Абай: шоири маъруфи қазоқ, ки арӯзро вориди шеъри қазоқӣ кард
Шоир, оҳангсоз, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев 10-уми августи соли 1845 ба дунё омад. Аз зумраи адибоне буд, ки дар рушди адабиёт ва фарҳанги қазоқ нақши муҳим дошт. Номи аслии ӯ Иброҳим буд ва лақабаш Абай. Мегӯянд ин лақабро, ки қазоқист ва ба маънои “ботаваҷҷуҳ” аст, модаркалонаш ба ӯ додааст. Адиби маъруфи қазоқ, ки аз зиндагиномаи ӯ нависандаи шинохтаи қазоқ Мухтор Авезов бо номҳои “Абай” ва “Роҳи Абай” ду роман навиштааст.
Эҷодиёти Абай чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанақии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай достонҳои ҳамосии қазоқро дар ҷамъомадҳо ба мардум нақл мекард ва ё бо навои мусиқӣ месароид. Вай донандаи шеъру адаби Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик буд. Арӯзро вориди шеъри қазоқӣ кард ва шеърҳои ғазалмонанд, ба шаклҳои гуногун (шашмисраӣ – мусаддас, ҳаштмисраӣ – мусамман) эҷод кард. Умуман Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.
Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Кара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои – «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ ошкоро аён аст.
Абай баъзе масалҳои И. А. Крилов, шеърҳои М. Ю. Лермонтов, порчаҳои достони А. С. Пушкин «Евгений Онегин»-ро аз русӣ ба қазоқӣ тарҷума кардааст.
Дар маҷмӯае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» (Теҳрон, 1374/1996) зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдуллоҳ ба хатти форсӣ ҷой дода шудаанд.
Осори мансури Абай бо номи «Панднома» (мутарҷим Фатҳуллоҳи Азиз) солҳои 2002 ва 2010 дар Душанбе ба табъ расидаанд.
Абай 6 июли соли 1904 дар синни 58-солагӣ аз олам рафт
Ин ду шеър дар тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз ӯст:
***
Мо тоирему бар абадият равонаем,
Яъне ба шакли нав бибароем аз замин.
Ин гуна бо низом ҷаҳон мутаҳаррик аст,
Алҳамд бод бар ҳунари Оламофарин.
Домест олами гузарон, доми нонамост,
Эй бас каси даванда, ки дармондаи вай аст.
Он мурда нест он, ки пас аз интиҳои умр
Бар ҳар диле ҳиҷош чу ноҷии хушпай аст.
Мо борҳо ба роҳи ҳавас по ниҳодаем,
Бар мо навиштаанд чӣ ҷурме, ки рафтааст.
Ҳар чӣ ба мо гузашту набигзашт, як ба як
Дар дафтари дабири азал ҷо гирифтааст.
Дунёву охират чу ду соҳил буридаанд
Дунё, ки ҷустаӣ, набиандешӣ аз абад.
Он ки раҳи бақо бигирифту уруҷ кард,
Дар синааш дилест, на дил, ғунчаи хирад.
***
Эй қазоқ, эй халқи заҳматдидаам,
Бар лаби гўё сабилат қуфл зад!
Ними рўят рўған асту нима хун,
Некро баски набишносӣ зи бад.
Дар назар бикшодарўю меҳрубон,
Лек ҳар раҳ ҷомаро дигар кунӣ.
Мезанӣ бар ташти холӣ чўбҳо,
Бонг бар лаб шўриши маҳшар кунӣ.
Не ба шаб хобиву не хандӣ ба рўз,
Баски дар хулқат накуӣ чира нест.
Мехӯрад бухлу ҳасад ҷони туро,
Дар сарат ғайр аз хаёли тира нест.
Ҷовидон ранҷӣ барои ҳар сухан,
Раҳнамоят нест як ройи савоб.
Баски якдил нестӣ, ҳарҷодавӣ,
Асбҳоят барфсон гарданд об.
Қуввататро ҳар куҷо резӣ абас,
Оқибат афтодаи нолон шавӣ.
Таҳ равӣ дар қаъри мурдоби гунаҳ,
Ҳар чӣ бадтар бошад аз бад, он шавӣ…
Тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона. Аз китоби “Найсон”, Хуҷанд, соли 2029.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон