“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Баҳром пури Яздигурд, номбардор ба «Баҳроми Гӯр»
Чун кори паймон гирифтан ба анҷом расид, Баҳром ба мардум бор дод ва афсар ба сар ниҳод. Бузургон ва марзбонон ва гузидагони мардум ӯро дар миён гирифтанд ва ҳамон гуна, ки барои дигар шоҳон Худоро хонда буданд, барои ӯ Худоро хонданд бо офарини ӯ сухан оғоз карданд.
Баҳром гуфт: акнун аз ситоиши ман даст бидоред, то ин ки бо некӣ кардан ба шумо шоистагии онро пайдо кунам. Мардум гуфтанд: ҳамон ки аз ту дидем ва озмуне, ки аз бартарии ту ёфтем, гувоҳи шоистагии ту барои ҳар гуна сипос аст ва ҳамин моро бас аст. Акнун сипос Худойро, ки бо подшоҳии ту бар мо миннат ниҳод ва море аз сояи ту навмед накард ва аз партави подшоҳии ту баҳрамандамон сохт. Он гоҳ Баҳром бо додгарӣ ва некӣ бо мардум подшоҳӣ оғоз кард ва бори мардумро сабук сохт ва доди меҳтарон ва кеҳтарон бидод, ба подшоҳони дуру наздик нома навишт. Ҳама ба ҷону дил аз ӯ фармон бурданд. Сипас Мунзир ва писараш Нӯъмонро бар кашид ва бар онҳо ҷомаҳои гаронбаҳо пӯшонд на ҳама гуна хоста ба эшон дод ва подшоҳии миёни Ҳиҷоз ва Ҳираро ба Мунзир вогузорид. Ин нахустин насиме буд, ки бар тозиён вазид ва сароғози некбахтии онон буд.
Баҳром дар миёни подшоҳон бемонанд буд. Чӣ ҳама гуна оинҳоро медонист ва ба забонҳои гунагун сухан мегуфт. Рӯзи ҷашн ва шодӣ ба тозӣ сухан мегуфт, рӯзи бахшиш ба порсӣ, дар анҷумани ҳамагонӣ ба дарӣ, гоҳи чавгонбозӣ ба паҳлавӣ, дар ҳангоми набард ба туркӣ, дар шикор ба зобилӣ, дар ҳангоми гирифторӣ ба ибрӣ, дар пизишкӣ ба ҳиндӣ, дар ситорабинӣ ба румӣ, дар ҳангоми киштисаворӣ ба набатӣ ва бо занон ба забони мардуми Ҳирот.
Ибни Хурдодбеҳ гуфтааст, ки Ҳайсам ибни Адӣ оварда, ки Ҳаммоди Ровӣ сурудае аз гуфтаи Симок ибни Ҳарб оварда, ки Савор ибни Зайд ибни Адӣ ибни Зайд (ровии ашъори Ҳира) онро аз Баҳром донист.
Яъне: Мардуми ҳамаи кишварҳо медонанд, ки ҳамагӣ бардагон ва фармонбардорони мананд.
Ман бар шоҳони онон чира шудам на гиромитарин меҳтарон ва кеҳтарони эшонро куштам.
Ҳар гоҳ ҳукмронони сарзамине аз рӯи гарданфарозӣ ба гӯшаи чашм маро менигаристанд, сипоҳиёни ҷанговар ва мардони пархошгар бар сари эшон мекашонидам.
Пас ё фармон мебурд ё ногаҳон бар онҳо метохтам ва эшонро ба банд мекашидам, чандон ки ба кунд ва занҷир шикоят мебурданд.
Ибни Хурдодбеҳ мегӯяд: он чи ёрони мо (эрониён) аз ӯ нақл мекунанд ин аст:
Манам он шери шула ва манам он бабри яла,
Манам он Баҳроми Гӯр ва манам Бӯҷабала.
НАБАРДИ БАҲРОМ БО ХОҚОН, ШОҲИ ТУРК
Чун подшоҳии Баҳром устувор гашт ва корҳоро сомон дод ва ба пешаҳо расидагӣ кард, саргарми анҷуманҳои шодхорӣ ва комҷӯӣ аз занон гардид ва хоҳиши ҷавониро посух гуфт ва сармастии шоҳӣ ва мастии майро бо ҳам даромехт. Ба ӯ гузориш доданд, ки мардумон мегӯянд: Шоҳ ҷуз шаробу кабобу ва рубоб ба чизе намепардозад.
Баҳром дар посух навишт: шеваи ҳама шоҳон дар ҳангоми оромиши мардум ва осоишу фаровонӣ чунин аст.
Чун Хоқони туркро огоҳӣ доданд, ки Баҳром ҷуз бода ва сода (мастӣ ва айш) чизе намешиносад, озмандӣ ӯро бар он дошт, то бо сад ҳазор сипоҳӣ аз Ҷайҳун гузашт. Ин кор бар бузургони Эрон гарон омад ва ононро тарсонд ва рӯзгорашонро дигаргун кард, чунонки Баҳромро аз газанд огоҳ карданд. Баҳром худ аз он огоҳ буд ва суханро ба дарозо кашонданд ва аз ӯ хостанд, ки ҳар чи зудтар ба чораҷӯй бархезад ва дардеро, ки домани кишварро гирифтааст, дармон кунад. Лекин Баҳром дар посух танҳо ҳаминро гуфт, ки:
Ойини Худованд дар бораи мо некӯ аст ва дилгармии мо ба ӯ устувор аст. Бо ин ҳама аз пардохтан ба шодхорӣ бознаистод ва комҷӯӣ ба шикору баҳра бурдан аз зиндагиро дунбол кард. Сипас роҳи Озарбойҷон дар пеш гирифт, то дар оташкадаи он ҷо ба ниёиши Худо бипардозад. Аз он ҷо барои шикор ба найистонҳои Арманистон шуд. Пас, бародараш Нарсиро ҷонишини худ кард ва чанд тан аз бузургону гурӯҳе аз гузидагону саворкоронро бо худ ҳамроҳ бурд.
Мардум рафтани Баҳромро гурехтан аз душман ва супурдани кишвар ва шоҳаншоҳӣ ба дигарон ангоштанд ва бар нигоштани нома ба Хоқон ва пардохтани хостаҳои фаровон ба ӯ ҳамдостон шуданд, то бадомади ӯро кам кунанд ва даҳони ӯро бубанданд. Пас, номае навиштанд ва пардохти хостаро ба гардан гирифтанд.
Чун нома ба Хоқон расид, ба дархости онон посух гуфт ва дар Марв диранг кард ва расидани хостаҳоро баюсид. Ҳамон ҷо бимонд ва сипоҳиёнашро даста-даста кард ва чорпоёнро дар чарогоҳҳо раҳо сохт.
Яке аз корогоҳон назди Баҳром омад ва ӯро аз достон огох кард. Баҳром бо ёрон ба сӯйи Гургон равон шуд ва аз он ҷо ба Фасо рафт ва бо шитоб худро ба Марв расонд ва дар ҳангоме, ки Хоқон ором ва осуда ва аз ҳама чиз ноогоҳ буд ва дар он, ҷо хуш карда буд, дар лашкаргоҳаш бар ӯ шабехун зад ва бештари сипоҳиёнашро нобуд кард ва бо дасти худ Хоқонро кушт. Ва чорпоёну ҷангафзорашро ба ғанимат бурд ва занонро ба асирӣ гирифт ва бар кишвараш даст ёфт. Яке аз ёронро ба фармонравоии он гумошт ва аз он ҷо бо сари буридаи Хоқон ва афсару хостаҳои фаровон ба Озарбойҷон бозгашт ва фармон дод, ки афсари Хоқонро дар оташкада биёвезанд ва меҳинбонуи Хоқон ва канизаконашро ба хидматгории оташкада водошт.
Сипас, ба Мадоин бозгашт ва ба сафар поён дод ва бар тахт ҷо гирифт. Дӯстон шод шуданд ва душманон хор. Божҳо ба сӯйи ӯ омадан гирифт ва гирифториҳо рахт барбаст. Пас, барои созише, ки Қайсар пешниҳод карда буд, омода шуд ва бо ӯ бар ин поя, ки ҳар сол ду ҳазор ҳазор динор бипардозад, оштӣ кард. Ин ба ҷуз аз бахшишҳо ва армуғонҳо буд.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.