Готфрид Келлер: Адиби швейтсарие, ки олмонӣ менавишт
Келлер Готфрид (19.7.1819, Сюрих – 15,7.1980, ҳамон ҷо), шоир ва нависандаи швейсарӣ. Ба забони олмонӣ менавишт. Дар Академияи ҳунарҳои зебои Мюнхен (1840-42) таҳсил кардааст. Солҳои 1848-50 дар Ҳайделберг зиндагӣ карда, дар донишгоҳи он ҷо шунавандаи озод буд. Дар он ҷо бо Л. Фейербах шинос шуд, ки ба ҷаҳонбинии ӯ таъсири бузург расонд.
Соли 1850 ба Берлин омад, соли 1855 ба Сюрих баргашт. Солҳои 1861-76 дабири раёсати вилояти Сюрих шуд. Осораш аз соли 1841 ба дасти хонанда расид.
Лирикаи сиёсӣ ва фалсафию ғиноии Келлер зебоӣ ва эҳсосоти самимиро дар бар мегирад; руҳияи инқилобӣ бо ибрози афкори амиқи ботинии ӯ тавъаманд (силсилаи шеърҳои “21 суруди ишқӣ”, 1846); маҷмуаҳои “Ашъори нав”, (1851); “Дафтари ашъор”, (1884 ва ғ.).
Шеъри Келлер – “Сарзамини падарӣ” (1843) баъдан ба суруди миллии Швейсария табдил шуд. Асари машҳури Келлер “Ҳенриҳи сабз” (чопи аввал – 1855, дуввум – 1879-80), ки лаҳзаҳои саргузаштиро дар бар мегирад, ҳамчун “романҳои тарбиявӣ” – и асри 18 аз сарнавишти як рассом баҳс мекунад.
Дар насри Келлер панду андарз, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тасвири риққатбори ҷомеаи демократии кишвараш мавқеи асосӣ дорад.
Силсилаи новеллаҳо аз зиндагии музофотии Швейсария: “Мардумони Зелдвила” (1856-74), “Нуқта” (1881) ва “Новеллаҳои Сюрих” (1878) ба муҳимтарин воқеаҳои милии гузашта бахшида шудаанд.
Романи иҷтимоию сиёсии – “Мартин Заландер” (1886) романи нотамоми ӯст.
Бозчоп: аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 39.
Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.