ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД

Чунин ном дошт чорабиние, ки рӯзи  7 – уми июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон  баргузор гардид.

            Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода дар сухани муқаддимотии худ аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳарф зада, аз ҷумла зикр намуд, ки  “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ташаббускори чандин иқдомоти башардӯстона нисбати маъюбон ҳастанд ва ҳамасола барои беҳбуди шароити зисти ин қишри ҷомеа Ҳукумати мамлакат иқдомҳои созандаро пиёда месозад”.

            Файзализода Ҷумахон Хол ҳамчунин иброз дошт, ки ҷомеаи мо шароитҳои мусоидеро барои таҳсили маъюбон фароҳам овардааст ва ҳамасола мактабҳои олии мамлакатро даҳҳо нафар аз зумраи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд хатм мекунанд.

            Ҳамзамон, директори Китобхона дар бораи шароитҳои Китобхонаи миллӣ барои ин афрод ишора намуда, қайд намуд, ки илова ба толорҳои зиёди хониш, ки дарҳои онҳо барои ҳамагон бозанд, дар ошёнаи якум толори махсуси хониш ҷойгир аст, ки дар он бештар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд китоб мутолиа менамоянд.

   Соҳибмақоми Китобхонаи миллӣ дар ҷойи дигар аз суханронии худ  иброз дошт, ки ин шӯъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди муассиса маҳфилҳои зиёдеро барои маъюбон ташкил кардааст, ки “Равшандилон” аз ҳамин зумра аст. Дар ин маҳфил шахсони эҷодкор аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат мекунанд ва навиштаҳои худро қироат менамоянд. Дар шуъба ҳамчунин намоиши дастсохтаҳои ин афрод ҷой дода шудааст, ки басо диданиву ҷолиб мебошад.

   Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Директори иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев, Раиси ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ш. Душанбе Фирӯз Ҳамроев, намояндаи Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ҶДММ “Сафар Ориён” зери бренди “Як такси” иштирок доштанд, ки зимни суханронии хеш аз иқдомҳои Ҳукумати кишвар ва талошҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар роҳи фаро гирифтани шахсони имконияташон маҳдуд ба мутолиаи китоб ва баргузории чорабиниҳо сутуданд.

   Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд, дар он сарояндаҳои хушовоз Шуҳрат Сайнаков, Иззат Шарифӣ ва хонандагони фаъоли шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбон бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.

     Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 8-уми июл Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад ва чорабинии фарҳангии “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад…” бахшида ба ҳамин рӯз доир гардид.

 

 

 

 

 

 

 

Мавзуна Орумбекова, Сардори Шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ.