Чаро нашри “Таърихи Эрони бостон”-и Дяконов муҳим аст?
Дар шароити имрӯзи рушди таърихнигории миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нашри ҳар гуна маъхази таърихӣ, осори бунёдӣ барои шинохт ва решаёбии манфитҳои таърихан миллӣ як иқдоми муҳим арзёбӣ мешавад. Дар доираи ин иқдом «Маркази тоҷикшиносӣ» низ барои баргардон ва нашри асари мондагори муаррихи шуравӣ, доктори илмҳои таърих, (1946), профессор (1949), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1951) Михаил Михайлович Дяконовро зери унвони «Таърихи Эрони бостон» ҳадаф қарор дод. Нашри ин китоб аз чанд дидгоҳ барои доираҳои илмии кишвар ва хонандаи тоҷик муҳим дониста мешавад:
Аввалан, «Таърихи Эрони бостон» дар таърихнигории шуравӣ нахустин асари бунёдӣ буд, ки маҳз тавассути он таърихи қадими ниёкони мо аз аҳди давлатдории шоҳони Мод то замони фурӯпошии қудрати Сосониён бар асоси таҳлили маъхазҳои таърихӣ, мадракҳои бостоншиносӣ ва катибаҳо мавриди таҳлилу муаррифӣ қарор гирифтааст.
Баъдан, муаллифи асар ба унвони ходим ва роҳбари Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон (солҳои 1946–1953) донандаи хуби таърихи тамаддуни қадим ва асримиёнагии тоҷикон, мутарҷими осори классикони адабиёти форс-тоҷик Фирдавсӣ, Фахруддини Гургонӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба забони русӣ буд.
Сеюм, муаллифи асар бар асоси таҳқиқоти амиқ ба чунин натиҷа расида буд, ки фарҳангу тамаддуни Эрони бостон танҳо ба як миллати имрӯзаи эронӣ хос нест. Ба назари ӯ, танҳо ба хотир овардан кофӣ аст, ки дар асрҳои миёна нахустин маркази фарҳангӣ, ки дар он ҷо барои ташаккули забону адаби форсӣ заминагузорӣ шуд, Бухоро буд.
Аз ин назар мардуми имрӯзаи Эрон бо миллати тоҷик мероси фарҳангии муштарак дорад. Фарҳанги Эрон дар сарнавишти мардумони Осиё, аз Ҳинд то баҳри Эгей таъсири бузург гузошт, аммо бақо ва нуфузи он ба ин бастагӣ дошт, ки дар ташаккули он мардумони гуногун, минҷумла аҳолии ҷамоҳири шуравии Осиёи Миёна ширкат варзидаанд.
Фархунда Қурбонова,
мутахассиси Маркази
“Тоҷикшиносӣ”