Бобоҷон Ғафуров: Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Миёна дар аҳди биринҷӣ. Идома

Дигар наздикӣ ва шабоҳатҳое, ки умумияти мерос ва анъанаҳоро дар риштаҳои иқтисодиёт ва тарзи зиндагӣ, дар ташкили ҷамъият ва сохти иҷтимоию сиёсӣ нишон медиҳанд, ҳамчунин аҳамияти калоне доранд. Аз маълумот ва мадракҳои қиёсӣ чунин бармеояд, ки тарзи зиндагии аҷдоди тоифаҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ ба ҳам монанд будааст. Онҳо як хел зиндагии муқимӣ ва ниммуқимиро ба сар бурда, ба зироат ва чорводорӣ машғул будаанд. Бояд қайд кард, ки ҳарчанд чорводорӣ аз ҷиҳати аҳаммияти худ мавқеи дараҷаи аввалро ишғол намуда, доштани чорво меъёри асосии сарват ва нашъунамо ҳисоб меёфт, ҳамоно зироат соҳаи доимии хоҷагии ориёиҳои қадим буд. Бисёр калимоти ба забонҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ умумӣ маҷуданд, ки номи ҳайвоноти хонагӣ, ғалла, олоти чорводорӣ ва киштукорро ифода менамоянд. Чунончи: гав ва гав-гов; аспа ва ашва –асп;  уштра ва уштра –уштур; қаршӣ ва кршӣ- ҷуяк ва шудгор ; йава ва йава-ғалладона, ҷав ва ғайра.

Дар “аҳди ориёӣ” аҷдоди тоифаҳои ҳиндӣ ва эронӣ аз металлургия ба хубӣ огоҳ будаанд. Дар забонҳои эронӣ ва ҳиндӣ як идда номҳои филизот боқӣ мондаанд, ки  бо ҳам наздиканд, аз қабили айах (эронӣ) ва айас (ҳиндӣ)- умуман, филиз ё худ мис, биринҷ, дертар оҳан; зараня  ё дараня (эронӣ) ва хираня   (ҳиндӣ) – тилло; оршата (эронӣ)  ва раҷата (ҳиндӣ)  – нуқра ва ғайра. Бештарини олоти меҳнат (аз ҷумла олоти филизӣ ва (аслиҳаҷот) (мисли найза, камон ва ғайра), инчунин калимаҳоеро, ки онҳоро ифода мекунанд, барои ин ду тоифа яксонанд. Мадракҳое мавҷуданд, ки ҳанӯз дар “аҳди ориёӣ ” аз тарафи ҳиндуэрониҳо истифода шудани дучархаҳои ҳарбӣ (бо эронӣ рата ва ба ҳиндӣ ратҳ), ҳамчунин, дар байни ин тоифаҳо ба таври васеъ ривоҷ доштани аспсавориро собит менамоянд. Ин тоифаҳо дар созмони ҳарбӣ ва тарзу тариқи бурдани ҷанг ҳам  аз якдигар фарқи казоӣ надоштаанд.

Ташкилоти хонаводагӣ, қавми ва қабилавии ҷамъият ба шабоҳати тамоми ҷузъиёти созмонҳои ҷудогона, урфу одат ва истилоҳоти мутобиқи онҳо (масалан, ба эронӣ вис ва ба ҳиндӣ виш- хонавода, деҳа, ҷамоа ва ғайра)барои ҳиндувон ва эрониён як хел буд. Муқоисаи анъана ва луғатҳои эронӣ ба ҳиндӣ яқинан гувоҳӣ медиҳанд, ки оилаву хонаводаҳои ориёӣ кайҳо дар асоси усули падаршоҳӣ ташаккул ёфта будаанд. Яке аз муҳимтарин гурӯҳҳои ташкилоти ҷамъияти ориёӣ гурӯҳи аз алоқаи хешутаборӣ (аз тарафи мард)  аз аслу насаб фароҳамомада мебошад, ки аъзоёни як қатор оилаҳои ба ин хонадон таалуқдоштаро муттаҳид намуда, ҳамроҳи дигар ҳамин қабил гурӯҳҳо ба воҳиди бузурги ҷамъиятӣ – қавм (ё ҷамоа) ва қабила (ё иттиҳодияи ҷамоа)  дохил мешуд. Дар эрониён ва ҳиндувони қадим аъзоёни гурӯҳи ақрабоӣ дорои як хел ҳуқуқ ва вазифаҳои молумулкӣ, мазҳабӣ ва ғайра буда, дар ҳудуди ин гурӯҳ принсипҳои умумии варосат амал мекардва суннати ягонаи бахшиш ба аъзои болиғи гурӯҳ вуҷуд дошт. Дар Ҳиндустон чунин гурӯҳро “готра” (ба ориёӣ гавтра)  меномиданд;  ин истилоҳ дар Эрон низ мустаъмал буд (ба форсии миёна гӯҳр,гӯҳрак аз калимаи эронии қадим гавтра).

Муносибатҳои иҷтимоӣ ниҳоятдараҷа мураккаб буданд. Гурӯҳҳои аҳолии ноқисулҳуқуқ ва мутеъ вуҷуд доштанд.

Аҳолии озоди комилҳуқуқ ба се гурӯҳ тақсим мешуд: коҳинҳо, ашрофи ҳарбӣ ва аҳли соҳибихтиёри ҷамоа, ки аз чорводорону барзгарон иборат буданд. Маълумоти роҷеъ ба чунин тақсимоти иҷтимоиро дар “Ригведа” ва, ҳамчунин, дар қадимтарин қисматҳои “Авесто”ва осори хамосии дигар қавмҳои эронӣ, аз ҷумла скифҳо ва осетинҳо метавон дучор омад. Ягонагии пайдоиши ин тартиботи ҷамъиятии ҳиндӣ ва эрониро мутобиқати комили тасаввуроти идеалогие, ки  ба ҳамон тақсимоти сегона алоқаманд аст, низ нишон медиҳад. Дар анъанаҳои қадимаи ҳам ҳиндӣ ва ҳам эронӣ ҳар яке ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба яке аз табақаҳои коинот (чунончи, коҳинҳо бо осмон, ашрофи ҳарбӣ ба фазои байни замину осмон, яъне муҳити худои ҷанг ва аҳли ҷамоа бо замин ва муҳити нашву ҳосил) марбут гардида, дар айни замон ҳар яке ранги муайянеро (масалан, коҳинҳо ранги сафед, ашрофи ҳарбӣ ранги сурх ва ғайра) ба худ гирифтаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки номи ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо ранг- ба ҳиндӣ варна ва ба эронӣ пиштра (ҳар ду ҳам маънии “ранг”- ро дорад) алоқа пайдо кардааст.

Намояндагони ашрофи ҳарбии эронӣ ва ҳиндии аҳди қадим ҳамчун ҷанговарони дучархасавор тавсиф ёфтаанд. Инро номи авестоии ин гурӯҳ ратайштар-дучарха-гӣ, айнан (дар дучарха ростистода) низ собит менамояд. Калимаи ба ҳамин маънӣ мутобиқи ҳиндӣ ратхештҳа дар шумори варнҳо барои ифодаи ин гурӯҳ баробари истилоҳи муқарарии  кшатрийа истифода мегардид.  (Дар навиштаҷоти эронӣ ҳам ба ҳамин маънӣ гоҳе хшатря, хшатра ба кор бурда мешуд).

Дар сари қабилаҳои ориёӣ пешвоён ё худ ”подшоҳон”-е  меистоданд, ки аз байни ашрофи ҳарбӣ баромада буданд. Барои ишорати онҳо дар навиштаҷоти эронӣ ва ҳиндӣ истилоҳоти мухталиф, аз ҷумла, калимаи эронии қадим хшай (ки калимаи шоҳ аз он баромадааст) ва калимаи ҳиндии қадим кшай (ҳукм рондан, ҳукмфармоӣ кардан) ба кор бурда мешуд. Калимаи эронии хшатра  ва ҳиндии кшатра– ҳокимият, ҳукмронӣ, подшоҳӣ низ бо ин алоқа дорад.

Тартиботи ҳокимияти ин қабил пешвоён, баъдтар подшоҳон, мисли баъзе дигар созмонҳои идоравии қабилаҳои ҳиндувон ва эрониёни қадим аз ҷиҳати пайдоиш ба “аҳди ориёӣ” рафта мерасад.

Наздикӣ ва ягонагии аҷдоди қабилаҳои гуногуни эронии қадим аз номи умумии онҳо “орё” низ пайдост. Ин ном чи дар матнҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ ва чи дар сарчашмаҳои дигар ба таври васеъ кор фармуда шудааст. “Эрон”- и имрӯза ҳам аз ҳамин ном, яъне аз шакли қадимаи “Арянам” (“Кишвари ориёно”) ба вуҷуд омадааст. Калимаи ҳиндии “Аряварта” (“Кишвари ориёно”) – Ҳиндустони Шимолӣ ё як қисми он бо маркази байни наҳрҳои Ҷамна ва Ганга, яъне аз қадимтарин марказҳои ориёиҳои Ҳиндустон); истилоҳи авестоии “Аирянам вайҷаҳ” (“Паҳнои ориёно”)- диёри афсонавии эрониён; номи як қатор қабила ва гурӯҳҳои қабилавии эронӣ: қабилаи мидии аризонтҳо (айнан “қабилаи ориён”), қабилаи сармати орӣ, иттиҳодияи қабилавии аллонҳо (номи аслии осетинҳо дар ҳамосаи қадимаи онҳо, ки аз калимаи эронии орёно аст) ва амсоли инҳо низ ба ҳамин ном нисбат пайдо кардаанд.

Ҳамин тариқа, мадракҳои забони ҳиндӣ ва эронӣ, ки аз манбаи умумӣ пайдо шудани ин забонҳоро нишон медиҳанд, шабоҳат ва қаробати амиқ дар дину маданият, ташкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, хоҷагидорӣ ва тарзи зиндагии тоифаҳои эронӣ ва ҳиндӣ дар саргаҳи таърихи хаттии онҳо ва ниҳоят номи аслии ягонаи  ҳар ду тоифа ба умумияти аҷдодии эрониён ва ҳиндувон дар “аҳди ориёӣ” далолат мекунанд. Пас, ваҳдати ҳиндуэронӣ на фақат як ҳодисаи забонӣ, балки ваҳдати воқеии таърихист, ки дар як давраи муайян ва дар як сарзамин мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. Дар ин давра тавассути тараққиёти хоҷагӣ ва иҷтимоӣ паҳншавии толифаҳои ориёӣ ба дигар маҳалҳо шурӯъ шуда, боиси ба эрониён ва ҳиндуориёиҳо ҷудо шуда рафтани онҳо гардид.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Бобоҷон Ғафуров “ТОҶИКОН. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав”. Душанбе, “Нашриёти муосир”, соли 2020.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.