Маҳфили “Панҷаи ҳунар” бо иштироки донишҷӯёни таҷрибаомӯз

Панҷаи ҳунарДар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маҳфили навбатии “Панҷаи ҳунар”, ки одатан бо иштироки хонандагони хурдсоли шуъба баргузор мегашт, ин навбат бо ширкати 10 нафар донишҷӯи таҷрибаомӯз доир шуд. Эшон донишҷӯёни соли сеюми таҳсил аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд. Кормандони шуъба тарзи кор бо кӯдакону наврасонро ба донишҷӯён баён намуда, чи гуна ҳавасманд кардани хонандагони хурдакаки шуъбаро шарҳ доданд.

Чун ҳамешагӣ бо дастур ва баёни тафсири амал кормандони шуъбаи мазкур ба иштирокдорони ғайриодатии маҳфил бо истифода аз қоғазҳои рангаву маводи дигари лозима кашидани акси хонача, дарахт, арча, суроби ҳайвончаҳо ва то ҳатто зарраҳои калони барфро фаҳмонданд.

Рафти иҷрои ин амалҳо хеле ҷолибу мароқангез буд. Ҳар дастуре, ки аз тарафи ташкилкунандагони шуъба ба иҷрокунандагони навбатӣ дода мешуд, бо як завқу ҳаваси самимӣ иҷро мегашт. Донишҷӯён гӯё дубора ба дунёи рангину афсонавии бачагӣ ғарқ гашта буданд ва аз натиҷаи амалҳои ба назар одии худ ба шавқ меомаданд.

Панҷаи ҳунар

Ногуфта намонад, ки маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории он дар замири кӯдакону наврасон бедор намудани завқи зебоипарастӣ мебошад.  Чуноне ки сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Шаҳноза Дониёрова иброз медорад, чунин маҳфилҳо ҳисси зебоипарастиву таҳаммулро дар бачагон зина ба зина баланд мебаранд.

Махфират Муҳиддинова
мутахассиси бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.