Ниёиши Антуан де Сент-Экзюпери
29 декабри соли 1935 дар биёбони Либия ҳавопаймои нависанда, шоир, эссенавис ва халабони фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери ҳангоми парвоз аз Порис ба Сайгон суқут кард. Охири соли 1935 Антуан де Сент-Экзюпери мебоист барои дарёфти мукофот дар ҳаҷми 150 000 франк дар пойгаи ҳавоии Порис-Сайгон-Порис дар мусобиқа иштирок мекард. Рӯзи 29 декабр ҳавопаймо дар биёбони Либия суқут кард. Халабон ва механики ў Андре Превост ба муъҷизаи илоҳӣ зинда монданд. Дар рӯзи чоруми будубоши худ дар биёбон, ки аз беобӣ қариб аз ақл бегона шуда буданд, аз ҷониби як бодиягард наҷот ёфтанд.
Антуан Мари Жан-Батист Роҷер де Сент-Экзюпери нависанда, шоир ва халабони касбии фаронсавӣ буд. Вай 29 июни соли 1900 дар шаҳри Лиони Фаронса дар оилаи як ашрофзодаи музофотӣ ба дунё омад. Дар синни чорсолагӣ аз падар маҳрум шуд. Модараш Антуани хурдсолро ба воя расонд. Экзюпери мактаби иезуитҳои Ле-Манро хатм карда, дар интернати католикии Швейтсария таҳсил кард ва дар соли 1917 ба факултаи меъмории мактаби санъати тасвирии Порис дохил шуд.
Соли 1921 ўро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд ва он ҷо ба курси халабонӣ дохил шуд. Пас аз як сол, Экзюпери шаҳодатномаи ҳавонавардӣ гирифт ва ба Порис рафта, ба кори эҷодӣ машғул гардид. Вале дар аввал вай дар ин соҳа ягон муваффақият ба даст наовард ва ба корҳои гуногун саргарм шуд. Танҳо дар соли 1925 Экзюпери шуғли худро ёфт – вай халабони ширкати «Aeropostal» шуд, ки дар он ҷо почтаро ба соҳили шимолии Африқо интиқол медод. Пас аз ду сол вайро сардори фурудгоҳи «Cap Jubi», дар канори Сахара таъин карданд ва дар он ҷо ниҳоят оромии ботиниро пайдо кард, ки дар натиҷа китобҳои деринтизорашро навишт.
Соли 1931 ба Аврупо баргашт ва боз бо хатҳои почта парвоз кард. Аз миёнаҳои солҳои 30-юм ў ҳамчун рўзноманигор ҳам шуҳрат ёфт. Аз ҷумла, соли 1935 ҳамчун хабарнигор ба Москав сафар карда, ёддоштҳояшро дар панҷ очерки шавқангез ба қалам додааст. Дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Сент-Экзюпери якчанд супориши махсуси ҷангиро анҷом дод ва ба ҷоизаи Салиби Ҳарбӣ пешбарӣ карда шуд. Замони дар Ню Йорк зиндагӣ карданаш машҳуртарин китоби худ “Шоҳзодаи хурдакак“-ро навиштааст. Соли 1943 вай ба Неруҳои ҳавоии Фаронса баргашт.
31-уми июли соли 1944 ба таври асроромез ва фоҷеавӣ риштаи ҳаёташ канда шуд.
Ин ниёиш аз ӯст, ки бо қалами Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ тарҷума шудааст.
***** ***** *****
Маро ҳунари реза-реза қадам задан омўз. Худоё, Худовандо, аз ту на мўъҷизаҳо мехоҳаму на ҷоизаҳои пурсароб, фақат мехоҳам, ки ҳар рўзамро қудрати бақо бахшӣ. Маро илми реза-реза қадам задан омўз. Маро ҳушманду огоҳ соз, то дар амвоҷи рангомези рўзони маъмулӣ, дар истгоҳи таҷрибаҳову тозакориҳое, ки диламро илҳому ангеза медиҳанд, дарвақт таваққуф намоям. Маро идроки зарифе ҳадя кун, ки аслҳоро аз фаръҳо тафовут бахшам. Аз ту неруи худдориву андозашиносӣ мехоҳам, ки дар вусъати зиндагиям паропар назанаму налағҷам, балки барномаи рўзҳоямро оқилона тақсим намоям, қуллаҳову дурдастҳоро бо нигаҳ бипаймоям ва лоақал гоҳ-гоҳе фурсате дарёбам барои чошнӣ бардоштан аз шаҳди ҳунар ва офариниш. Мадад кун, ки ҳамин ҷову ҳамин ҳоло ҳамин дақиқаҳоро муҳимтарин лаҳазоти умрам бипазирам.
Маро аз ин бовари сода, ки зиндагӣ ҳамеша бояд нағзи нағз бошад, раҳо бикун. Бароям тавони дарки ин ҳақиқатро деҳ, ки гираҳҳову бохтҳову афтоданҳову печ заданҳо ҷузъи табии ҳаётанд, ки моро пеш мекашанду қудрати талошу сабзиш ато мекунанд.
Ба ёдам биёвар, ки дил ҳамеша бо ақл меҷангад. Дар лаҳзаи муҳим нафареро бифирист, ки бе ҳеч риё мардона ҳақиқатро рў ба рўи ман мегўяд ва аз рўи муҳаббат мегўяд.
Ман медонам, ки бисёр чигилҳо бидуни чорасозӣ ҳам худ ба худ боз мешаванд, фақат маро илми сабр биёмўз.
Ту медонӣ, ки мо чӣ қадр сахт ба дўстиву дўст мўҳтоҷем. Маро ба ин атои латифу нозанинат шоиста нигаҳ дор. Бароям сабки дилошноӣ биёмўз, ки дар ҳама мавқеъҳову ҳолатҳо бо сухан ё бо сукут гармии ҷонамро ба одамҳо нисор кунам. Маро инсоне соз, ки оҳи афтодагону дармондагонро мешунавад.
Маро аз бими он ки дар зиндагӣ кадом як кореро анҷом надодаам, ҳимоят бикун. Маро на он бидеҳ, ки мехоҳам, балки он бидеҳ, ки мебояд.
Маро илми реза- реза қадам задан омўз.
Тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона. Аз китоби “Найсон”.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон