“Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори кохи нури Тоҷикистон”

Ин китоб соли 2023 чоп шудааст ва дар он маълумоти мухтасар доир ба захираҳои обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, таърих ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин нерӯгоҳ ва нақши шоёни фарзанди фарзона миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роӯғун гирд оварда шудааст.

Муаллифон Аҳлиддин Ибодуллозода, Соҳибназар Идиев ва Ғайратшо Шоев китоби худро бо иқтибос аз ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз кардаанд: “Мо наҷот додани халқи соҳибтамаддуни тоҷикро аз вартаи парокандагӣ ҳадафи авалиндараҷаи худ қарор дода, ҷиҳати таъмин кардани сулҳу субот, сарҷамъ намудани мардуми парешонгашта, фароҳам овардани шароити муътадил барои кору зиндагии сокинон ва минбаъд ба кишвари ободу зебо табдил додани Тоҷикистони азизамон ҷаҳду талош намудем.

Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”!

Эмомалӣ Раҳмон

Ва сипас дар пешгуфтори худ навиштаанд, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои муҳим дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, таърихи азхудкунии ин соҳа ба солҳои 20-уми асри XX рост меояд. Соли 1913 нахустин нерӯгоҳи барқии обӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби мутахассисони Русияи подшоҳӣ барои сарҳадбонон сохта шуда буд. Ғалабаи Инқилоби Октябр ва барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ раванди азхудкунии захираҳои энергетикаи обии Ҷумҳурии Тоҷикистонро суръат бахшид.

Дар рушди гидроэнергетикаи ҶШС Тоҷикистон қадами аввалини устувор сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Варзоби боло-1 ба ҳисоб меравад. Санги аввалини ин нерӯгоҳи барқии обӣ 25 феврали соли 1931 бо иштироки намояндагони Анҷумани IV давлатии ҶШС Тоҷикистон гузошта шуда буд. Бунёди нерӯгоҳи мазкур то соли 1936 идома ёфта, 31 декабри соли 1936 агрегати якуми он бо иқтидори 3720 кВт ва соли 1937 агрегати дуюми он бо иқтидори пуррааш ба кор оғоз кард. Бунёд нерӯгоҳи мазкур дар ҳаёти ҳамондавраи пойтахти ҶШС Тоҷикистон шаҳри – Душанбе нақши беназири худро гузошт. Ҳамини тавр, дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ як силсила неругоҳҳои хурду бузурги обӣ сохта шуданад. Яке аз неругоҳҳои бузурге, ки чи дар замони Шуравӣ ва чи дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакатро ҷалб намуда буд, ин нерӯгоҳи обии барқии Роғун мебошад. Ҳанӯз дар замони ҳукумронии Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи бунёди нерӯгоҳи Роғун таҳрезӣ гардида буд. Як қисмати корҳо дар неругоҳи мазкур оғоз шуда буданд. Аммо кори Роғун анҷом наёфта, Иттиҳоди Шуравӣ аз миён рафта, робитаи иқтисодӣ миёни давлатҳои собиқ Шӯравӣ гусаста гардид. Бунёди НБО Роғун дар нимароҳ монд. Ҷумҳурии Тоҷикстон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, иқтидори иқтисодиаш ба дараҷаи паст фуромад. Касе умед надошт, ки ин иншооти «захмхӯрдаву афгоршуда» аз нав эҳё мегардад. Хушбахтона, умеди аз дастрафтаи мардуми тоҷик боз ба макону замони худ баргашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷанги бародаркушу бемаънӣ раҳҳо ёфта, роҳи рушду инкишофро пеш гирифт. Албатта, ормиву осудагии мардуми тоҷик ва рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти босуботи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулуҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба мушкилоти иқтисодию сиёсӣ нигоҳ накарда, истиқлоляти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуд. Дар як марҳилаи начандон тӯлонии таърих ҳадафи мазкур пурра татбиқи худро ёфта, мардуми тоҷик аз мушкилоти энергетикӣ раҳо ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар миёни тамоми нерӯгоҳҳои бунёдёфтаи замони соҳибистиқлолӣ, бунёди нерӯгоҳи Роғун дар худ як вижагии хос дорад. Аввалан, Нерӯгоҳи Роғун яке бузургтарин иншоотҳои аср дар минтақа маҳсуб ёфта, бунёд ёфтани он хароҷоти зиёдро тақозо дорад. Баъдан, дар оғоз ёфтани сохтмони он, масъалаи бунёдаш ба яке аз масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳалли ин ду масъали мазкур кори саҳлу осон набуда, аз кас матонату ҷасорти бузургро талаб менамоянд. Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат бо ҳама мушкилоти иқтисодиву муқобилиятҳои сиёсӣ мубориза намуда, масъалаи бунёди нерӯгоҳи Роғунро ҳатмӣ донистанд. Вақте аввалин воситаҳои техникӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун садо баланд карданд, он замон бо даъвати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои идома ёфтани корҳои сохтмонй тамоми мардуми кишвар дастаҷамъона саҳмгузорӣ карданд. Ҷаҳониён аз ин кори ҳасос ҳайратзада буда, ба созандагӣ, бузургӣ ва иттиҳоди халқ аҳсанҳо гуфтанд ва боварӣ ҳам доштанд, ки дар ҳақиқат, мардуми тавоноанд ва худашон ба ин кор қодиранд. Дар натиҷа мутахассисону коргарони кордида камари ҳиммат баста, дӯстони дуру наздик донистанд, ки ин иншооти нодири аср бешубҳа сохта хоҳад шуд.

Албатта, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бисёр сангин ва пурпечутоб ва бартараф кардани монеаҳои беасосу сохта кори саҳл набуд. Маҳз талошҳои зиндагисози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва далериву ҷасорати бемонанди ӯ боис шуд, ки бисёр мушкилиҳоро бартараф намоянд.

Хайрандешӣ ва хайршиносии ориёӣ нахустмактаби фарҳангию миллии миллати тоҷик аст. Ин мактаби бузурги фарҳангиро Пешвои муаззами миллат дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар рӯи кор овардааст. Ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ як зуҳуроти нодирест, ки аз шарофату каромати инсон ва аз кирдору рафтори бошарафонаи ӯ дарак медиҳад…

Арасту мегӯяд: «Накӯкорӣ андозаи рафтори инсониро дар муҳимтарин риштаҳои зиндагӣ муайян менамояд». Ба андешаи ӯ саодати инсон, ин доштани ахлоқи накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ мебошад. Меҳвари фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз некию накӯкорӣ, назару амали холисона, солиму беғараз нисбат ба сарнавишти миллату Ватан, хидматҳои падарона ба халқу миллат, дастгирӣ аз ятимону дармондагон ва хайрхоҳи башарияту некхоҳи ҷаҳони имрӯза будан ташкил додааст. Ин аст, ки нуфузашон боло рафта, ба шарифтарин илм илми ахлоқӣ сазовор гаштаанд.

Донишу муоширати хуб дар вуҷуди Пешвои муаззами миллат ниҳон аст, ки ҳадафи ниҳоии он дар навбати аввал зебоии манфиатпарастӣ ба халқаш мебошад, яъне асли ин шахси бузург манфиат расондан ба халқу миллаташ аст.

Бузургони ҷаҳони андеша барои зебогии сухан нагуфтаанд, ки

Дар рухи марди сахӣ нуру сафост,

3-он, ки дар ҷаннат қарини Мустафост.

Дар ин навишти мухтасар имкони шарҳу эзоҳи сиёсати оқилонаю дурандешонаи иҷтимоию фарҳангӣ, хидматҳои хайрхоҳона ва ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ҷойгир намудан мушкил аст. Дар китоб танҳо ба ҳайси мисол якчанд амалҳои анҷомдода ва неки бунёдкоронаи ин шахси бузурги нотакрор гирд оварда шудааст.

Ай сарвари баномус, донӣ чиҳот дидам,

Дар сахтиҳои қисмат марди Худот дидам!

Китоби “Эмомалӣ Раҳмонбунёдгузори кохи нури Тоҷикистон”-ро хонандагони азиз метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа нкунанд.

Таҳияи Нилуфар ВАЛИЕВА,
мутахасисси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон