Зулфия Атоӣ: Баҳоронро чаро духтар нагўянд? (Дубайтиҳо)

Бидидам гўшворе, ханда кардам,

Харидам куртаворе, ханда кардам.

Ба тан курта, ба гўшам гўшворе,

Ба ҳарду хештанро банда кардам.

****   ****

Зани тоҷик, дареғо, хокрўб аст,

Ба пеши пои мардон мисли тўб аст.

Ҳаменўшад ниҳонӣ заҳри қотил,

Зи минбар гўяд ў: «Имрўз хуб аст».

****   ****

Зани тоҷик, зани пурсабри дунё,

Наменолад даме аз ҷабри дунё.

Битарсам, чун зи ҷонаш сер гардад,

Ба нохун меканад ў қабри дунё!

****   ****

Дареғо, шахси зан беэтибор аст,

Аз ин рў, ашки чашмаш шашқатор аст.

Ҳамон қавме, ки занҳояш канизанд,

Чӣ гуна сарбаланду растагор аст?!

****   ****

Агар рўде бихушкад, дод гўем,

Ба ашки шўри худ мо рў бишўем.

Бишуд дарёи шири модарон хушк,

Чаро тадбири ин дарё наҷўем?

****   ****

Сияҳзулфам бишуд ҷорўб, ҳайҳот,

Умеди дил бишуд саркўб, ҳайҳот.

Ба нўги панҷаам оташ гирифтам,

Дареғ, аз қисмати нохуб, ҳайҳот!

****   ****

Бубар чизат, маро озод бинамо,

Муҳаббатро макун бо сим савдо,

Зани озодфикру худшиносам,

Диле хоҳӣ, дили худро бубахшо!

Маро гуфтӣ, чаро зебо нагаштӣ,

Чаро чун Зуҳраю Узро нагаштӣ?

Ало кўри худу бинои мардум,

Чу Маҷнун худ чаро шайдо нагаштӣ?!

****   ****

Навин ёри ту бар сўзам наарзад,

Ба фарёди шабу рўзам наарзад.

Бидидам байти абрўи нигорат,

Ба як байти ҷигарсўзам наарзад.

****   ****

Зи ишқи ту дилам ғаш буд аз оғоз,

Надодиям чаро ёрои парвоз?

Бигуфтӣ, хатту холам дилрабо нест,

Чаро болам надидӣ, лўъбатакбоз?

****   ****

Ман аз шўру мағал ранҷида будам,

Зи гуфтори дағал ранҷида будам.

Бипурсидӣ, чаро узлатнишинам,

Зи ғавғои маҳал ранҷида будам.

****   ****

Туро ҳоло, ало қавми накўном,

Падар гашта якеву дигаре мом,

Вале чун волидон бисёр гаштанд,

Ту бекас мондаӣ чун тифли ноком.

****   ****

Ало, эй зан, ало виҷдони миллат,

Бувад андар кафи ту ҷони миллат,

Бигир охир дирафши ковиёнӣ,

Ки дар хобанд ин мардони миллат.

****   ****

Басе зан шуд, дареғо, мардпеша,

Ба фарқи сар занад ҳарфаш чу теша.

Магў ҳаргиз маро: «Мардона ҳастӣ»,

Занам, бигзор бошам зан ҳамеша!

****   ****

Бисўзам дар ғамони Оли тоҷик,

Илоҳо, нашканад шаҳболи тоҷик,

Агар ҷанги маҳал сомон наёбад,

Чӣ мегардад, Худоё, ҳоли тоҷик?!

****   ****

Ало, эй зан, «Қисас-ул-анбиё» хон,

Ҳадисе аз шукўҳи кибриё хон.

Ту устоди дабистони ҳаётӣ,

Зиёбахшо, китоби пурзиё хон.

****   ****

Ба ҳамдастӣ бихонӣ миллати хеш,

Ба сад парда бипўшӣ ҳилати хеш.

Ба ҷуз дарди худат дарде надорӣ,

Ало, эй бехабар аз иллати хеш!

****   ****

Дилам андар қафас фарёд дорад,

Зи дарде ҳар нафас фарёд дорад.

Маро се-чор кас бадном карданд,

Дил аз ин хору хас фарёд дорад.

****   ****

Наёбад раҳ хазон дар боғи фарзанд,

Набинад ҳеч модар доғи фарзанд.

Ҷигарбандам бирафту пас наёмад,

Намеоям ба худ ман то қиёмат…

****   ****

Ало Парвини ман, эй духтари ман,

Зари ман, зевари ман, ахтари ман.

Ба рўи чашми ту хоки лаҳад рехт,

Наосояд дигар чашми тари ман.

****   ****

Ало марде, к-аз ин манзил бирафтӣ,

Зим ман чун ёри ноқобил бирафтӣ.

Агар ман соҳиле будам, ту чун мавҷ

Бибўсидӣ лаби соҳил бирафтӣ…

****   ****

Диламро манзиле ҳасту маро дил,

Ҳамеша кори ман пайваста бо дил.

Намерафтам агар бо даъвати дил,

Куҷо ман будаму будӣ куҷо дил?!

****   ****

Дили ман сўз дорад, соз дорад,

Суруди дўстӣ оғоз дорад.

Кабўтарбаччаи навболи сода-ст,

Ки акнун ҷуръати парвоз дорад.

****   ****

Гуҳарро ҳеҷ гаҳ ахтар нагўянд,

Камарро ҳеҷ гаҳ ахтар нагўянд.

Вале аз ошиқон дорам суоле:

Баҳоронро чаро духтар нагўянд?

МАНБАЪ:  Зулфия Атоӣ: “Девони зулф”. Душанбе, “Адиб”, 2009.

Хоҳишмандон ин китоби хуби шоири хуби моро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Саломат Якубова,

сармутахассиси шуъбаи хизмарасонӣ

ба шахсони имконияташон маҳдуд.