Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Дақиқӣ
Пайдост Абумансур ибни Аҳмади Дақиқӣ дар миёни суханвароне, ки ба рўзгори бостони меҳан мепардохтанд, дурахшонтарин чеҳра будааст. Донистаниҳои мо аз зиндагии ў бисёр андак аст. Медонем, ки ў пешрафти худро ҳамчун сарояндаи амирони чағониён-дудмоне, ки онро муаллифони ховарзамин бино бар маъмул Оли Муҳтоҷ меноманд, оғоз кард.
Амирони ин дудмон, ки Абубакри Муҳаммад ибни Музаффар Оли Муҳтоҷ онро ба соли 321 (933 милодӣ) бунёд ниҳод, фармонбардори фармонравоёни Бухоро буданд ва дар ин миён чанд бор ҳам саркашӣ карда буданд. Сомониён аз соли 337 (948/49-и милодӣ) ин расмро барпо доштанд, ки аз Оли Муҳтоҷ гаравгон гирифта, аз ин раҳгузар амирони саркашро гўш ба фармон дошта бошад. Дар Чағониён низ ҳамчун Бухоро, фармонравоён ба зинда кардани шеър ба забони порсии дарӣ, яъне забони модарӣ мекўшиданд. Амир Абўмузаффар Тоҳир ибни Фазл (вафот ба соли 377 мутобиқ ба соли 987/88 масеҳӣ) худаш ба порсии дарӣ шеър мегуфт ва ҳомии Манҷики Тирмизӣ буд. Дар рўзгори ҷонишинишинаш Фахруддавлаи Абулмузаффари Аҳмад ибни Муҳаммад, Фаррухӣ, ки сипас ба назди Султон Маҳмуд рафт ва Дақиқӣ аз шоирони дарбораш буданд. Гувоҳи ин гуфта, байти зер аз Фаррухӣ аст:
То тирозанда мадеҳи ту Дақиқӣ даргузашт,
З-офарини ту дил оканда чунон к-аз дона нор…
Ва дар ҷои дигар:
Ҳар наботе к-аз сари гўри Дақиқӣ бардамад,
Гар бипурсӣ з-офарини ту сухан ронад ҳазор.
Дареғо, аз осори Дақиқӣ бисёр андак то ба рўзгори мо расидааст. Ба гумоне бисёр ин ғазалсарои нозукбин ва пурдурахшиш, хашми бузурги посдорандагони суннатро барангехта буд ва барои ҳамин ҳам чакомаҳояш натавонистанд бимонанд.
Насибҳои ошиқонаи Дақиқӣ зебоиҳои вижаи худро дорад:
Кош, ки андар ҷаҳон шаб нестӣ
То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.
Захми ақраб нестӣ бар ҷони ман,
Гар варо зулфи муақраб нестӣ.
В-ар набудӣ кавкабаш дар зери лаб,
Мунисам то рўз кавкаб нестӣ.
Ин насибаи баҳорияи Дақиқӣ ҳам овозаи густурдае ёфт:
Барафканд, эй санам абри биҳиштӣ,
Заминро хилъати урдубиҳиштӣ.
Биҳишти аднро гулзор монад,
Дархт ороста ҳури биҳиштӣ.
Чунон гардад ҷаҳон ҳизмон, ки гўӣ,
Паланг оҳу нагирад ҷуз ба киштӣ.
Ҷаҳон товусгуна гашт дидор,
Ба ҷои нармиву ҷои дуруштӣ.
Замин бар сони хунолуда дебо,
Ҳаво бар сони ниландуд муште.
Бад-он монад, ки гўӣ аз маю мушк,
Мисоли дўст бар саҳро набиштӣ.
Зи гул бўи гулоб ояд аз он сон,
Ки пиндорӣ гул андар гил сириштӣ.
Ба таъми нўш гашта чашмаи об,
Ба ранги дидаи оҳуи даштӣ.
Буте бояд кунун хуршедчеҳра,
Маҳе к-ў дорад аз хуршед пуште.
Буте рухсори ў ҳамранги ёқут,
Майе бар гунаи ҷоми куништӣ.
Дақиқӣ чор хислат баргузидаст,
Ба гетӣ дар зи хубиҳову зиштӣ.
Лаби ёқутрангу нолаи чанг,
Майе чун зангу кеши Зардуҳиштӣ.
Вопасин мисраъ бисёре аз донишмандони Аврупои бохтариро ба ин андеша оварда, ки Дақиқӣ зардуштӣ будааст. Аммо душвор аст бияндешем, ки амирони Бухоро дар садаи даҳуми тарсоӣ тавониста бошанд як зардуштии ошкорро ба дарбори худ наздик кунанд. Афзун бар ин, агар ба ростӣ, ки Дақиқӣ дини куҳани ниёконашро медошт, мебоист дастикам ба рух накашида, сахт пинҳон мекарда бошад. Худ пайдост, ки ёдоварии дини зартуштӣ дар ин ҷо пайомади гиромидошти гузаштаи меҳан будааст.
Набояд аз ёд бубарем, ки Дақиқӣ кори сутурги падид овардани «Шоҳнома»-ро бо достони густариши оини Зартушт дар миёни тираҳои эронӣ оғоз кард. Ў кеши Зартуштро дар ин маънӣ «баргузида» буд, ки мебоист барои навиштани ин бахшҳо ҳамаи дафтарҳои зартуштиро, ки дар дастрасаш буданд, мўшикофона баррасӣ кунад ва биёмўзад. Ва гузашта аз ин беҳуда нест, ки дар ин мисраъ ёдоварии Зартушт бемиёнҷӣ пас аз шароб омадааст…
Чунин мешуморанд, ки Фирдавсӣ дар ин ҷо меогоҳонад, ки Нуҳи дувуми Сомонӣ (976-997-и мелодӣ) «Шоҳнома»-ро ба Дақиқӣ супориш додааст. Ин гуфтаро ҳама медонанд, ки гўё Дақиқӣ ба гоҳи боданўшӣ ба дасти бардаи хеш аз пой даромад. Аммо агар бингарем китобе, ки шоир андешаи онро дар сар пардохта буд, чӣ раҷазхоне дар баробари фарбудон будааст. Он гоҳ метавонем ба ин пиндор бирасем, ки оё муаллифони куҳан накўшидаанд ин нуктаро, ки Дақиқӣ қурбони душманони кору куниши хеш гардида ба суди сардмадорони фармонраво пардапўшӣ кунанд. Охир Фирдавсӣ беҳуда намегўяд, ки шоир «Або бад ҳамеша ба пайкор буд». Худи Фирдавсӣ ҳам душмании ин «бадон”-ро, ки омода буданд даст ба ҳар коре бизананд, то роҳ бар кори нубуғомезаш бизананд бар хештан озмуда буд.
(Идома дорад)
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.