Китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияи муосир

КитобхонаҲамагон шоҳиданд, ки рушди устувори техника ва технологияҳои муосир зиндагии башарро такони ҷиддӣ дода, самтҳои фаъолияти сокинони сайёраро ба маҷрои тамоман нав ва ҳаррӯз таҷдидшаванда ворид намудааст. Ба ибораи дигар техника ва технологияи муосири инноватсионӣ тамоми бахшҳои рӯзгори моро фаро гирифта, фаъолияти инсониятро бидуни ҳузури худ бемаъно гардонидааст.

Дар чунин давраи рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ китобхонаҳо низ дар қатори дигар самту соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ба истифодаи таҷҳизот, технологияи ҳозиразамон ва барномаҳои электронии соҳавӣ ногузир мебошад.

Бо дарназардошти тақозои замони муосир ва ҳамқадамӣ бо дунёи технологии дар ҳоли рушд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шохаҳои фаъолияти ҷамъият ба бунёд, таъмини технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва такмили баззаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ бахусус китобхонаҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Дар ин росто бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ бо тамоми шароити технологии замони муосир далели ин гуфтаҳост, ки беш аз даҳ сол аст ниёзи иттилоотии шаҳвандони ҷумҳуриро қонеъ намуда истодааст.

Имрӯз Китобхонаи миллӣ дар раванди фаъолият аз навтарин ва муосиртарин таҷҳизот ва воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифода мебарад, ки аз ин лиҳоз яке аз китобхонаҳои пешрафта дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Китобхонаи миллӣ дар баробари истифодаи муҳимтарин ва муосиртарин технологияҳои иттилоотӣ инчунин, барои хидматрасонии иттилоотии истифодабарандагон аз пешрафтатарин барномаҳои соҳавии ҷаҳонӣ ва барномаҳои ватанӣ истифода менамояд, ки ҳамаи ин барои хидматрасонии босифату саривақтӣ барои истифодабарандагон нигаронида шудааст. Ба унвони мисол метавон аз барномаи ҷаҳонии “Алиф ном бурд, ки айни ҳол тасвири электронии беш аз 800 ҳазор номгӯй адабиёти фонди китобхона дар барномаи мазкур ворид карда шудааст.

Яке аз барномаҳои муҳимми соҳавӣ ва дар айни замон ватанӣ ин барномаи “ФЕҲРИСТНИГОР” мебошад, ки солҳост кори истифодабарандагонро ба маротиб осон намудааст.

Ҳамчунин роҳандозии Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон, “Портали иттилооти ҳуқуқӣ”, телеграмканали Китобхонаи миллӣ ва дигар барномаву саҳифаҳои интернетӣ Китобхонаи миллиро ба яке аз китобхонаҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонишавии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии замони муосир табдил додааст.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати такмили заминаи моддӣ-техникии Китобхона дар давраҳои гуногун сатҳу сифати фаъолияти Китобхонаи миллиро афзуда истодааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Китобхонаи миллӣ бо тамоми таҷҳизот ва техникаву технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таъмин буда, ниёзи иттилоотии хонандаи муосирро дар беҳтарин шакл қонеъ мегардонад.

Рушди босуръати технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ ва ниёзи рӯзафзуни истифодабарандагони иттилоот дар гӯшаву канор ва сатҳу манотиқи мухталифи кишвар зарурати таъмини тамоми китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриро бо воситаҳои техникии иттилоотӣ-коммуникатсонӣ ба миён овардааст.

Мутолиаи китобҳои электронӣ, истифода аз сарчашмаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотии милливу ҷаҳонӣ аз ҷумлаи талабот ва тақозои хонандаи муосир мебошад. Аз тарафи дигар эълон гардидани Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳои китобхонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи тақозоро бо адабиёти электронӣ, ки бар мабнои таъмини китобхонаҳо бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фароҳам оварда мешаванд, рӯз то рӯз бештар мегардонад.

Дар ин росто таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи таъмини китобхонаҳои системаи марказонидашудаи кишвар ба талабот ва тақозои замони муосир ҷавобгӯ намебошад.

Аз ин хотир, вазифа ва рисолати ниҳодҳои марбутаи соҳаи фарҳанг таҳлилу баррасии вазъи таъмини китобхонаҳои системаи марказонидашудаи кишвар бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ, дар навбати аввал бо компютер ва хатти интернет бо таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати давлатӣ мебошад.

Фаридабонуи ҶАМОЛИДДИН,
кормандони Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ