Китобе аз саҳифаҳои гуворо аз таърихи миллат ва башар

таърихи миллатМуаллифони ин китоби “Саҳифаҳои гуворо ва таърихи миллат ва башар”  Садриддин Ҳасанзода ва Таваралӣ Зиёзода буда, соли 2021 нашр шудааст. Тавре дар муаррифии он омадааст, дар шароити Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудани саҳифаҳои гуворои таърихии миллат, миллате, ки бо намояндагони бузурги худ тамаддуни башарро ғанӣ гардонидааст, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату ҷомеа ба шумор меравад.

Ин омили тамаддунсоз дар замони муосири ҷаҳонишавӣ низ рӯз то рӯз мамлакатҳои ҷаҳонро ҳарчӣ бештар ба фазои ягонаи худ ҷалб менамояд. Дар илмҳои ҷомеашиносӣ бошад, ин раванд роҳу восита ва жанрҳои нави инъикоси таърихро пайдо намудааст. Бинобар ин, дар ин асар жанри робитаи байниҳамдигарии таърихи миллат ва башар мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ҳадаф ин аст, ки таърихи гузашта дар алоқаҳои гуногуни омилҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбат, бо замон инъикос ва ба хонандагон манзур гардонида шавад. Усули таҳқиқе, ки муаллифон интихоб кардаанд, мақсади маърифатӣ ва меҳанпарастӣ дорад. Китоб ба доираи васеи хонандагони нуктасанҷ пешкаш мегардад,

Китоб аз 14 боб иборат буда, ҳарчанд далелҳои он аз аввал то охир дар хронологияи қатъии таърихӣ қарор надошта бошанд ҳам, аммо онҳо то дараҷае хати ягонаи таърихи миллатро ифода менамоянд. Ёдовар мешавем, ки дар таърихнигорӣ аз замони қадим то имрӯз жанрҳои гуногун таҳқиқ ва навишт вуҷуд доштанд ва онҳоро предмети таҳқиқ ва анъанаҳои таърихнигорӣ муайян менамуд, вале ҳар кадом даъвои ҳақиқатнигорӣ дошт. Имрӯз жанри дар сатҳи баланд ташаккулёфтаи таърихнигорӣ вуҷуд дорад, ки онро таърихнигории хронологии системанок номидан равост. Вале китобе, ки ба хонандагон манзур мегардад, ба ягон чунин жанри таърихнигорӣ дохил ва ё марбут набуда, танҳо баъзе саҳифаҳои нотакрори таърихро ташкил менамояд. Ин аст, ки онро дар маҷмуъ очеркҳои таърихӣ ном бурдан мумкин аст.

Китоби «Саҳифаҳои гуворо аз таърихи миллат ва башар» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.