209 сол пеш дар ин рӯз. Таваллуди муаллифи романи “Ҷейн Эйр” Шарлотта Бронте
209 сол пеш аз ин нависанда ва шоири аҳли Инглистон Шарлотта Бронте ба дунё омада буд. Ӯ ва ду хоҳараш аз нависандагони шаҳири Ингилстон ҳастанд. Ҳарчанд умрашон басо кутоҳ буд, вале соҳиби шуҳрат буданд. Маъруфтарин китоби Шарлотта Бронте “Ҷейн Эйр” мебошад, ки ба бисёре аз забонҳои олам, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва чоп шудааст.
Шарлотта Бронте умри зиёд надид, ҳамагӣ 38 сол зист. Аммо ба хотири осори мондагораш миёни аҳли адаб ва ҳаводорони адабиёти олам шуҳрати абадӣ ёфт.
Шарлота Бронте 21-уми апрели соли 1816 дар Торнтони Англия чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Шарлотта дар оилаи коҳини деҳоти Йоркшир ба воя расидааст. Ҳамагӣ панҷсола буд, ки модараш даргузашт ва падараш – рӯҳонии камбағал бо панҷ духтару як писар танҳо монд. Патрик Бронте, ки худ он қадар саломатиаш хуб набуд, ба тарбияи фарзандонаш чандон аҳамият намедод. Кӯдакон ба ҳоли худ ва нигоҳубини хоҳари 8-солаашон Мария, ки масъулияти пешбурди хонавода бо пасандози ночизро ба ӯҳда дошт, буданд.
Ҳодисае, ки дар ҳаёти хилвати ин оилаи аҷиб осори амиқ гузоштааст, ба мактаб рафтани хоҳарони калонӣ Мария ва Елизавета буд. Мактаби бадманзара, ки барои рушди рӯҳии онҳо чизе намедод ва саломатии бе ин ҳам заифи онҳоро хароб мекард, аз ҷониби Шарлотта дар романи «Ҷейн Эйр» равшан тасвир шудааст. Пас аз як сол, Мария ба хона бемор баргашт ва баъди чанде вафот кард, пас аз чанд моҳ хоҳари дуюм Елизавета низ аз паи ӯ ҷаҳонро падрўд гуфт. Саробонии оила ба дўши Шарлоттаи 9-сола монд. Ў маҷбур шуд, ки вазифаи зани хонашинро ба дӯш гирад ва таҳсилашро дар хона идома диҳад.
Дар сукут ва танҳоӣ Шарлотта худро ба навиштан ва эҷодиёт бахшидааст. Дар соли 1835, Шарлотта вазифаи мураббияи оилавиро ба дўш гирифт, аммо саломатии бад ва тоқатфарсо будани зиндагӣ дар хонаи каси дигар ӯро маҷбур кард, ки аз ин фаъолият даст кашад. Шарлотта ва хоҳарони хурдиаш хостанд, ки мактаб кушоянд. Бинобар ин ӯ ва хоҳараш Эмили тасмим гирифтанд, ки дониши худро дар бораи забон ва адабиёти фаронсавӣ васеъ кунанд ва бо ин мақсад соли 1842 ба Брюссел рафтанд. Хоҳарон ба ватан баргашта, ниҳоят бо аввалин самараи кори адабии худ баромад карданд. Дар баҳори соли 1846 як ҷилди хурди ашъори онҳо бо тахаллуси Коррер (Шарлотта), Эллис (Эмилия) ва Актон (Анна) Белл пайдо шуд, ки аз назари мардум нодида монд. Ин нокомӣ хоҳаронро дилсард накард ва онҳо бо ҳамин шавқу ҳавас ба навиштани ҳикояҳо машғул шуданд: Шарлотта достони «Омўзгор», Эмилия «Ағбаи раъду барқ» ва Анна «Агнес Грей»-ро навишт. Ду достони охир ношир ёфтанд, вале «Омўзгор»-ро ҳама рад карданд. Сарфи назар аз ин, Шарлотта кори адабии худро бо шавқу ҳаваси хоси худ идома дод.
Моҳи октябри соли 1849 романи нави ӯ «Ҷейн Эйр» пайдо шуд ва дарҳол ба муваффақияти бузург ноил гардид. Кам китобе, ки дар сарлавҳаи онҳо номи муаллифаш номаълум аст, бо чунин таваҷҷўҳи умумӣ ва бечуну чаро пазируфта шудаанд.
«Шерли» – романи дуюми Шарлотта Бронте, ки бо тасвири моҳирона, тасвири ҳаёти синфи коргари музофот шавқи махсусро ба худ ҷалб мекард, дар шароити ниҳоят аламангези ҳаёти нависанда навишта шудааст. Моҳи сентябри соли 1848 бародараш Бранвелл Бронте, ҷавони умедбахшу боистеъдод, пас аз чанд соли зиндагии парешон ҷаҳонро падруд гуфт. Дар моҳи декабри соли 1848 Эмилия ва дар моҳи майи соли 1849 Анна пайи ҳам вафот карданд. Вақте ки пас аз нашри романи дуюмаш (1849) тахаллуси Шарлотта Бронте кашф шуд, дарҳои маҳфилҳои беҳтарини адабии Лондон ба рӯи Шарлотта боз шуд, аммо барои духтари бемору ба танҳоӣ одаткарда, таваҷҷӯҳи ҷомеа гарон буд ва ӯ бештари вақти худро дар хонаи кӯҳнаи калисои Ҳоворт мегузаронад.
Дар соли 1853 романи охирини ў «Шаҳрак» пайдо шуд, ки аз ҷиҳати тасвири равшан ва ҳақиқии ҳаёти мактаб-интернат аз романи якум бартарӣ надорад, балки аз ҷиҳати мутобиқияти худи сужат суст аст. Дар соли 1854, сарфи назар аз беморие, ки хоҳарони ӯро ба қабр бурда буд, Шарлотта бо коҳини калисои падараш – Артур Николлс Байл издивоҷ кард, аммо 31 марти соли 1855 нависанда ҷаҳонро падруд гуфт.
Ин ҳодиса пас аз он, ки ӯ ва шавҳараш ҳангоми сайру гашт дар майдонҳои Хизери дӯстдоштаашон зери борони шадид афтоданд, рух дод. Ҳомиладорӣ ва сардии шадид боиси авҷи бемории сил – бемории оилавии Бронтес гардид. Пас аз маргаш аввалин достони адабии ў «Омўзгор» нашр шуд. Дар ҳамон соли 1854, Шарлотта романи «Эмма»-ро оғоз кард, ки ба ақидаи мунаққидон, он бояд ба монанди «Ҷейн Эйр» машҳур мешуд. Шарлотта ҳамагӣ ду боби ин китобро навишт, аммо аз сабаби бад шудани саломатиаш онро ба анҷом расонда натавонист. Пас аз якуним аср Клэр Бойлан кори Бронтеро ба итмом расонд ва китоб нашр шуд.
Бо истифода аз маводи Интернет
таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА