Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди саиди Қурбон

директори Китобхонаи миллӣҲамватанони азиз!
Ҳамкорони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти фаровон ҳар як фарди хирадсолору китобдӯсту китобхони кишварро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз ҷашнҳои динии мардуми мусулмон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ин иди муқаддас рамзи имон, эҳсон, ҳамдилӣ ва фидокорӣ буда, дар таҳкими ваҳдату якдилӣ, эҳтироми арзишҳои маънавӣ ва ҳифзи суннатҳои неки миллию диниямон нақши арзанда дорад.

Тавре ҳамаи мо медонем, имрӯзҳо кишвари азизамон дар тамоми ҷабҳаҳои корӣ пешрафтҳои беназирро соҳиб шуда, таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва Сарвари фарҳангсолори Тоҷикистон бо пешниҳодҳои худ дар сархати ахбори ҷаҳонӣ қарор дорад. Пешниҳодҳои глобалии Пешвои миллат, ки ба ояндаи неки башарият марбут аст, аз ҳар кадоми мо – аҳли Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо мекунад, ки дар ин масир бо ифтихору эҳсоси баланди масъулият кор карда, дар густарши фарҳангу адаби миллӣ ва тарғиби арзишҳои неки китобу китобдорӣ, ки як рукни муҳими сиёсати давлатии тоҷикон мебошад, саҳми бориз гузорем.

Имрӯз мову шумо огоҳ ҳастем, ки Тоҷикистон бо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти мутолеаи китоб мавриди таваҷҷуҳи фарҳангиёни олам қарор гирифта, ин чорабиниҳо барои рушди маънавияти кишвар ва мунавваргардонии афкори наврасону ҷавонон, ки ояндаи ин сарзамин мебошанд мусоидат мекунанд. Ҷалб шудани ҳаводорони китобу фарҳанг аз хориҷ ба озмунҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон далолат бар он аст, ки мо дар масири дуруст қарор дорем ва чун арзишҳои неки диниямон, афкори шоистаи миллию фарҳангиямон низ писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Иди Қурбон моро ба инсондӯстӣ, сабру таҳаммул ва ғамхорӣ нисбат ба муҳтоҷону ниёзмандон даъват менамояд. Бигзор руҳу маънавияти ин рӯзҳои муборак ҳар як хонаводаи тоҷикро фаро гирифта, сулҳу субот, файзу баракат ва саодати рӯзгорро пойдор нигоҳ дорад.

 Иди саиди Қурбон муборак!

Бо эҳтиром,

директори Муассисаи давлатии
“Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Файзализода Ҷ.Х.