Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 17
Илму молу мансабу ҷоҳу қирон
Фитна орад дар кафи бадгавҳарон.
(Ҷалолуддинии Балхӣ)
МАВҶИ ТЎФОНИ ФИТНА
Солҳои сиюм дар мамлакати паҳновари шуравӣ мубориза барои ҳар чӣ зудтар анҷом додани сохтмони сотсиализм бо қувваи нав вусъат ёфт. Роҳбарияти давлат бе ба ҳисоб гирифтани имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ бо роҳи зўроварӣ амалӣ гардондани ин мақсадро пеш гирифт. Ҳар як фикру андешаи нави аз дастури роҳбарияти мамлакат фарқкунанда, камбудию норасоӣ дар фаъолияти корхонаю муассиса, шаҳру ноҳия, вилояту ҷумҳурии иттифоқӣ ҳамчун зуҳуроти шиддатёбии муборизаи синфӣ, амалиёти харобкоронаю душманона, хиёнат ба ватан ва давлати шуравӣ шумурда мешуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тарғибот ба дастгоҳи муқтадири ҷустуҷўю фошкунӣ ва ҷазодиҳии бераҳмонии душманони халқ табдил дода шуданд.
Таърихшиносон сабабҳои ривоҷ ёфтани беадолатию бераҳмиро дар замони инқилоб ва солҳои сиюм таҳлил намуда, ба хулосае омадаанд, ки чунин ҳолати бераҳмии шадид дар ҳамаи даргириҳои шаҳрвандии дар таърих рўҳдода ба мушоҳида расидааст. Дар ин ҷангҳо тарафи ҳаққу ноҳақ нест, зеро муборизаи тарафҳои даргир на барои тасарруфи замин, кишоваркушоӣ ё мақсадҳои дигар, балки баҳри ба даст овардани ҳокимият меравад. Бинобар ин ҳам пас аз расман қатъ ёфтани ҷанг он солҳои тўлонӣ, то комилан несту нобуд шудани рақибон идома меёбад. Болшевикон на фақат рақибони мафкуравии худ, балки ҳаммаслаконеро ҳам, ки баҳри пешбурди ҷомеа фикру андешаи нав, тарзу усули нави корро бо қатъият пешниҳод менамуданд, ҳамчун мухолифони роҳи муайянкардаи пешвоёни ҳизб бераҳмона нобуд менамуданд.
Миёнаҳои солҳои сиюм бар асари дар сари дастгоҳҳои қудратии давлат омадани ашхоси пасттинат, ривоҷ ёфтани иғвогарӣ, тўҳмату бўҳтон, ҳасаду фитна амалияи таъқибу ҷазодиҳии кормандони болаёқаду поквиҷдони мақомоти ҳизбию давлатӣ вусъат ёфт. Тарсу ваҳм, бадбинию хабаркашӣ, фишору зуроварӣ, вайронкунии қонуният васеъ реша давонд. Мавҷи ҷазодиҳии оммавии сиёсӣ дар шакли маъракаҳои даҳшатангези муборизаи зидди «душманони халқ», «ҷосусон», «миллатчиёни буржазӣ», «агентураи душманон», «элементҳои аксулинқилобӣ» ба солҳои 1933-1937 рост омад. Ин тўфони азими фитнаю тўҳмат пеш аз ҳама роҳбарони ғамхору боистеъдоди мақомоти давлатӣ, ходимони илму фарҳанг, зиёиёни равшанзамирро ба коми худ фурў бурд.
Соли 1933 фидоиёни миллати тоҷик Раиси Комиҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Раиси Шурои Нозирони халқи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифа барканор ва маҳбус гардиданд.
Барои Шириншоҳ Шоҳтемур барин роҳбари ҷасуру ғамхор ба кори ҳизбу давлат содиқу вафодор ин ҳолат бағоят аламангез ва ҳайратовар буд. Вай моҳи марти соли 1937 аз минбари ҷаласаи Кумитаи Марказии ҲҚ Тоҷикистон дар бораи вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон, паст шудани нақши Шуроҳо дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ бо ташвишу изтироб сухан ронда, дар хусуси беасос ба маҳбас кашида шудани роҳбарони ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ фикр баён кард. Пеш аз чор моҳ Бюрои КМ ҲҚ Тоҷикистон худи ўро бо гуноҳи сохтаю бофтаи «роҳбари ташкилоти миллатгароёнаи зидди шуравӣ ва террористӣ» аз вазифаи Раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор ва аз сафи ҳизби коммунистӣ хориҷ намуд.
Дар ин ҳолат лаҳзаҳои вазнини ҳаёташ, ки онро комилан баҳри ободӣ ва шукуфоии ватан ва некўаҳволии халқ бахшида буд, беихтиёр суханони пурҳикмати марди хирадманди рус Аполлон Петрович Радугин ба ёдаш омаданд, ки соли 1917, рўзҳои инқилоб дар Тошканд гуфта буд: «Худо ба ту умри дароз диҳад, оқибати даҳшатноки ин муборизаи синфӣ ва диктатураи порлетариатро бо чашмони худат хоҳӣ дид». Шириншоҳ ҳамагӣ пас аз 20 соли ғалабаи инқилоб дар сини 38-солагӣ даҳшати ин мубориза ва диктарураро дар ҷисму ҷони худаш эҳсос намуд.
Аз хотироти картошкапарвари номдори Кўҳистони Бадахшон Худоназар Мирзонаботов:
Миёнаҳои моҳи июли соли 1937 ба шаҳри Душанбе ба сафари хидматӣ рафта будам. Рўзе дар хонаи С.Абдуллоев, ки дар мансаби Комиссари халқии саноати маҳаллии РСС Тоҷикистон фаъолият дошт, бо ҳамроҳии як шарикам аз водии Ғунд дар меҳмонӣ ҳузур доштам. Соати яки рўз буд, ки соҳиби хона як радиоприёмники майдаро бо якҷоягии ду гўшмонак оварда иброз намуд, ки ҳозир дар шаҳри Маскав пленуми КМ ВКП (б) ба кори худ оғоз менамояд. Дар пленум баробари дигар роҳбарони республикаи Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур низ иштирок менамояд. Бодиққат машғули шунидани саршавии кори пленум гаштем. Вале пас аз 10-15 дақиқа рангу рўи соҳибхона якбора тағйир ёфт, аз таъсири шунидани хабари шуме ба ларза даромада, асабонӣ шуд ва гўшмонакҳои радиоприёмникро бо қаҳру ғазаб бо тамоми қувват чунон сахт ба рўи девори хона ҳаво дод, ки ба атроф титу парешон гардиданд.
Шарикам бетоқатона ба Сайфулло Абдуллоеви пур аз ғазаб муроҷиат намуда пурсид, ки акаҷон чӣ воқеа рух додааст? Ў бошад озурдаю ғамзада пас аз каме сукут оҳи пурдарде кашида посух дод, ки Шириншоҳ Шоҳтемурро ба раёсати пленуми Комитети Марказӣ интихоб накарданд.
Шарикам, ки аз саршавии тўфони азими таъқибот онқадар огоҳ набуд, дар ҷавоби Сайфулло бепарвоёна иброз намуд, ки «Ҳеҷ гап не, дар ин пленум ба раёсат интихоб нашуда бошад, дар пленумҳои минбаъда ҳатман интихоб мешавад».
Аз чунин суханони беҷо қаҳру ғазаби соҳиби хона дучанд зиёд гардид, бо вуҷуди ин ў ҳис намуд, ки чунин андешаи меҳмон аз камогоҳию нофаҳмист. Аз ин лиҳоз худро дошта, ба меҳмон рў оварда, ҳарҷониба фаҳмонда дод, ки вазъият хеле вазнину мураккаб буда, дар худ нозукиҳои номатлубе дорад ва ҳар як муносибати бепарвоёна нисбати намояндаи мардуми тоҷик маънои басо чуқури сиёсӣ ва оқибати баде дорад. Мо дўстону ҳамрозон ва ҳаммаслакон аз ў илтимоси беше доштем, ки ин дафъа аз ба пленум рафтан худдорӣ намояд. Мабодо агар нисбат ба роҳбари мо ягон ҳодисае рух диҳад, мо бепарубол мегардем. Вале ў бошад, чун одами устувору далер, пайваста тамоми бори гарони масъулиятро ба гардан мегирифт. Чун фарди огоҳу дилсўз ва ғамхори кулли мардуми тоҷик бо ҳисси масъулияти баланд иброз дошт, ки «ман медонам, давра басо нозуку вазнин буда, дар чунин замон худам амал карданамро хело зарур мешуморам. Бояд тамоми қувваю таҷрибаи зиндагиро ба он сафарбар карда тавонам ва ба Марказ ва тамоми мардум ҳисобот диҳам, ки халқи тоҷик ба сиёсати Ҳизби Коммунистӣ ва Давлати Шуравӣ содиқанду ҳамеша дар тули ҳаёту зиндагии худ содиқу устувор мемонанд».
Вале аз ин пленум ў дигар ба Тоҷикистон, ба пеши ҳамсафону шогирдон ва дўстонаш, назди халқи хеш абадан барнагашт.
Шиддати таъсири ҳамаҷонибаи тўфони азими соли 1937 дар Тоҷикистон бахусу баъди нашри мақолаи мухбири махсуси рўзномаи «Правда» дар Тоҷикистон В. Верховский бо унвони «Душманони халқи тоҷик» аз таърихи 10 сентябри соли 1937 авҷ гирифт.
Он солҳо аз Москва то Сталинобод рўзнома баъди ду-се рўз мерасид. Вале аҷиб он буд, ки аллакай 13 сентябр бе ягон муҳокима бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон зери унвони «Дар бораи мақолаи «Душманони халқи тоҷик», ки дар рўзномаи «Правда» чоп шуд, таъҷилан қарор қабул гардид, ки фикрҳои зиёди дар мақола бударо айнан такрор менамуд. Дар қарор оид ба мавҷудияти лонаҳои харобкори зидди инқилоб дар аппарати КМ дар аксарияти комитетҳои районӣ ва комиссариатҳои халқӣ сухан мерафт. Дар асоси ин қарори рўякӣ Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1937 дар баробари гурўҳи коркунони роҳбарикунандаи дастгоҳи ҳизбӣ ва давлатӣ Комиссари Халқии саноати маҳаллӣ Абдуллоев Сайфулло ҳам пас аз даҳ соли узви Бюрои КМ ПК ва котиби дуюми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии (болшевикони) Тоҷикистон буданаш аз вазифааш холӣ, аз ҳайати Бюро ва Комитети Марказӣ бароварда ва аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуд.
*** ***
Аввалҳои моҳи октябри соли 1937 ҷаласаи КМ ҲК Тоҷикистон бо иштироки котиби КМ ВКП (б) А.А. Андреев баргузор шуд, ки он таҳти шиори танқиди беамон ва боз ҳам пурзўр намудани муборизаи зидди «душманони халқ» гузашт. Дар асоси қарори ин ҷаласа Шоҳтемур ва бисёр кормандони дигари содиқу вафодори мақомоти давлатӣ, ҳизбӣ, комсомолӣ, касабавӣ, хоҷагӣ, муборизони фаъоли барқароркунии Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон бо тамғаи «душмани халқ», «миллатчии буржуазӣ» маҳкуми зиндон ва сипас ба қатл расонда шуданд.
Шириншоҳ Шоҳтемур чун арбоби намоёни давлатию ҷамъиятӣ муддати дароз дар мақомоти роҳбарикунанда-узви Бюрои ташкилии КМ ҲК (б) Ўзбекистон дар Тоҷикистон, узви Бюрои кумитаи вилояти ҲҚ (б) Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии тафтишот ва Кумитаи Марказии ҲҚ (б) Ўзбекистон, узви Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ВКП (б), узви Бюрои КМ ҲҚ (б) Тоҷикистон, аз соли 1925 то соли 1937 узви Кумитаи Иҷроияи Марказии СССР содиқона хидмат карда, бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шуда буд. Чун роҳбари кордону ташаббуснок баҳри пойдору мустаҳкам намудани давлатдории тоҷикон, пешбурди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннисорона заҳмат кашид. Дар давоми 38 соли умраш ба ватан ва халқи худ ба андозае хизмат кард, ки аҳамияти онро бош умори вақт наметавон ифода кард. Хидмати ў дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи миллат, инкишофи ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷикон бебаҳост ва барои наслҳои имрўзаю оянда сазовори ибрат, пайравӣ ва омўзиш аст.
Вақте ки гирдоби беқонунӣ, душманкобию ҷазодиҳӣ дар Тоҷикистон ғулғула андохт, хизматҳои босуботу шоистаи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ўро касе ба хотир наовард. Душманони ҳақиқии халқи тоҷик ба номи неки Шоҳтемур ва ҳамсафони вафодораш тамғаи «душмани халқ» часпонданд. Дар он давра касе баҳри исботи бегуноҳии онҳо аз тарси ҷони худ овоз баланд накард. Қисме аз ҳамкорон ва дўстони собиқ ба мақомоти мартуба баёноти «фошкунанда» медонанд. Дар ҳама ҷо бо дастури мақомоти қудратӣ митингҳо ташкил карда, чоплўсону лаганбардоронро сари минбар бароварда, қарори ғайриқонуниро дар хусуси бераҳмона ҷазо додани «душмани халқ» ҳамаҷониба тарафдорӣ менамуданд.
Чунончӣ, дар хабаре, ки дар рўзномаи «Бадахшони сурх» 8 августи соли 1937 зери сарлавҳаи «Марг ба хоинони Ватан» чоп шудааст, гуфта мешавад: «Маҷлиси умумии колхозчиёни колхози «Ситораи сурх»-и совети қишлоқи Поршинев амалиёти душманонаи ҷосусони фашизм Шоҳтемур, Кактин, Ширинов ва Герасимовро маҳкум менамояд… Мо, колхозчиён аз суди одилонаи саветӣ талаб мекунем, ки ҷосусони фашизми Германия-Япония Шоҳтемур, Кактин, Ширинов, Герасимовро ба ҷазои олии ҷиноятӣ-тирпарон кардан ҳукм намояд…»
Шояд «суди одилонаи советӣ» баҳри баровардани ҳукми ғайриқонунӣ интизори ҳамин гуна талабу дархости омма буд ва барои мақомоти ҳизбии он давра ташкил кардани ингуна афкори мардум ҳеҷ душворие надошт. Зеро матбуот «яроқи буррои ҷангии» ҳизби коммунист буд.
Ҳамин тариқ, беҳтарин фарзандони халқ, ки ҳаёти худро комилан ба хизмати ҳизби коммунист ва Давлати Шуравӣ бахшида буданд, дар айни камолоти ҷавонӣ тўъмаи балои душманкобӣ, тўҳмати сохтаю бофта гардида, аз ҳаёт маҳрумкарда шуданд. Ходимони намоёни ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ, кормандони масъули мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ ва хоҷагии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Сайфулло Абдуллоев, Иброҳим Исмоилов, Хуррам Боқиев, Абдулалишоҳ Зиннатшоев, Меҳридин Амдинов, Карамхудо Элчибеков, Валдош Гулмамадов, Бошхуҷа Охонҷонов, Аҳмадхон Охонаков, Саидқудўс Мансуров, Хубоншоҳ Кирмоншоев, Меҳроб Беҳронов ва даҳҳо дигарон ҳамчун ашхоси бо «душмани халқ» алоқадошта маҳкуми зиндоншуданд.
Пас аз ҳабс гирифта шудани Шириншоҳ Шоҳтемур таъқибу ҷазодиҳии аъзоёни оила, хешу пайвандон, дўстону ҳмдиёрон ва ҳатто шахсоне, ки боре бо вай ҳамсўҳбат шуда буданд, оғоз ёфт.
Дар бораи тақдири баъдинаи ҳамсару фарзандони Шириншоҳ, ки он вақт дар шаҳри Москва монда буданд, касе хабар надошт. Бародараш Бобошоҳ, ҳамдеҳагонаш Саидбек Тонибеков, Хусравшоҳ Мусрифшоев, Боғшоҳ Бандишоев, Шоҳсулаймон Қурбоншоев, Шоҳкамол Саиднуруллоев аз сафи ҳизби коммунист хориҷ ва дучори таъқибот гардиданд.
(Давом дорад)
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ