Панҷ ғазал аз Амир Шоҳии Сабзаворӣ

Шоири СардаборШоири Сардабор Оқмалик ибни Малик Ҷамолиддин Фирӯзи Кӯҳӣ мутахаллис ба Амир Шоҳӣ дар соли 1385 дар Сабзавор таваллуд ёфта, соли 1453 дар худи ҳамон шаҳр чашм аз ҷаҳон пӯшидааст. Падару бобои Шоҳӣ аз бузургони Сарбадор будаанд. Ӯ пас аз ба шикаст дучор шудани Сарбардорон  ба дарбори Бойсанғур Мирзо рӯ меорад. Бойсанғур ба Амир Шоҳӣ илтифоти зиёде зоҳир намуда, ба надимии худ қабул мекунад ва он асбобу амлоки меросии вайро, ки дар фатароти Сарбардор ба ҳавзаи девон афтода буд, бармегардонад. Вале муносибати хуби Бойсанғур Мирзо ва Амир Шоҳӣ дер давом намекунад. Бинобар ин шоир ба Сабзавор рафта дар як қитъа замине, ки аз падараш мерос монда буд,  ба деҳқонӣ машғул мешавад ва дар байни аҳолии Сазавор обрӯву эътибори калон пайдо мекунад.

Доимо фузало ва мустаъидон,– менависад Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкират-уш-шуаро”,- ҳамсуҳбати ӯ будандӣ ва умарову ҳукамо ӯро ҳурмат ва иззате медоштанд”.

Амир Шоҳӣ ба ғайр аз шеъру шоирӣ дар анвои дигари ҳунар, аз ҷумла, хаттотӣ, мусиқанавозӣ, наққошӣ ва ғайраҳо низ маҳорати тамом доштааст, ки байти зеринро Давлатшоҳи Самарқандӣ муносиби таърифи ӯ медонад:

Гар ба Чин аз қаламаш нусхаи тасвир баранд,

То чиҳо рӯй диҳад дар фани худ Мониро.

Амир Шоҳӣ асосан ғазал гуфтааст. Ғазалҳои Амир Шоҳӣ хеле кӯтоҳ буда, аз 5 то 7 байтӣ мебошанд.

Ашъори Амир Шоҳӣ ҳанӯз дар давраи зиндагияш диққати бисёр толибони каломи бадеъро ба худ кашида буд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” гуфтааст: “Вайро (Амир Шоҳиро) ашъори латифест якдаст ҳамвор ва бо ибороти покиза ва маонии пурҷошнӣ”. Навоӣ низ фикре дорад, ки “шеъри ӯро дар чошнӣ ва салосат ва латофат эҳтиёҷи таъриф нест. Ғазал гуфта ва кам гуфта, аммо пеши ҳамаи мардум мустаҳсин ва писандидааст”.

Инак, барои хонандагони муҳтарам чанде аз чакидаҳои хомаи ин шоирро пешкаш мекунем.

***

Лаболаб аст зи хуни ҷигар пиёлаи мо,

 Дами нахуст чунин шуд магар ҳаволаи мо.

Бар остони ту шабҳо равам, ки мардумро,

Ба дида хоб наояд зи оҳу нолаи мо.

Зи қадду рӯи ту шарманда боғбон мегуфт,

Ки обу ранг надорад зи сарву лолаи мо.

Ба рӯзи васли ту аз бими ҳаҷр метарсам,

Ки заҳр медиҳад айём дар наволаи мо.

Чу гул ба васфи рухат ҷома чок зад Шоҳӣ,

Ба ҳар куҷо варақе рафт аз рисолаи мо.

***

Абр омаду бигрист ба атрофи чаманҳо,

Шуд шуста ба шабнам рухи гулҳову суманҳо.

Бо доғи ту рафтанд шаҳидони ту з-ин боғ,

Чун лола ба хуни ҷигар оғушта кафанҳо.

Аз мо сухане бишнаву бо мо сухане гӯй,

К-аз баҳри ту бисёр шунидем суханҳо.

Гаҳ нозу гаҳе ишва, гаҳе лутфу гаҳе ҷабр,

Ғайр аз ту чӣ донад дигаре ин ҳама фанҳо.

Дар ишқи ту сабру дилу динам шуду акнун

Мондаст дар ин воқеа Шоҳӣ тани танҳо.

***

Куҷоӣ, эй зи рӯят лоларо тоб,

Баҳори хуррамӣ бигзашт, дарёб!

Лабат бо он ду зулфу рух чӣ некӯст,

Хуш ояд бода дар шабҳои маҳтоб.

Дило, эҳроми он дар бастаӣ, чист?

Қадам нанҳода фикре кун дар ин боб.

Ба сад чандон латофат чашмаи хизр,

Наёрад рехтан бар дасти ӯ об.

Чу ишқ омад, аҷал, гӯ, шод биншин,

Ки мурданро мураттаб гашт асбоб.

Дилам з-он рӯ равад дунболи он чашм,

Ки шаб нохуфтаро осон барад хоб.

Зи кӯяш рух манеҳ дар Каъба, Шоҳӣ,

Ки саҷда нашояд дар ду меҳроб.

***

Маро дар ишқ беҳбудӣ намондаст,

Зи савдои бутон суде намондаст.

Дилам рафтасту оҳе монда бар ҷой,

В-аз он оташ ба ҷуз дуде намондаст.

Саромад рӯзи айшу ёдгораш,

Ба ҷуз далқи майолуде намондаст.

Табиб аз мо инон бартофт, гӯё

Ки ҳеҷ уммеди беҳбудӣ намондаст.

Бикаш теғи бало бар ҷони Шоҳӣ,

К-аз инаш беш мақсуде намондаст.

***

Умр бигзашту дилам ҷуз ошиқӣ коре наёфт,

Чашми ёрӣ дошт аз ёрон, вале ёрӣ наёфт.

Эй дил, аз кӯяш бибар сармояи дарду ниёз,

К-ин матои косид ин ҷо ҳеҷ бозоре наёфт.

То сабо зулфаш барои сайди дилҳо боз кард,

Он каманди фитнаро чун ман гирифторе наёфт.

Солҳо дил чун сабо тарфи риёзи даҳр кард,

Дар фазои ӯ гуле гар ёфт, бехоре наёфт.

Шоҳӣ аз ёрони худ бо кунҷи танҳоӣ бихост,

З-он ки бо ҳар кас ғами дил гуфт, ғамхоре наёфт.

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли  1970 №12
Ба чоп тайёркунанда С.Воҳидовю

Таҳияи Бунафша Абдуллозода,
мутахассис пешбари шуъбаи
матбуоти даврӣ.