Рӯзе, ки аз китоб гуфтему аз китоб шунидем…

ҳадяи китоб Дар ин рӯзи мубораку фархунда ва офтобӣ гӯё баҳор моро аз файзу баракати худ огоҳ менамояд, роҳ сӯйи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтем. Саҳни ҳавлии ин Кумита бо як низоми атрогин ва зебо муназзам шудаву аз ҷавонпарвар будани ин идора огоҳӣ медиҳад. Дар даромадгоҳ моро хеле хуб пазируфтанд ва то қабулгоҳи Раиси он роҳнамоиямон карданд. Агар бигӯям чунин пазироӣ ва муносибату маърифати инсонгароӣ ва муоширати баланди Раиси Кумитаи ҷавонон Гулаҳмадзода Зулфиқор моро шефта кард хато нахоҳад буд.

Раиси Кумитаро бо Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб табрик намудем ва як туҳфаи хешро низ расонидем ва аз иқдомҳои Китобхонаи миллӣ дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат, махсусан дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ва китобхона чанд ҳарфе иброз намудем. Зулфиқор Гулаҳмадзода аз ин иқдоми мо изҳори  шодмонӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманду қавии Кумита ва Китобхонаи миллӣ ҳарфҳои пурмуҳтаво изҳор дошт ва аз нақшаву ҳадафҳои худ дар самти пиёда намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат дар самти китобхоннамоии ҷавонону наврасон ва ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон низ гуфт.

Шодиовар он аст, ки ҳангоми туҳфаи китоб ва шиносоӣ ба он калом Раиси Кумита аллакай аз мавзуъ муҳтавои китоби тақдимнамудаи мо огоҳӣ доштааст ва даҳҳо китоби дигаре, ки мо барои туҳфа ҳамроҳ доштем, онҳоро низ мутолиа намудаву андешаҳои пухтаву суфта ва бо тафаккури баланди инсонӣ ҳарфҳои хешро иброз медоштанд. Мо ҳайтаи кормандони Китобхона аввалин туҳфаи худро берун аз Муассиса ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданамонро дарк намуда, бе ҳикмат набудани роҳи тайнамудаамонро дарк намудем.

ҳадяи китоб Албатта, Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ба он муносибат миёни аҳли башар роҳандозӣ шудааст, ки то одамон тавонанд як китоби мутолианмудаи хешро ба одамони дигари бомутолиа тақдим намоянд ва бо ин роҳ иртиботи ахлоқӣ ва бомаърифатро миёни худ барқаро намоянд. Гулаҳмадзода Зулфиқорро мо низ ҳамчун як шахси бомутолиа дарёфем ва аз донишу фаҳмиш ва дарки баланди комили ӯ низ ба хубӣ ошноӣ пайдо намудем.

Раиси Кумита дар суханронии худ пайваста таъкид медошатнд, ки ҳаёти инсонро бидуни мутолиаи китоб тасаввур кардан имконнопазир аст. Суханҳои пандомӯз дар суханронӣ ин буд, ки ҷалби аҳолӣ, хусусан, ҷавононро ба китобхонӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии онҳо, азхуд кардани донишҳои нав, донистани таърихи халқу ватани худ мешунидему мо китобдорон худро танҳо ҳис намекардем. Бо ин ҳама маърифат, дониш ва хираде, ки Раиси ҳолои Кумитаи ҷавонон Гулаҳмадзода Зулфиқор дорад, ба боварӣ гуфта метавон, ки акнун роҳҳову самтҳои бисёрҷонибаи ин Кумита маҷрои тозаву шоиста касб намуда, бо будани чунин ҷавонон Тоҷикистони моро ояндаи дурахшону рушкарда ва ҷавонони бомаърифату содиқи Ватан ҳифзу зебо мегардонанд.

ҳадяи китоб Дигар аз даргоҳе, ки мо дарашро ба хотири ҳадяи китоб кубидем, ин Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин даргоҳ моро муовини якуми Кумита Фирӯза, Нуруллозода бонуи хушсимо, муаддаб ва боиффат хуш пазируфтанд. Хислатҳои наҷиб ва андешаронии муаллимаи азизро баъд аз тақдими китоб, ки хеле ором, ботамкин ва ботафаккур сухан мегуфтанд, шунидем. Муаллимаи азиз аз ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ бо Кумита низ хушҳолӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуданд.

Масири мо ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Раиси Кумита Муминзода Камолиддин бо чеҳраи кушода ва дили пурмеҳр моро пазироӣ карда, аз ҳадяи китоби мо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб хушҳол гардиданд. Муминзода Камолиддин дар суханронии худ ҳангоми ҳадяи китоб аз иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳандозии озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, ин иқдомҳоро шоистаи таҳсин хонд ва иброз дошт, ки бо ба вуҷуд омадани чунин иқдомҳову тарғиби китоб дар ҷомеаи Тоҷикистон дар воқеъ ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб гаравиданд ва шумораи хонандагони китобхонаҳо низ афзоиш ёфтанд. Раиси Кумита аз иқдомҳои худ дар масъалаи интишори китоб ва таҳияи анвои дигари ҷопӣ ёдовар шуда, барои тарғиби китобу китобхона ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакат аз ҳадафҳои хеш низ мубодилаи афкор намуд.

Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ

Ҳамин тавр, роҳи мо барои ҳадяи китоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ба сӯйи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тай шуд. Дар ин мақомот моро муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ пазируфта, дастовези ҳайати кормандони Китобхонаи миллиро қабул намуд.  Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо дониши фарох ва маърифати баланду таҷрибаи бой бо мо суҳбати самимӣ намуда, барои ҳарчи бештар тарғиб намудани китобу китобхонӣ миёни ҷомеа моил будани хешро иброз дошт.

Дигар аз муассисаҳову корхонаҳое, ки мо дар ин рӯз бо ҳадяи худ, яъне китобҳои хонданӣ ва пурмазмун иқдом намудем, ин Хонаи пиронсоли шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буданд.

Бо дастгирӣ ва роҳнамоии доимии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ чунин иқдомҳо ҳамеша ва пайваста роҳандози шуда, умедвории комил дорем, ки тамоми корхонау идораҳои давлатӣ барои рушди китобу китобхонӣ дар ҷомеа бо мо ҳамкории худро дареғ намедоранд.

ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ ДАР ДАСТИ ҶОМЕАИ КИТОБХОН АСТ, АГАР ҶОМЕА БОМУТОЛИА АСТ, ЯҚИН БОШЕМ, КИ МО ДАВЛАТИ АБАРҚУДРАТ ВА БОБАҚО ХОҲЕМ МОНД!
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ МУБОРАК ДӮСТОН ВА АЗИЗОН!

Мавзуна Орумбекова,
сардори шуъбаи
менеҷмент ва маркетинг