Нависандаи рус Иван Ефремов китоби тозанашри худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард
Китоби тозанашри нависандаи рус Иван Ефремов бо номи “Венчур. Риск ради добычи” дирӯз ба Китобхонаи миллӣ расид. Чор нусха аз ин китоби худро муаллиф ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ирсол кардааст.
Роман бо як ҳодисаи воқеии соли 2015 оғоз мешавад, Хадамоти амнияти Русия барои кӯмак дар боздошти ҷинояткорон дар таркиши ҳавопаймо дар Миср 50 миллион доллар ҷоиза таъин кард. Дар соли 2019 ба қасди дарёфтани мукофот як мошини зиреҳпӯш озмоишгар ва тарҷумони сарҳадбон як гурӯҳи моҷароҷӯёнро, ки ба ғорат омодаанд, ҷамъ меорад, то сарпарасти ҳамлаи террористиро дар муҳосира гиранд.
Ин як романи пурҳодиса дар бораи неруҳои вижаи шуҷоъ нест, балки достонест дар бораи ду рушанфикр, зиёии ҷавон, ки дар маърази хатари муқобилият кардан ба як қочоқчии шайтонсифат қарор гиифтаанд.
Сужаи печида, саргузаштҳои хатарнок, задухӯрдҳои ҷиноӣ, муколамаҳои номафҳум, як сафари ошиқона ва танзи ғамангез муҳтавои романро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки дар романи мазкур муаллиф аз корнамоиҳои тоҷикон низ ёдоварӣ шудааст.
Иван Ефремов шахсан ба унвонии Китобхонаи миллӣ нусхаҳои китоби тозанашрашро фиристода, дар номае таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои Россия бо кишвари Тоҷикистон дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Хонандагон метавонанд китоби “Венчур. Риск ради добычи”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Наргис НАЗАРЗАДА