Барбара Картленд – нависандабонуе, ки соли 23 роман менавишт

Соли 1901 дар  Бирмингем нависандаи англис Барбара Картленд, яке аз муаллифони сермаҳсули асри ХХ чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Барбара Картленд бо романҳои сершумори ошиқонаи худ машҳур гашт. Вай инчунин бо номи Барбара Мак-Коркодейл асарҳояшро нашр мекард. Мэри Барбара Ҳэмилтон Картленд дар Эдгбастони Ғарби Мидлендс, дар оилаи Бертранд Ҳэмилтон ва Мартранди Картил ба воя расидааст.

Барбара дар коллеҷи духтарона ва дар Эбби Хауси зебо (Ҳэмпшир) таҳсил мекунад. Ҷанги якуми ҷаҳон ҳама чиро чаппа гардонд. Ин ба оилаи Картленд низ таъсир кард: бобои муфлисшуда худкушӣ кард, падараш соли 1918 дар майдони ҷанги номаълум дар Фландрия ҷон дод. Баъди хабари марги ӯ, бевазан ва фарзандони калонаш ба Лондон кӯчиданд. Дар ин ҷо имкониятҳои бештаре барои зиндагӣ вуҷуд доранд ва бевазани ашроф дар пойтахти Британия дӯкони либосҳои тайёр мекушояд… Соли 1920 Барбара рўзноманигор мешавад.

Вай аввалин китоби худро аз рўи шарт бо бародараш навишт. Романи «Аррае, ки ҷига мерақсад” (1923) дарҳол нависандаро машҳур гардонд ва ба ақидаи ҳаводорони осори Картленд, яке аз беҳтарин асарҳои ӯ гардид. Дар солҳои беҳтарини умри худ (солҳои 1950-70) Барбара Картленд ба ҳисоби миёна ду ҳафтаи худро барои як роман сарф мекард, дар натиҷа дар як сол 23 роман менавишт. Дар тули умраш беш аз 700 номгӯ китоб нвиштааст. Ӯро бештар романҳои ошиқонааш машҳур карданд.

Теъдоди умумии онҳо ҳайратангез аст. Дар пайи «Аррае, ки ҷига мерақсад” песаи «Пулҳои хунин» пайдо шуд, ки баъдан бо унвони ҷолиби «Садист» ба роман табдил ёфт. Аз соли 1933 сар карда, як силсила романҳо дар бораи маҳбусони ашаддии зиндонҳои даҳшатбор пай дар ҳам рўйи чоп омаданд.

Вай инчунин панҷ асари тарҷумаиҳолӣ, китобҳо оид ба пухтупаз (яке аз онҳо дорои унвони таъсирбахшРоман дар бораи ғизо), дар бораи витаминҳо, дар бораи одоб, дар бораи занони соли 1978, сабти ӯ нашр шуд: дар якҷоягӣ бо Филармонияи шоҳона, Картленд албоми «Сурудҳои муҳаббат» -ро сабт кард, ки ба ӯ медали тиллоии пойтахти Фаронса дода шудааст.

Сафаргул ҲУСАЙНОВА, сармутахассиси шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.