Гуфтаву ногуфтаҳо дар бораи Робиаи Балхӣ

Робиаи БалхӣМоҳи ноябри соли 2025 дар Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар қатори 65 солгарду ҷашнвораҳо 1050-солагии Робеаи Балхӣ ба Феҳристи солгардҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Ин ҷашнвора аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон пешниҳод шуда буд.

Ба ин муносибат сомонаи Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2026 як силсилаи мақолаҳоеро дар бораи Робиаи Балхӣ, зиндагинома ва осори ӯ нашр хоҳад кард.

Имрӯз аз ин силсила чун чошнӣ порчаеро аз достони манзуму мансури Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор “Рӯҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робиа” пешниҳод мекунем. Аниқтараш боби хотимавии онро.

АНҶОМ

Нахустин шахсе, ки пушти дари гармоба расид, Доя буд. Пиразан дари бастаро бо панҷаҳои ногирояш ханҷол намуда,  бехудона фиғон сар дод:

Духтари исёнпарастам.

Ҳақшиносу ҳақпарастам,

Эй арӯси нози модар,

Ғамбару дамсози модар,

Сӯхтӣ охир чу ахтар,

Дар алови ҷаҳли додар?!

Дояи пир пешонаи хуншорашро дар дари баста кӯфта аз худу дигарон, аз замину осмон, аз замони беамон, аз чашми кӯри осмон…, шиква мекарду менолид.  Зани пир модархудоеро мемонд, ки дар ҳалоки фарзанди ягонааш чашми илтиҷо сӯйи осмонҳо дӯхта аз зулмат   нур, аз ҳасрат сурур, аз разолат адолат меҷуст.

Фиғони пиразан ба гӯши мардум расида, ононро аз фоҷиаи хунину нангине  хабардор намуд.  Мардум паси дари гармоба ҷамъ омада бо Доя ҳамовоз шуд. Халқ мегирист. Барои шоираи худ, барои ҳамсадову ҳамдарди худ, барои худ мегирист.

Гиряи ҷамоат, ба хитоб, ба ғурриш, ба раъд, ба тундар, ба ҳукм  табдил ёфт. Дар масҷиди ҷомеъ намоз давом дошт. Мардони занкуш  ба рӯи саҷҷода меафтоданду мехестанд, мехестанду меафтоданд.

Доя гӯиё ба ҷамоати дар болои саҷҷода ба сукут рафта, рӯй гардонд.

Ашкаш сӯхта буд. Забони сурхаш қасди сари сафедашро дошт.  Ӯ Робиаро, балки худи худро қасди ба оламу одам ошно кардан дошт:

Ҷурму гуноҳи ту  чӣ буд,

Эй хасми банду бандагӣ?

Эй кош ман месӯхтам,

Ҷойи ту аз шармандагӣ.

 

Бар бенавоён чун наво,

Бар  лолаҳо будӣ сухан.

Ту бо ҳама дороият,

Нодортар будӣ зи ман.

 

Фасли шукуфтан доштӣ,

Чун навниҳоли гулбасар.

Бар решаи ту теша зад,

Ҳамхуни ту айни самар.

 

З-ин меҳани фарзонакуш,

Тарки Ватан бояст кард.

Аз дарду андӯҳу алам,

Бар тан кафан бояст кард.

 

Аз нестӣ хоҳам амон,

З-ин ҳастии зору забун.

Баъди ту дар дунёи дун,

Дар чашми ман шир аст  хун.

 

Аз шарми беайбии ту,

Ман хок бар сар мекунам.

Номи ту дар лаб, ҳақталаб,

Худро қаландар мекунам.

 

Эй духтари поки фалак,

Сад ҳусни урён доштӣ;

Рӯшод мекардӣ ҳазар,

Аз гургу аз гургоштӣ.

 

Шеъри ту исёни ту буд,

Ишқи ту имони ту буд.

Ойинадории зиё,

Ойини виҷдони ту буд.

 

Ҳури ҳақиқат ҳампарат,

Чатри адолат дар сарат.

Рӯҳи ту, чун  омоли ту ,

Чун ишқи ту  буд, раҳбарат.

 

Хушрӯ будӣ, хушгӯ будӣ,

Садрӯйро як рӯ будӣ.

Бас кӯри макру фитнаро

Ойинаи ҳақгӯ будӣ.

 

Дар ин замони бадгуҳар,

Дар ин ҷаҳони кӯру кар,

Дар ин замини кӯрфазл,

Байни ҷамеи  беҳунар;

 

Ҳам шоҳ будан, ҳам гадо,

Ҳам теғ  будан ҳам  сипар,

Алҳақ барои як нафар.

Ин ҷурми кам бошад магар?!

Манбаъ: “Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Душанбе, 2010.

Ин китоби хубу хонданӣ, ки силсиламақолаҳо аз навиштаи донишмандону пажӯҳишгарони Афғонистон, Эрон ва Тоҷикисонро дар бар гирифтааст, дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Бахшҳои дигаре аз китобро дар наздиктарин фурсат омода ва дар хидмати шумо, хонандагони азиз, қарор медиҳем.

Бо мо бошед!

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.