Ошёни меҳр ва асрори хушбахтии оила
Мувофиқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 рӯзи 15 май Рӯзи байналмилалии оила эълон гардид. Мақсад аз эълони ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи давлатҳову ҷомеаи башарӣ ба мушкилоти мавҷудаи оила ва оиладорӣ мебошад. Оила ҳамчун сарчашмаи ахлоқ, меҳру муҳаббат ва тарбияи наслҳои солим дар ҳифзи арзишҳои суннатии миллӣ ва устувор намудани пояҳои ахлоқии мардум саҳмгузор аст.
Ҷашни Рӯзи оила дар ҷумҳурии мо ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имсол низ бо ибтикори Шурои бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи оила” маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Ошёни меҳр ва асрори хушбахтии оила” баргузор гардид.
Дар маҳфил кормандони Китобхонаи миллӣ ва меҳмонон ва аз Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, “Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода дар сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки оила ҳамчун ҷузъи калидии ҷомеа аз воҳидҳои гуногун таркиб ёфтааст ва алоқаи байни онҳо ҳамчун занҷираест байни наслҳо. Бунёди оилаи солим ва таъмини зиндагии орому осоишта яке аз талаботҳои асосии пешрафти замони муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладориву омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила ва ҷилавгирӣ аз вайроншавии он чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад. Маҳз дар оила инсон муҳаббату садоқат, ғамхориву меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтиром, масъулият ва одоби муоширатро меомӯзад. Шинохти анъанаҳову аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад.
Муовини сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исмоилзода аз нақшу мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоӣ сухан гуфта, сабаби вайроншавии оилаҳоро дар баҳсҳои оилавӣ байни зану шавҳар, рашки беасос, вуҷуд надоштани ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзоёни оила, издивоҷи бармаҳалу иҷборӣ, бемаълумотӣ, зӯроварӣ, бекорӣ, нашъамандӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд.
Сурайё Давлатзода – директори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар суханронии худ дар бораи дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону ҷавондухтароне, ки имрӯз ба хушунати хонаводагӣ дучор омадаанд, аз фаъолияти “Маркази худшиносии бонувон” брози назар намуд.
Директори “Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шобегим Маликшозода дар маърӯзаи пурмуҳтавои худ “Ҷойгоҳ ва мақоми занон дар ҷомеа” пойдории оила ва баробарҳуқуқии занро дар радифи мард таъкид намуда, аз саҳми занони мубориз дар тӯли таърихи башар ёдовар шуд. Бояд гуфт, ки Шобегим Маликшозода дастпарвари Китобхонаи миллӣ буда, қадамҳои нахустини фаъолияти кории худро дар ҳамин даргоҳи муқаддас оғоз намудааст.
Намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Қаландаров аз номи роҳбарияти Кумита ҷиҳати даъват ба ин нишасти фарҳангӣ-маърифатӣ арзи сипоси намуда, афзуд ки аз нигоҳи дини мубини ислом нисбат ба оила ва бинои оиласозӣ таваҷҷуҳи хос вуҷуд дорад. Номбурда аз тавсияҳои Имоми Аъзам чанд намунаи хеле муфид оварда, аз ӯҳдадориҳои завҷайн ва ҳусни тафоҳум байни онон, аз шарту шароит ва сирру асрори хушбахтӣ дар оила сухан кард. Ҳамчунин ҳадисҳо аз Паёмбари Худо (с) дар мавриди ҳурмату эҳтироми баробар дар оила оварда шуданд. Чунончи: “Беҳтарини шумо дар назди парвардагор ҳамонест, ки нисбат ба зану фарзанди худ, нисбат ба оилаи худ бисёр меҳрубон аст”.
Ҳамчунин Шарофат Аҳрориён – нозир-коргузори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, хонаводаро макони муқаддас ва шоҳсутуни асосии давлатдорӣ номид ва барои рушду инкишофи кӯдакон ва некуаҳволии тамоми аъзои он нақши оиларо муҳим донист. Шарофат Аҳрориён иброз дошт, ки тибқи маълумоти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи якуми соли 2025 18 ҳазору 423 нафар ақди никоҳ бастаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ин 278 нафар кам мебошад. Ҳамзамон дар ин 2 ҳазору 134 ҳолати бекор шудани ақди никоҳи шаҳрвандон сабт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 167 ҳолат кам аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин нишасти фарҳангӣ-маърифатӣ чанд барномаи рангини фароғатӣ низ дошт. Аз ҷумла, ҳунарпешаи Театри давлатии ба номи А.Лоҳутӣ Марям Турсунова саҳначаи ахлоқӣ-тарбиявӣ пешкаши нишастагон кард, Зарина Абдураҳимова- сарояндаи хушсадо аз Филармонияи давлатӣ хотири ҷамъомадагонро бо таронаҳои хубаш шод гардонд.
Махфират Муҳиддинова