Шераки Ориён. Қудрати Саразм. Охири умри Саразм…

Саразм аҳамият ва тавоноии беҳад пайдо карда дар атрофу акноф. Соҳиби маъдан будани вай дар он замонҳо баробари бомби атомӣ доштан буд дар замони ҳозира. Яъне қудрати беҳамторо шарафёб шуда Саразм…

Яъне дар ун замонаҳои басо қадима Саразм чизе дошт, ки дигарон надошта, яъне маъдан дошт, яъне ҳукми дорандаи оҳан гузаро буд дар Осиёи Марказӣ ва дар атрофи дуру наздик. Хуллас Саразм ҳукми гузаро дошт дар он замонаҳо аз боиси маъдандор будан. Саразм ва маликаи варо эътироф мекарданд ҳамчун ҳукмравои беҳамто дар атрофу акноф. Ҳатто марги малика бе шукўҳ ва бе иштироки маъдан намегузарад. Яъне вайро бо гарданбандҳои биринҷӣ ва сангҳои қимматбаҳои гуногун гўр мекунанд, ки дар асл маъдан бошанд, ки баъдан онро археологҳо дарёб мекунанд, балки худи малика худашро воменамояд баъди чанд ҳазор сол. Менамояд худро, то бузургӣ ва шаҳомати Саразмро ба чашми имрўзиён ва чаҳониён нишон дода тавонад…

Ин ҳам қудрати дигари маликаи Саразм буда, балки қудрати рўҳи тавоно ва беҳамтои ў ва қудрату ҳашами ватанаш Саразм.

Сурату боигариҳои гўрхонаи маликаи Саразм, акнун дар намоиш бошад дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои азими дунё.

Саразм малика боз дуним ҳазор сол шаҳри маъдан, маркази қудрат ва фарҳанг, ҳатто маркази мазҳаби замон боқӣ монда, ки оташкадаҳои гирдаи пайдошудааш нишонаи ҳамин бошанд…

ОХИРИ УМРИ САРАЗМ

Баъд…

Баъд аз дуним ҳазор сол… маъданҳои биринҷӣ дигар кам мемонда дар конҳои дуру наздик, ҳамчунин обраҳа, ки сўи Саразм об мерасонд аз боиси селҳо ва офатҳои табиӣ аз ҳар ҷо бурида мешуданд. Яъне дигар об намеомад ҷониби Саразм.

Ҳамчунин сангҳои маъдандор ва дарунашон пур аз биринҷӣ буд дигар намеомаданд аз конҳои захираашон тамомшуда ба сўи Саразм.

Дигар корвонҳо равон набуда ҷониби Саразм, ки ин ҷо оҳан намонда, то харидорӣ карда бубаранд. Корвонҳо дигар тоб хўрда, миёни ин қаторкўҳҳо намедаромаданд ва ҳаракат мекарданд самти дигар, яъне аз ғарб ба шарқ ва аз шарқ ба ғарб.

САРАЗМИЁН БА КАДОМ САМТҲО ПАРЕШОН БИШУДАНД ВА Ё БИРАФТАНД.

Як қисми саразмиён мерафтанд сўи роҳи корвонгузар, ки аз худи            Саразм 35 километр канортар буд ва дар бари ин роҳ корвонсаро ва        бозорҳо ва ибодатгоҳ месохтанд, яъне ба шаҳри тиҷоратие асос   мегузоштанд, ки номи Мароқандро ё Самарқандро мегирифт.

Қисми дигари аҳолии Саразм, яъне бештари онҳо ба 13 километр болотар ба саргаҳи об ва заминҳои васеътари шодобшаванда ва киштшаванда меомаданд ва шаҳри дигарро асос мегузоштанд ва номи дигари Саразмро ин чо оварда буданд, яъне Панҷекатро. Яъне Панҷ+кат ва ё Панҷекат рўидае буда аз дохили худи шаҳри Саразм.

ТАҶЛИЛИ ҶАҲОНИИ ҶАШНИ САРАЗМ

Саразм ва мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳон ҳамчу аввалин шаҳри азамати давраи маъдан ва модаршаҳри бузурги шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва умуман Осиё – аврупоӣ бо аҳмамияти вежае мемонад.

Ана барои ҳамин дар асоси кўшишҳои ҳаматарафаи Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Саразми қадим ба китоби ёдгориҳои нодири фарҳанги аҳамияти умумичаҳонӣ сабт гардидааст.

Ташаббусу талошу фидокоронаи Пешвои муаззами кишвар буд, ки ҷашни 5500 солагии Саразмро ташкилоти байналхалқии ЮНЕСКО ҷаши ҷаҳонӣ эълон намуд. Ин маъно дошт, ки Саразм барои тамоми ҷаҳониён қадру қиммати арзандаро соҳиб бошад.

ТАҚДИРИ ДАШТАКЕ

Боз ҳамон дашти қадима. Даште, ки гўё ҳеҷ чиз надошт дар оғоз, вале баъди пайдо шудани табари биринҷӣ ва баъди ҳафриётҳои археологӣ маълум гардида ҳама чиро дорад ин мавзеи пурасрор.

Яқинтараш ин як пораи муҳими замини кишвар бошад ва аҳамияти умумиҷаҳониро дорост, балки пораи хело муҳими таърих ҳисобида мешавад.

Ва таваҷчўҳи бештари бостоншиносон ва таваҷҷўҳи бештари башар бадал меёбад, балки пораи муҳими таърихи гузаштаи инсоният бошад ва ошиқони осори қадима ва моилони замони бостониро зиёдтар меоварад ба сўяш

Манбаъ: Шераки Ориён: «Саразм ва баъди Саразм». Душанбе, 220.
Ин китобро хоҳишмандон метавонад дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ҷамила  Гирдакова  сармутахассиси  Маркази  забони  тоҷикӣ ва  омўзиши  забонҳои  хориҷӣ.