Рӯзе бо нобиноён. Китобхонаи миллӣ Рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед”-ро таҷлил кард
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ахиран эълон кард, ки ҳоло дар оламе, ки мо зиндагӣ мекунем беш аз 36 миллион нафар пурра нобино буда, тақрибан 1,3 миллиард нафар бо мушкилоти гуногуни биноӣ ҳаёт ба сар мебаранд.
“ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД”- таҳти ҳамин унвон дар Китобхонаи миллӣ маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии нобиноён баргузор шуд.
Дар ин маҳфили босафову дилкаш роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ, шахсони хайрхоҳ, аъзоёни шуъба ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳамаи ҳозиринро хушомадед гуфт.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ зикр кард, ки гурӯҳи шахсони имконоти маҳдуддошта ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро аз ҷомеа ҷудо намекунанд. Маҳз бо пайрави ба сиёсати Пешвои миллат мо ҳамагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то тавонем лаҳзае хотири Шуморо шод гардонида бошем.
Имрӯз шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳамкорӣ бо шахсони хайрхоҳ ва ширкатҳои истеҳсолӣ Рӯзи байналмилалии нобиноёнро таҷлил карда истодааст ва талоши мо танҳо хотири шуморо шод кардан аст”- илова намуд, Муҳаммадиқбол Атозода.
Дар қисмати дигари маҳфил барномаи фарҳангии санъаткорон Садриддин Раҳимзода, Абдулмаҷид Бобоев, Манучеҳр Бобоев ва инчунин аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд Мавзунҷони Ғафурзод, Зарина Абдураҳимова ва Фарҳод Қодиров пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми маҳфил ҷониби сарпарастон аз ноҳияи Рашт, ширкати (pepsi) Пепси, ҶДММ “Фуд мастер” ва ҶДММ “Чикен” ба аъзоёни шуъбаи шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ тӯҳфаҳо ва маводи ғизоӣ дода шуд.
Хонандагон, маҳфилро бо рақсу суруд ва таъби болида, ки нишон аз рӯҳияи хуби онҳо буд, ҷамъбаст намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ пайваста маҳфилҳо баргузор карда мешавад ва ҳадаф танҳо хушҳолии эшон ва таваҷҷуҳи онҳо ба имконотҳои мавҷудбуда дар самти мазкур мебошад.
Бояд гуфт дар шуъбаи мазкур махсус барои шахсони нобино китобҳои брайлӣ (махсус барои шахсони нобино, ки тавассути ламс кардан хонда мешаванд )гирд оварда шудаанд ва хонандагон ҳамарӯза аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд.
Рӯзи “Асои сафед”. Ин ном аз куҷост?
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рӯзи нобиноён – рӯзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад. “Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид.
Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рузи “Асои сафед” эълон намуд.
Бино ба шаҳодати таърих соли 1921 як аксбардори ҷавоне бо номи Ҷеймс Биггс аз шаҳри Бристоли Британия баъд аз як садама нобино гардид. Баъдан вай барои роҳравӣ аз асои сиёҳ истифода мекард. Аммо дарёфт, ки ранги сиёҳ номаълум аст ва ронандагон онро намебинанд. Ин буд, ки Ҷеймс Биггс асои дасташро ранги сафед кард. Маҳз ҳамин амал ба тадриҷ ба рамзи умумиҷаҳонии шинохти нобиноён ва эҳтиром ба ҳуқуқи онҳо табдил ёфт.
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ахиран эълон кард, ки ҳоло дар оламе, ки мо зиндагӣ мекунем беш аз 36 миллион нафар пурра нобино буда, тақрибан 1,3 миллиард нафар бо мушкилоти гуногуни биноӣ ҳаёт ба сар мебаранд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот варобита бо ҷомеа