Ваҳдат нафаси зиндагии   миллат

Ваҳдати миллӣВаҳдат як рамзи сулҳу оромист, Ваҳдат-ин нафаси  зиндагии миллат, пайванди дилҳост. Агар миллатро як бадан тасаввур кунем, пас Ваҳдат қалби он бадан аст. Бе он зиндагӣ маъно надорад.

Бо имзои  созишномаи сулҳ, Тоҷикистон ба сўи оромӣ ва  пешрафт раҳсипор шуд. Имрўз Тоҷикистонро тамоми ҷаҳониён чун кишвари амну субот, сулҳ ва оромӣ мешиносанд. Ин ҳама бо шарофати Ваҳдат ба даст омадааст. Имрўз кўдакони тоҷик бо хандаи беғам ба мактаб меравад, модар  бо оромӣ фарзандашро тарбия мекунад, ҷавонон бо умеди фардо дониш меомўзад.

Ин ҳама аз файзи Ваҳдати миллӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки бо забони сулҳ халқро гирди ҳам овард. Ў тавонист он  лаҳзаҳои ҳассоси таърихиро ба фурсати таърихӣ табдил диҳад. Бо имзои созишномаи сулҳ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, тоҷикон роҳи нав-роҳи Ваҳдат ҳамдигарбахшӣ ва рушди устуворро пеш гирифтанд

Ваҳдат бояд дар дил бошад, дар рафтор, дар гуфтор. Вақте мо  якдигарро гиромӣ медорем, ба забони якдигар эҳтиром дорем, ба фарҳанги якдигар арҷ мегузорем-ин Ваҳдати вақеист. Чӣ зебост, ки имрўз, натиҷаи он сулҳу ваҳдатро мо дар ҳар гўшаи Тоҷикистон мебинем. Мактабҳои нав, роҳхои мумфарш, беморхонаҳои замонавӣ, корхонаҳо, фарҳанг, варзиш ва илму техника-ҳама самараи Вахдати миллӣ мебошад.

Бигзор бошад ҳар нафас, саршор аз оромиву сулҳ,

Ҳар забон гўяд, сухан, бо муҳаббату фатҳ,

Даст ба даст, дил ба дил, мо равем роҳи саодат,

Миллати мутаҳидем, пояндаем то абад.

Агар  мехоҳем Тоҷикистон сабзу зебо боқӣ монад, пас бояд ҳар як  нафасамон бо эҳтиром, мухаббат пур шавад. Мо бояд бо тамоми ҳастиямон аз ин  арзиши  муқаддас ҳимоя кунем. Чун Ваҳдат на танҳо асоси сулҳу субот, балки меҳвари пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мост.

Сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ

Ойҷонгул  Давронова.