Пешвои миллат дар бораи миллати тоҷик

Пешвои миллатТоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шуҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд.

****     ****    ****

Ниёгони мо яке аз куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабу равияҳои гуногун ва риояи ойинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд.

****     ****    ****

Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштанд.

****     ****    ****

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.

****     ****    ****

Тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд.

****     ****    ****

Миллати мо бо ҳифзи томи асолат ва ҳувияти миллии худ фарҳанги хоси иҷтимоии ҳамзистӣ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва робитаҳои созандаву фаъоли байниҳамдигариро эҷод кард ва решадор сохт, ки аз баракати он халқҳои Осиёи Марказии таърихӣ бештар дар фазои ҳамкории васеи иҷтимоӣ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ карда, риштаҳои зиёди хешовандӣ ва ҳамқисматӣ пайдо намудаанд.

****     ****    ****

Ниёгони тоҷикон низ дар таҳти васояти ин давлати мутамарказ, баробари дигар қавмҳои ҳамреша, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ, як тақдири муштараки таърихиро бунёд гузоштаанд. Бохтару Суғд ва Хоразму Порт дар қаламрави шарқии ин давлати бузург, чун зарабоне, ба густариши сиёсати давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ мусоидат кардаанд.

****     ****    ****

Халқи шарифи Тоҷикистон имрӯз хуб медонад, ки оромию ободии кишвар, зиндагии осуда ва амнияти мардум аз ҳар шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар вобаста аст.

****     ****    ****

Халқи тоҷик, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанги оламгири худ симои хешро маҳфуз дошт ва нуфузу мартаба пайдо кард. Мо фарҳанги ниёгонамонро қадр мекунем ва тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки он минбаъд ҳам ривоҷу равнақ ёбад.

****     ****    ****

Тоҷикон, бо вуҷуди беадолатиҳои зиёди таърих, аз рисолати инсондӯстӣ ва фарҳангпарвари худ ҳеҷ гоҳ даст набардоштаанд. Балки онҳо табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, нексиришту заҳматкаш ва порсою маърифатпарвар буда, аслан ба ягон андешаву ақидаи ирқпарастию инсонбадбинӣ, таассуби нажодию зӯроварӣ ва фишори сиёсию таъқиботи динӣ такя накардаанд.

****     ****    ****

Тоҷикистон Ватан–модари ягонаи тамоми тоҷикистониён аст. Онро бо ваҳдат, ҳамдилию ҳамбастагӣ, бо такя ба неруи худ ва захираҳои дохилӣ ба кишвари пешрафтаю шукуфон мешавад табдил дод. Аз ин рӯ, бояд тамоми неруҳои интелектуалии кишвар – олимон, адибон, рӯзноманигорон ва дигар зиёиёни кишвар – бо қудрати эҷодкоронаи худ барои дар атрофи ин ҳадафи воло муттаҳид сохтани мардуми сарзамин ҳамаҷониба кӯшишу талош намоянд.

****     ****    ****

Таҷлили ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён парчаме гардид, ки мардуми моро ба ваҳдат овард, ҳувияти миллӣ ва ҳисси худшиносии онҳоро боло бурд, оромиву осудагӣ ва сулҳу суботро дар мамлакат пайдор сохт, эҳсоси расидан ба қадри истиқлолияту давлатдории миллиро дар замири сокинони ҷумҳурӣ бедор кард ва раванди бунёдкориву созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил дод.

****     ****    ****

Миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои қадимаи минтақа ва ҷаҳон мебошад, бо дили поку нияти нек бузургдошти тамаддуни ниёгони ориёии худро қайд мекунад.

****     ****    ****

Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст.

****     ****    ****

Мо – наслҳои имрӯзаи тоҷикон – ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем.

****     ****    ****

Андешаи миллӣ маҳсули ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи миллатамон буда, тавассути он тоҷикон худро ҳамчун миллат ҳифз кардаанд, фарҳанги оламшумул офаридаанд ва дар асри ХХ боз ба соҳибистиқлолӣ расидаанд.

****     ****    ****

Тоҷикон, ки аз аҳди бостон то имрӯз ҳамчун миллати сулҳхоҳу адолатпарвар маъруфанд, ҳеҷ гоҳ ҷангу низоъ ва муқовиматҳоеро, ки боиси бехонаву макони зист мондани мардуми осоишта ва нобуд шудани осори қадимаи халқу миллатҳо мегарданд, ҷонибдорӣ намекунанд, баръакс, чунин амалҳои нанговару харобиоварро ҳамеша маҳкум менамоянд.

****     ****    ****

Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату Ватани худро дар ихтиёр доранд.

****     ****    ****

Мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва эҷодкориву офарандагӣ фазилати муҳимтарину хосаи миллати тоҷик буда, ҳунару санъати шаҳрсозиву шахрдории тоҷикон аз умқи асрҳо сарчашма мегирад.

****     ****    ****

Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

****     ****    ****

Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд.

****     ****    ****

Баландии мартаба ва сатҳи фарҳангиву маънавии миллати мо аз ҳамин низ маълум аст, ки дар байни шоирону нависандагон, олимону ҳунармандон занон низ кам набуданд.

****     ****    ****

Тоҷикон табиатан мардуми олиҳиммат ва куҳанфарҳанганд ва ин сифатҳо дар сиёсати давлати мо, ки аз оғози истиқлолият сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифтааст, таҷассум ёфтаанд. Ҷавҳари ин сиёсат ба мондани ҳамкориҳои мусбат ва таҳкими пайвандҳои дӯстӣ бо ҷаҳони беруна аст, ки бар манфиати муштарак ва эътимоди мутақобил асос мегиран.

****     ****    ****

Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд.

Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” таҳияи Зебонисо Давлатова, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.