Китоби нав: Хуршед Атовулло «Блогер»
Дар асари тозанашри нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Хуршед Атовулло (Ниёзов) “Блогер” дӯстдорони асарҳои пурмоҷарои детективӣ бо қаҳрамонони номошнои ӯ – журналист Ҷамшед Ҳабиб, полковник Амонов ва генерал Шоҳин Азизов аз китобҳои «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд» рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳар яке аз онҳо барои барқарорсозии адолату талош мекунанд. Адолат ва ҳақиқате, ки ҳар яке бо чашми худ мебинанд.
Профессор Иброҳим Усмонов ба китоб як сарсухани пурмуҳтавое навиштааст, ки барои дарки мавзуъ ва дарки он ки аслан Хуршед Атовулло чӣ ва чарову барои кӣ менависад, кумак мекунад. Ин сарсуханро, ки бо номи “Хуршеди адабиёт” дар китоб ҷо гирифтааст, айнан меорем ва шумо хонандагони азизро, барои мутолиаи асар ба Китобхонаи миллӣ даъват мекунем.
Иброҳим Усмонов, профессор: “ХУРШЕДИ АДАБИЁТ”
Асарҳои навиштаи Хуршед маро ба як фикр бурд. Таҳаввулоти имрӯзаи эҷод нишон медиҳад, ки натанҳо байни жанрҳо, балки байни соҳаҳои эҷод ҳам сарҳад суд шуда истодааст. Яъне унсури адабиёт дар асарҳои публитсистикаи калонҳаҷм ва баръакс, воситаҳое, ки ба публитсистика таалуқ доранд, дар адабиёти бадеӣ ҳам роҳ ёфта истодаанд.
Шояд яке аз сабабҳои “оммавӣ” шудани адабиёти бадеии публитсистикамонанд, дар Аврупо, иллати дар телевизони Россия пайдо шудани сериалҳо, махсусан сериалҳои мавзуи ҷиноятӣ, токшоуҳо (ҳангомаҳо) ва намоишҳои ба онҳо монанд ҳам, дар баҳамрезии адабиёт ва публитсистика ба амал омада истода бошанд, зеро дар ҳақиқат хонандаи имрӯза, бештар асарҳоеро мехонад, ки чизи диданӣ доранд. Агар гӯем, ки дар шароити имрӯза ҳавасмандони дидан аз ҳавасмандони хондан хеле зиёдтар аст, шояд ҳақиқатро ифода мекарда бошем. Мутассифона ё хушбахтона, намедонам, ба кадомин аз ин сабабҳо образи мусбат ва воқеан мусбат имрӯз камтар таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад, ба истилоҳ, насиҳат ба гӯш намефоридагӣ шудааст. Гиранда агар китоб ҳам хонад, дар он чизи диданиро суроғ мекунад, чизе ки ба тафаккури вай наздик бошад. Мо мехоҳем, намехоҳем, ин ҷараёни ҷаҳонӣ ба афкору зиндагии мо ҳам таъсир мерасонад, дохил мешавад, мо дигар ба умеди он шуда наметавонем, ки ки мактаб барои мо китобхон тарбия мекунад, мо акнун барои ҳамаи халқ навишта наметавонем, тавре ки дар замони шӯравӣ мақсади эҷод фаро гирифтани тамоми халқ буд. Мо акнун барои категорияи муайяни хонандагон менависем, завқи онҳоро ба ҳисоб мегирем. Душвор шудааст, хонандаро ба завқи худ наздик тарбия кардан. Осонтар шудааст ба завқи хонанда наздиктар фаромадан.
Барои ҳамин ҳам адабиёт имрӯз дар тамоми кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам, бештар ба мавзуҳое даст мезанад, ки завқи ҳамон категорияи хонандаи боқимондаро қонеъ карда тавонанд. Дар байни маҷмуаи масъалаҳое, ки ба ин мавзуъ дахл дорад, мавзуи мубориза ба муқобили ҷиноят, пешгирӣ кардани ҷиноят, ба сифати қаҳрамони мусбат ба ҷойи аввал баровардани кормандони мақомоти қудратӣ ва дӯстони онҳо-журналистон диққатро бештар ба худ ҷалб менамояд. Хуршеди Атовулло ҳам ба ҳамин шакли адабиёт таваҷҷуҳ кардааст. Вай ҳам силсилаи қиссаҳоеро чоп кардааст, ки аз ҳаёти пурхатар, вале пуршарафи кормандони қудратӣ ва журналистон дарак медиҳанд. Дар навиштаҳои детективии вай, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, се тан-генерал Шоҳин Азизов, муфаттиш Амонов ва журналист Ҷамшед Ҳабиб чун персонажи марказии мусбат фаъолият намуда, ин қиссаҳоро ба китоби яклухт, ба истилоҳи телевизон сериал табдил медиҳанд.
Аз он ақида дурам, ки ин навъ мавзуъ ва ин навъ эҷодро тамоман бе реша ва бесобиқа донам. Қаблан мо дар жанри фелйетон навъе доштем бо номи очерки судӣ. Мақсад аз очерки судӣ ҳам маҳкум кардани камбудиҳои ҷомеа, ҷинояткорӣ, бадкорӣ ва амсоли ин буд. Фарқи очерки судӣ аз худи фелйетон ба ин буд, ки дар он сатира ва юмор камтар истифода мешуд, он қаҳрамони мусбат ҳам дошт, ки қаҳрамони мусбаташ ҳамон муфатишон ва соири кормандони қудратӣ буданд. Дар очерки судӣ ҳам баъзан аз конкретии мавзуъ (яъне гуфтани ному насаб ва ҷову макон) даст кашидан ҷоиз буд.
Достонҳои криминалии имрӯза, аз ҷумла, навиштаҳои Хуршеди Атовулло ҳам ба ҳамин равия ва қолаб наздиканд. Фақат як чиз, ки барои фаҳмондани ҳадаф ва мақсади худ Хуршед дар шуруи ҳар кадоме аз ин достонҳош таъкид мекунад, ки онҳо воқеият нестанд ва агар ному насаби онҳо ба касе монанд бошад, ин тасодуф аст. Ба ин васила ба хислати адабиёти бадеӣ доштани навиштаҳояш ишора мекунад. Воқеан ҳам онҳо ҳикояҳои муосир ҳастанд. Воқеан ҳам дар онҳо аз амалиёти некихоҳонаи кормандони мақомҳои қудратӣ ва гаҳе ҳам дар муқобили иддае аз ҳамкасбони нохалафи худ қарор гирифтани онҳо, бо як обу ранги хос, бо тасвир ва сюжетҳои муассир ифода меёбанд. Асарҳои дар ин маҷмуа гирдомада адабиёт барои ҷавонон аст, зеро мақсади таъсиррасонии бевосита надорад, яъне публисистика нест ва ҳам нафосати матн, ки ҳолатҳои равшани баёни эстетикӣ дорад, онро барои хондану сабақ гирифтан ҳидоят менамояд. Ин навъ асарҳо, ман гумон мекунам, дар дили хонандагони муосири мо раҳ ёфта метавонанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳанд ва ба ин васила адиб масъулияти иҷтимоии худро иҷро мекунад.
Хуршед аз навиштани воқеаҳои тезу тунд намеҳаросад, чунки дурӯғ намегӯяд, чунки некӣ мехоҳад ва аз ин сабаб дар ин роҳи душвор барои вай сафари бобарор мехоҳам. Дилам хуш мешавад, ки Хуршеди журналистика ба фазои адабиёт роҳ ёфтааст.
Таҳияи Адиба МАРДОНЗОДА,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд