаккули саводнокии иттилоотии инсон, назаре ба таърих рў меоварем.

Ҳанўз дар асри 18 дар Аврупо аз нахустин дастгоҳҳои дастӣ ба саноати бузург қадам ниҳоданд. Самаранокии истифодаи қувваи барқ низ яке аз сарчашмаҳои асосии халосӣ аз бўҳрони иттилоотӣ гардид.

Инқилоби илмию техникии садаи 20-ум, ки дар натиҷаи пешравиҳои асрҳои 18-19 ба миён омада буд, дар асрҳои минбаъда, дар асоси пешравиҳои илму техника робита пайдо намуда, боиси сохтани мошинҳои махсус ва ба таври фаврӣ васеъ кардани алоқа саҳмгузор гардид.

Ташаккули саводнокии иттилоотӣ ва комуникатсиониро имрўзҳо метавон чун яке аз вазифаҳои афзалиятнок ва муҳим ҳисобид. Ҷомеа ба давраи иттилоот ворид мегардад. Он ҷомеаро, ки бештар аз  50 % аҳолиаш ба соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ банд бошад, ҷомеаи иттилоотӣ ном бурдан бамаврид аст. Хусусияти фарқкунандаи ин ҷомеа дар зиёд гардидани нуфузи иттилоот дар ҳаёти ҷомеа ва афзоиши сатҳи коммуникатсияи иттилоотӣ мебошад.

Муссалам аст, ки дар соҳаи маориф низ пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд. Баланд бардоштани сифати таълиму омўзиш, тавассути такмили усулҳои нави таълим, мусоидат ба раванди таҷрибагузаронӣ ва мубодилаи иттилоотӣ, – аз ҷумлаи мақсадҳои стратегии ЮНЕСКО дар робита бо соҳаи маориф мебошад.

 

Дар хоҷагии ҷаҳонии муосир тағйироти куллӣ ба вуҷуд омада истодаанд. Ин нуктаи назар водор месозад, ки донишҷўён низ дониши мукаммал нисбати технологияҳои муосир, барномаҳои мухталиф пайдо намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳиссаи худро гузоранд. Рушди раванди иттилоотии ҷомеа ва татбиқи стратегияи комуникатсионӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон проблемаи амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаи болотар бардоштааст. Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра Қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (соли 2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (соли 2008),  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» (соли 2012) ва ғайра.

Имрўзҳо дар тамоми дунё вазифаи муҳимми истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва комуникатсионӣ дар мадди аввал истодааст. Зеро ин гуна технологияҳо барои ба донишомўзон додани дониш ва малака дар асри нав хеле зарур мебошанд. Технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ як омили муҳим барои пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон ба шумор рафта, гузашта аз он, муболиға нест, ки бидуни технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи муосирро тассавур кардан ғайри имкон аст.

Бо пайдоиши технологияҳои нав, таҳия ва татбиқи муваффақонаи барномаҳое, ки бо технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ асос ёфтаанд, омили асосии ислоҳот ва рушди иттилоот дар давраи истиқлолият номидан мумкин аст.

Маърифат Ахмедова,

Сармутахассиси шуъбаи адабиёти

техникӣ ва илмҳои дақиқ.