Сад соли таърихи миллат дар саҳифаҳои “Народная газета”

Файзализода ҶумахонСад сол пеш, дар яке аз рӯзҳои тирамоҳи заррин, ки бод аввалин баргҳои хазонро ба замин паҳн мекард, дар фазои иттилоотии кишвари маҳбуб боз як нашрия аз ҳузури гарми худ пайғом дод. Дақиқан 10-уми октябри соли 1925 бо қарори Бюрои ташкилии Кумитаи Марказии ҳизби коммунист (б)-и Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон аввалин рӯзномаи русӣ бо номи “Советский Таджикистан” (“Тоҷикистони Шуравӣ”) чоп шуд. Рӯзнома ду сол мунтазам нашр шуд ва соли 1927 ба “сабаби моддӣ-техникӣ” аз чоп бозмонд. Метавонем ин сабабро тасаввур кунем.

Газетаи аввалини русӣ баъди панҷ соли пирӯзии инқилоби Бухоро таъсис ёфт. Замоне буд, ки миллатҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ барои ташкили давлати миллии худ талош мекарданд, муборизаҳои синфӣ дар авҷ буд. Онҳое, ки низоми сотсиалистии давлатдориро эътироф намекарданд, даст ба муборизаи мусаллаҳона зада буданд. Деҳаҳои бе ин ҳам ноободро хароб мекарданд, аввалин падидаҳои давлати ҷавони Шуравиро мехостанд барҳам зананд. Аз миёни халқ муҳофизони давлати коргарону декҳқонон ба по мехестанд, то аз ҳуқуқҳои худ ва ояндаи давлату давлатдории хеш дифоъ кунанд. Давлати ҷавони Тоҷикистон, ки он ҳам бахше аз Ҷумҳурии Сотсиалистии Ӯзбекистон буд,  талош мекард дар мубориза барои ояндаи худ пирӯз бошад.

Сабаби моддӣ-техникӣ агар аз сӯе маблағи пулӣ бошад, аз сӯи дигар нарасидани василаҳое буд, ки барои чопи мунтазами газета зарур буд, аз ҷумла коғаз, дастгоҳи чоп, мутахассисони кордидаву корозмуда. Дар шароити он солҳо, ки бо чанд ҷумла тасвираш кардем, фароҳам овардани василаҳои чопи газета осон набуд. Аммо сарварони ҳизбиву давлатӣ соате аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкил дур набуданд. Билохира, бо ташаббуси Шириншо Шоҳтемур ду сол баъд, “Советский Таджикистон” дубора эҳё шуд ва аввалин шумораи он 1-уми ноябри соли 1929 аз чоп баромад.

Дар Донишномаи озод таърихи чопи дубораи газета иштибоҳан 7-уми ноябр навишта шудааст, дар ҳоле ки нахустин шумораи газета баъди эҳёи дубора 1-уми ноябри соли 1929 чоп шудааст ва ин шумораи аввалин дар бойгонии шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Метавон тасаввур кард, ки шумораҳои нахустин чи шодиву сурур доштанд. Акнун садои миллати тоҷик, садои Тоҷикистони сотсиалистӣ бо василаи ин нашрияи русӣ ба оламиён мерасид. 16-уми октябри соли 1929, яъне 15 рӯз пеш аз эҳёи дубораи “Советский Таджикистан) Эъломияи таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуд ва Тоҷикстон аз ҳайати Ӯзбекистон берун шуда чун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ шуд.  Агар шумораҳои аввали газета Органи вилоятии ПК (б) Ӯзбекистон, Кумитаи Марказии ҲК Ҷумҳурии Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Иттифоқи касаби ҶА Тоҷикстон буд, баъдтар он ба нашрияи расмии КМ ҲК Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт.

Замоне, ки хостам ин сатрҳоро бахшида ба садумин солгарди “Народная газета” бинвисам, аввалин бастаи нашрия дар бойгонии Китобхонаи миллиро аз назар гузарондам. Бӯи сад соли пеш, нақши дастони ҳуруфчинони аввалин, нақши қалами аввалин касоне, ки шабҳо зери рӯшноии камнури шамъу чароғ ҳарф болои коғаз мечиданд, то субҳ паёми рӯшаневу хуше ба мардум расонанд.

Аз шумораҳои аввал метавон бо рушди қадам ба қадами Тоҷикистон ошно шуд. Инак, хабаре аз нахустин муоҳадаи ҳамкории пахтакорони Осиёи Миёна бо корхонаҳои бофандагии Москаву Ленинград…Хабари дигар дар он бора, ки нашриётҳои давлатии Федератсияи Русия аз 1-уми декабри соли 1929 намояндагии худро дар шаҳри Сталинобод боз мекунанд. 5-уми майи соли 1930 газета бори аввал хонандаҳои русро бо чопи як порча аз тарҷумаи русии повести “Одина”-и аллома Садриддин Айнӣ ошно намудааст.

Як бахши муҳими шумораҳои аввали “Советский Таджикистон” хабарҳои хориҷии он буд. Дида мешуд, ки газета ҳамқадами сиёсати сталинист (намешуд чунин ҳам набошад) ва дар бахши ахбори хориҷӣ бештар мекӯшад аз ҳаёти тоқатфарсо, зиндагии пур аз ҷангу кашмакашҳои олами капиталистӣ мавод чоп кунад. Як силсила хабарҳои аввали солҳои сиюм ба муборизаи ҳундуҳо барои истиқлол аст, аз ҷумла боздошти пешвои ин муборизаҳо Ганди аз ҷониби мустамликадорони англис ва ғайра….Газета сиёсати Ҳизби Коммунист дар мавриди нишон додани бартариҳои низоми сотсиалистӣ ва зери танқид қарор додани олами сармояро дар амал татбиқ мекард.

“Советский Таджикистан” баъди нашри мақола  бо номи “Уроки таджикского языка» (муаллиф С.Климицкий) вазъи забони тоҷикӣ ва ҷуғрофияи гӯишварони ин забонро таҳлил мекунад ва хабар медиҳад, ки аз шумораи ояндаи худ дарси омӯзиши забони тоҷикиро зери назари муаллифи ҳамин мақола ва шоири тоҷик Мунзим оғоз мекунад.

Дар ҳақиқат аз шумораи баъдӣ силсиламатолиберо дар омӯзиши забони тоҷикӣ, ки он замон ҳуруфи лотинӣ пазируфта шуда буд, оғоз кардааст. Яъне, дида мешавад масъулини нашрияҳои кишвар аз аввалин солҳои ҳузурашон дар фазои иттилоотӣ ба масъалаи забону фарҳанги тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса доштанд.

Аз мурури шумораҳои солҳои аввали “Советский Таджикистон” бардоштҳои дигар ҳам кардам, ки шояд сари фурсат дар ин бора нависам.

Чун нашрияи садсолаи “Ҷумҳурият“Советский Таджикистан” ҳам борҳо тағйири ном кард. Аз миёнаҳои солҳои сиюм то замони Истиқлоли давлатӣ бо номи “Коммунист Таджикистана” нашр мешуд ва яке аз пурхонандатарин газетаҳои замон буд. Он ҳамарӯза ба теъдоди то 100 ҳазор нусха чоп мешуд ва миёни на танҳо ҳизбиён, балки оммаи васеи мардум мавриди эътибор буд. Шуҳрати газета то он ҷой расида буд, ки онро ба ордени Байрақи Сурхи меҳнат шоиста донистанд.

Инак, сад сол аст, ки “Народная газета” паёмрасони ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз аст. Дар саҳифаҳои ин газета тули ин солҳо садҳо нафар нобиғаҳои илму маърифат, шоирону нависандагон, ходимони сиёсиву ҳизбӣ, шахсиятҳои муътабару донишмандони маъруф, деҳқонону коргарон, донишҷӯёну хонандагони мактабҳои миёна бо суҳбату мақолаву гузориш баромад кардаанд.

Агар дар гузашта татбиқкунандаи сиёсати давлати Шӯравӣ дар арсаҳои гуногун буд, ҳоло он чун Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музаффариятҳову пешрафтҳои замони Истиқлол, сиёсатҳои сулҳпарваронаву ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди саноату кишоварзӣ, илму маорифу фарҳанг менависад.

“Народная газета” чун нашрияи собиқадор ҳамқадами замон аст. Бо гузашти солҳо наслҳои оянда аз саҳифаҳои он таърихи миллатро қадам ба қадам мехонанд, чуноне имрӯз мо гузаштаи сад соли пешро аз саҳифаҳои он меҷӯему мехонем…

Ҷумахон Файзализода Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ профессор.