Китоби тозанашр дар бораи  фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ

Муаллифи китоби “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” Раҳимзода Рамазон Ҳамро буда, он дар нашриёти  «ЭР – граф» ба тозагӣ мунташир шудааст.

Курси мухтасари фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ масъалаҳои асосии ин соҳаи ҳуқуқ, тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ, ҳуҷҷатноккунии онҳо ва истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯиро инъикос намуда, ваколати кормандони оперативӣ ва шахсони ба онҳо муосидаткунандаро баррасӣ менамояд. Дар он ҷанбаҳои алоҳидаи ин намуди фаъолият, ки хусусан бо сирри давлатӣ, ҳимояи давлатии иштирокчиёни он ва ғайра алоқамандӣ дорад, таҳти таҳлил қарор дода шудааст.

Курси мазкур барои омўзгорон, аспирантон, адъюнктон, донишҷўён, шунавандагон ва курсантон, кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, адвокатҳо ва инчунин, доираи васеи хонандагон, ки ба масъалаҳои умумии фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣӣ таваҷҷуҳ доранд, аз манфиат холӣ нест.

Тавре муаллиф дар сарсухан ба китобаш навиштааст, курси мазкур ҷиҳати такмили минбаъдаи савияи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ ва дигар сохторҳои низомӣ равона гардида, ба ин васила ба татбиқи саривақтии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба сатҳои сифатан нав ба роҳ мондани фаъолияти чунин мақомот ва андешидани чораҳои саривақтии қонунӣ ҷиҳати муқовимат ба унсурҳои ҷинояткоронаи муосир муосидат менамояд.

Эй Ниҳонӣ, кори фаврӣ ҳаст ҳисси дарки дил,

Ин тафаккур ҳарки дорад, ҳаст ў касбан асил.

Аз ин рў, мазмуни курс ба хонандагон имконият медиҳад, ки ҷой ва нақши фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўиро дар байни дигар намудҳои фаъолияти ҳуқуқӣ, аҳаммияти қувваю воситаҳо ва тарзи амалигардонии фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўиро дар низоми чораҳои ошкоркунии ҷиноят муайян намояд.

Хонандагон китоби Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷўӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд