Китоби нав. Муродифот дар «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ»
Маллифи ин китоб Масъудҷон Холиқов буда, соли равон чоп шудааст. Монография пажӯҳиши тозае дар забоншиносии тоҷик ба шумор рафта, дар он сайри таърихии падидаи тародиф ва мавқеи донишмандони гузаштаву имрӯз дар мавриди он ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Таваққуфи бештаре дар монография ба хусусиятҳои ҷуфтӣ ва пайиҳамии муродифот, ки дар адабиёти тоҷик, хусусан дар марҳилаи классикии он корбурди назаррасе доштааст, карда шудааст.
Дар муқаддима муаллиф аз ҷумла навиштааст, ки аҳди Сомониён (875-999) аз назари аҳли таҳқик, аз лиҳози дастовардҳои бешумори илмию фарҳангӣ аз пуршукӯҳтарин ва пурбортарин давраҳои таъриху фарҳанги ҳалқи тоҷик ба шумор меравад. Бахусус, дар ин аҳд бо шарофати сиёсати фарҳангии оқилонаи амирону вазирони фозили Сомонӣ, ҳамзамон, бо эҳёи дубораи расму оинҳои куҳани миллӣ забони адабии оламшумули мо, бо зуҳури шоироне чун устод Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва дигарон ба авҷи тараққии худ расид.
Дар баробари рушди камназиру бесобиқаи забони адабӣ, «ин сиёсати сарнавиштсоз ба зуҳуру таҷаллии забони илмии форсӣ-тоҷикӣ сабаб гардид ва ҳокимони хонадонҳои дигари эрониюласли он айём, аз ҷумла Оли Бувайҳ, Хоразмшоҳиён, Фариғуниён, Оли Зиёр ва ғайраро ба бузургдошти забону фарҳанги миллӣ водор намуда, барои таълифи осори илмии форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои баъд заминаи мусоид фароҳам овард».
Дар байни асарҳое, ки дар давраи Сомониён бо ҳидояти амирони ин силсила ба забони модарии мо тарҷума шудаанд, «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» мақоми хос ва ҷойгоҳи муҳим дорад, Ин асар дар байни дигар тафсирҳои куҳани форсии тоҷикӣ, монанди «Тафсири Қуръони маҷид» маъруф ба «Тафсири Кембриҷ», «Тафсири Қуръони пок» «Тарҷумаи Қуръони Музейи Порис», «Бахше аз тафсири куҳан» ва ғайра, нахустин ва муҳимтарин тарҷума ва тафсири расмӣ шинохта шудааст.
Воқеан, бо мутолиаи ин асар метавон ба чунин натиҷа расид, ки мутарҷимони асар дар нигоҳ доштани асолати забони форсии тоҷикӣ кӯшиш ба харҷ дода, ҳангоми пайдо накардани муодили вожаҳои арабӣ дар забони форсии тоҷикӣ ба калимасозию таркиббандӣ даст задаанд. Ҳамин аст, ки ба андешаи баъзе пажӯҳишгарон вожаҳои арабии асари мазкур ҳамагӣ 10%-и калимаҳои корбурдии онро ташкил медиҳанд…
Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.