Нақши Бекназар Аҳмадов дар рушди китобдории тоҷик

30-уми июн дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Нақши Бекназар Аҳмадов дар рушди китобдории тоҷик” бо иштироки доираи васеи муҳаққиқони соҳа ва кормандон доир карда шуд.

Дар оғози нишаст муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода аз саҳми арзишманди Бекназар Аҳмадов дар рушди соҳаи китобдорӣ, таҳкими фаъолияти китобхонаҳо ва тарбияи мутахассисони соҳа ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки Бекназар Аҳмадов яке аз пурмаҳсултарин мақоланависон дар мавзуъҳои библиографӣ буда, дастурҳои методии китобхонашиносӣ, библиография аз қабили “Маскани ктобҳо”(ба забони русӣ)  Давлати бузурги Сомониён”, “Авасто китоби муқаддаси зардуштиён”, “Китоби сол”, беш аз шашсад мақолаҳои илмӣ, оммавӣ, очеркҳо дар масоили маданияту санъат, арбобони намоёни фарҳангӣ, китобу китобдорӣ ва китобшиносӣ ва муаллифи беш аз 600 мақолаҳои илмии библиографӣ мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш китобшинос, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода оид ба хизматҳои илмӣ ва амалии Бекназар Аҳмадов дар пешрафти китобдории миллӣ суханронӣ намуда, нақши ӯро дар рушди фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ муҳим арзёбӣ кард.

Саҳми Бекназар Аҳмадов дар рушди илмӣ тоҷик бисёр арзишманд, буда дар баробари китобшинос ва китобхонашиноси муваффақ будан ҳамчунин дар соҳаи библиографияшиносӣ низ корҳои арзишмандеро анҷом додааст.

Сипас, китобшинос Ҷурабой Раҷабов зимни суханронии худ аз фаъолияти пурмаҳсул, мероси илмӣ ва ҷойгоҳи Бекназар Аҳмадов дар таърихи китобдории тоҷик андешаронӣ намуд.

Дар фарҷом дигар иштирокчиён миёни ҳам табодули афкор намуда, доир ба масъалаҳои рушди китобдорӣ, омӯзиши мероси илмии Бекназар Аҳмадов ва аҳаммияти он барои насли имрӯз сухан гуфтанд.   

                              

Наргис НАЗАРЗОДА